ПОНЗДАҲ ДАР САДИ КОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОР МОНДАНД
04.08.2012 18:46
1064
Имсол аз фаъолият бозмондани понздаҳ дар сади корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боиси 700 миллион сомонӣ кам истеҳсол гардидани маҳсулоти саноатӣ гардид.
СЕСАД САРБОЗИ ҲУКУМАТӢ ХОРУҒРО ТАРК КАРДАНД
03.08.2012 16:45
1126
Тибқи иттилои як манбаи мӯътамад, аз дирӯз то ба имрӯз ҳудуди 300 тан аз сарбозони вазорати дифоъ ҳудуди Бадахшонро тарк кардаанд. Ин сарбозон рӯзи 22-юми июли соли равон барои анҷоми амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст ...
ГАЗИ МОЕЪ ҶОИ БЕНЗИНРО МЕГИРАД
03.08.2012 16:42
1103
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯянд, афзоши воридоти гази моеъ талаботи Тоҷикистонро ба дигар намуди сӯзишворӣ кам кардааст.Тавре аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ҳоло талабот ба бензин мисли пештара ...
МУСОДИРАИ МИҚДОРИ ЗИЁДИ АСЛИҲА ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
03.08.2012 16:37
1100
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод дар вилояти Бадахшон миқдори зиёди аслиҳа мусодира кардаанд. Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин вазорат, рӯзи якуми август дар шаҳри Хоруғ шумори зиёде аз ҷавонони “гумроҳзада” муҳимоти ...
ТОҶИКИСТОН БА "ДУШМАНИ ИНТЕРНЕТ" ТАБДИЛ МЕЁБАД?
03.08.2012 16:32
1036
Созмони RWB гуфтааст, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст. Изҳороти RWD ё Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс” ...
ҶАРИМА БАРОИ ДИПЛОМФУРӮШӢ
03.08.2012 16:17
1018
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8 нафарӣ, аз ҷумла ду муаллими Донишгоҳро дар қаллобӣ ва таҳияву фурӯши дипломҳои сохта гунаҳкор донист ва аз 14 ҳазору 600 то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кард.
ОХИРИН ХАБАРҲО АЗ ХОРУҒ - ИҶОЗАИ ВУРУДИ ХАБАРНИГОРОН БА БАДАХШОН
02.08.2012 11:05
1305
Бар асоси тавофуқоти миёни давлат ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳозир дар Бадахшон, танҳо 500 нерӯи низомӣ дар шаҳри Хоруғ мустақар шуда ва дигар нерӯҳо ба қароргоҳҳои доимии худ бозхоҳанд гашт. Ба гузориши хабаргузории Форс, як мақоми аршади низомии Тоҷикистон ...
ИЗҲОРОТ ОИДИ ДАСТРАСӢ БА СОМОНАҲОИ ИТТИЛООТИИ ИНТЕРНЕТӢ ВА YOUTUBE
02.08.2012 11:02
1125
Сафорати ИМА оиди баста шудани якчанд сомонаи иттилоотии Интернетӣ ва Youtube изҳори нигаронии ҷиддӣ менамояд.Иёлоти Муттаҳида итминон дорад, ки ҳуқуқи ҳар як фард ба изҳори озодонаи нуқтаи назари худ, чӣ дар майдони оммавӣ ё чи дар Интернет ...
НУРИДДИН ШАМСОВ - САФИРИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМРИКО
31.07.2012 22:13
1533
Раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони нави ин кишвар дар Иёлоти Муттаҳида, Австрия ва Ҷопону Куриёро таъйин кард.
АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ: 61 МИЛЛИОН СОМОНИИ ДУЗДӢ БА ДАВЛАТ БАРГАРДОНДА ШУД
31.07.2012 12:52
1776
Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо гузаронидани 612 тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишвар зарари молиявиро дар ҳаҷми беш аз 100 миллион сомонӣ ошкор намуданд.
ҲНИТ КУШТА ШУДАНИ САБЗАЛӢ МАМАДРИЗОЕВРО ТАСДИҚ КАРД
29.07.2012 17:21
1175
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев, раиси шӯъбаи ин ҳизб дар Хоруғро таъйид намуд.Торнамои расмии Ҳизби Наҳзати Исломӣ рӯзи якшанбе, 29-уми июл, навишт, яке аз аъзои ин ҳизб дар Бадахшон хабари шаҳодати Сабзалӣ ...
ВКД: "ТУФАНГЧАЕ, КИ САФАРОВРО КУШТ, ПАЙДО ШУДААСТ"
28.07.2012 22:54
1354
Вазорати корҳои дохилӣ аз пайдо шудани туфангчае, ки барои куштори Холмӯъмин Сафаров истифода шудааст, иттилоъ дод.Ба қавли ин манбаъ, туфангчаи тамғаи "Макаров", ки аз он шахси номаълум ба қисмати рӯй, қафаси сина ва шиками раҳбари хоҷагии ...
РАИСИ БАХШИ ҲНИТ ДАР БАДАХШОН КУШТА ШУДААСТ
27.07.2012 22:00
1200
Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон дар амалиёти низомии давлат алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ кушта шудааст. Сабзалӣ Мамадризоев рӯзи 24 июл дар ҷараёни ин амалиёт дар маҳаллаи мавсум ба УПД, маҳалли зисташ, дар асари исобати гулӯла ҷони худро аз даст додааст.
ВАЗОРАТИ ХОРИҶИИ РУСИЯ: "БА ПОМИР НАРАВЕД"
27.07.2012 15:15
1141
Вазорати умури хориҷаи Русия аз шаҳрвандони ин кишвар, ба вижа аз алпинистҳо ва сайёҳон тақозо кардааст, ки ба минақаи Помир нараванд.
РАИСИ ҶУМҲУР: "АЗ АМАЛҲОИ ИҒВОГАРОНА ҶИЛАВГИРӢ КУНЕД!"
27.07.2012 10:26
1107
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвогарона дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми панҷшанбе аз тариқи телефон гузориши раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ва раҳбарои...