ГУЗАРГОҲИ "КОКУЛ" АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД
19.10.2011 20:57
1204
Гузаргоҳи «Кокул» воқеъ дар ноҳияи Фархор, ягона гузаргоҳи расмӣ, ки навоҳии минтақаи Кӯлобро бо Афғонистон мепайвандад, аз фаъолият бозмондааст. Ин наздиктарин гузаргоҳ барои кишоварзони минтақаи Кӯлоб буд, ки барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии худ аз он истифода мекарданд.
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ОБИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДУШАНБЕ
19.10.2011 20:56
1039
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ҷиҳати баррасии масоили обии Осиёи Миёна оғоз ба кор кард. Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
ҲИЛЛАРӢ КЛИНТОН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
18.10.2011 19:50
1111
Вазири умури хориҷии Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК – ҚАҲРАМОНИ ГӮШТИИ КАМАРБАНДИИ ҶАҲОН
18.10.2011 12:21
1115
Маҳмудҷон Миров, паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии камарбандӣ гардид. Ин сабқати ҷаҳонӣ бо ширкати 160 гӯштигир аз 19 кишвар дар пойтахти Қирғизистон-шаҳри Бишкек баргузор шуд.
"БРИТАНИЯ АЗ ШАРИКОНИ МУҲИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО АСТ"
18.10.2011 12:18
1107
Эмомалӣ Раҳмон Британияи Кабирро «аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо» хонд. Ин ҳарфи раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе зимни мулоқоти ӯ бо Алан Данкан, Вазири давлатии Британияи Кабир оид ба рушди байналмилалӣ садо дод.
МУЗОКИРОТ ДАР БОРАИ ГУШОИШИ ХАТТИ ҲАВОИИ ХУҶАНД-ТАБРЕЗ
17.10.2011 20:44
1084
Як ширкати ҷаҳонгардии шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон икдоме барои гушоиши хатти ҳавоӣ бо шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд кардааст. Дар ин бора, ба Би-би-сӣ Бобоҷон Икромов, раиси дафтари иқтисодии Эрон дар шимоли Тоҷикистон иттилоъ дод.
ҲУКМИ ЗИНДОНИ “АМИР” ВА СЕ АЪЗОИ ҲИЗБИ ТАҲРИР
17.10.2011 10:54
1124
Додгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард. Абдунабӣ Абдулқодиров, Иброҳимбек Маҳмудов, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов барои "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" ...
ҚАРЗИ ХОРИҶИИИ ТОҶИКИСТОН КАМЕ АФЗУДААСТ
16.10.2011 19:51
1206
Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябр ба 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки назар ба аввали сол 8 дар сад зиёд аст.
БОЗДОШТИ ДУ АФСАРИ МИЛИСА ДАР ХАТЛОН
16.10.2011 19:50
1241
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ду афсари баландрутбаи милиса дар ҷануби кишвар бо иттиҳоми ришвахор ва сӯистифода аз мақом ва талош барои қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд.
ДАР ЭРОН СЕ НАФАРРО БА ДОР ОВЕХТАНД
16.10.2011 19:49
1238
Дар Эрон имрӯз ду нафарро бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир як тани дигарро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсӣ ба дор овехтаанд.
БЕ РАББОНӢ. САРНАВИШТИ АФҒОНИСТОНУ МИНТАҚА ЧӢ ХОҲАД ШУД?
15.10.2011 14:20
993
Гурӯҳи коршиносон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе ин мавзӯъро ба баҳс гирифтанд. Сарнавишти Афғонистону минтақа баъд аз шаҳодати устод Бурҳонуддини Раббонӣ чӣ хоҳад шуд? Барои посух ёфтан ба ин суол Анҷумани байнулмилалии “Афрӯз” ва нашрияи мустақили “Миллат” ҳамоишеро баргузор ва гурӯҳи бузурги коршиносону намояндагони сафоратхонаҳоро гирди ҳам оварданд.
ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН БА АНВАР ЮНУСОВ
15.10.2011 13:23
1207
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи як маҷмаи варзишӣ дар шаҳри Душанбе ба Анвар Юнусов, муштзани тоҷик мошини сабукрав тақдим кард. Анвар Юнусов ҳафтаи гузашта дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку, маркази Озарбойҷон, соҳиби медали биринҷӣ шуд ва ҳамзамон роҳхат ба Олимпиадаи Лондон–2012-ро ба даст овард.
ДАРГУЗАШТИ ЮСУФ АКОБИРОВ, НАВИСАНДАИ ТОҶИК
12.10.2011 22:09
1286
Шаби гузашта Юсуф Акобиров, румоннависи тоҷик дар синни 75 солагӣ, бар асари бемории тӯлонӣ даргузаштааст. Юсуф Акобиров, дар тӯли як соли ахир, баъд аз пушти сар кардани сактаи мағзӣ бистарӣ будааст. Вай рӯзи чаҳоршабеи 12 октябр дар гӯристони Сари Осиё дар паҳлӯи қабри модараш ба хок супурда шуд.
ҒАФФОР МИРЗОЕВ ТАҲДИД БА ГУРУСНАНИШИНӢ КАРД
12.10.2011 15:41
1385
Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентӣ таҳдид ба гуруснанишинии бемӯҳлат кардааст. Оиша Мирзоева, хоҳари бузурги Ғаффор Мирзоев аз қавли бародараш гуфтааст, ки агар то як моҳи дигар хостаҳои ӯ бароварда нашавад ...
ИНФИҶОРҲОИ БАҒДОД ЧАНДИН КУШТА ВА ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ
12.10.2011 15:38
1237
Вуқӯъи як риштаинфиҷор дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дастикам чаҳордаҳ кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузоштааст.