12:33:41 01-уми Июли 2025 сол

Имрӯз Душанбе соҳиби боз як дармонгоҳи замонавӣ мешавад

Ҳамин лаҳзаҳо дар маҳаллаи Зарафшони пойтахти кишвар қарор аст маросими ифтитоҳи Маркази саломатии шаҳрии рақами 14 бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.

darmongohi-nav 456556Аз оғози сохтмони бинои замонавии дармонгоҳ ҳудудан ду сол сипарӣ мешавад ва ҳоло баъди анҷом як сохтмони назаррабо, ки ба ҳусни маҳал ҳусни тоза зам кардааст, пеши назарҳо ҳувайдост. Маркази мазкур қаблан дар утоқҳои танги як бинои истиқоматӣ воқеъ дар маҳалли Испечак ҷойгир буд, ки ба талаботи замон ҳеҷ мувофиқат намекард.

Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори "Рӯзгор" иброз дошт, ки назири ин Маркази саломатӣ дар Тоҷикистон қаблан сохта нашуда буд. Он дорои ҳама шароитҳои дармонӣ буда, бо техникаи ҳозиразамони муоина, ташхис ва табобати беморон муҷаҳҳазонида шудааст.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ