15:55:58 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Писари собиқ додситони кулл ба маҳбаси сукунатӣ гузаронида шуд

Парвина Ализода, сухангӯи Раёсати муасисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон  2-уми  сентябр ба мо гуфт, Файзулло Бобохонов фарзанди додситони кулли пешин Бобоҷон Бобохонов тибқи таъиноти додгоҳи Синои пойтахт дар таърихи 29-уми август аз муасcисаи ислоҳии 3/7 ба муасисаи ислоҳии сукунатӣ интиқол дода шуд.

muassisai-islohoti-544545Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор давраи ҷазоии худро дар шароити маҳбаси сукунатӣ ҳудуди 1 солу 5 моҳу 18 рӯзи дигар  пушти сар хоҳад кард. «Шароити маҳбаси ислоҳи сукунатӣ ба ин шакл аст, ки Файзулло Бобохонов дар доихили он кор мекунад ва метвонад ба назди хонаводааш биравад ва дар вақти сабти номи маҳбусҳо дар маҳбас ҳозир бошад, шароити маҳбаси сукунатӣ озодатар аст», мегӯяд Парвина Ализода.

Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов, дар моҳи августи соли 2011 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи олии Тоҷикистон додситони собиқи ноҳияи Ҳисорро дар сӯъиистифода аз мақом, тамаъҷӯӣ ва тақаллуби аснод муҷрим донист. Файзулло Бобохонов моҳи июли соли гузашта, ҳамагӣ ним сол баъд аз бознишаста шудани падараш бо иттиҳоми ришвахоҳӣ, тақаллуби аснод ва тиҷорати ғайриқонунии замин боздошт шуда буд.

Файзулло Бобохонов ин ҷиноётро замони кораш дар ниҳодҳои мухталифи додситонӣ содир кардааст. Файзулло Бобохонов, молу мулки зиёд аз ҷумла чаҳор хона ва се мошини гаронқиммат доштааст, ки бо қарори мақомот муомилот бо ҳамаи ин амвол муттавақиф шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi