00:22:06 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чин ба бозори матбуоти Тоҷикистон ворид мешавад

Имрӯз, ҷумъаи 31 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии маҷаллаи чинии «Контимост» баргузор гардид. Хабарнигори мо, ки дар маросими муаррифии ин маҷаллаи чинӣ ширкат дорад, гуфт, «ин маросим бо ширкати мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва масъулони сафорати Чин дар Душанбе ва ноширони ин маҷалла сурат гирифт.»

kontimost-31052013Дар ин маросим таъкид шудааст, ки нашри ва паҳн шудани ин маҷалалаи чинӣ омили густариши ҳар чӣ бештари равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин хоҳад гардид. Маҷалла моҳе як бор ба забони тоҷикӣ ва бо теъдоди 3 ҳазор нусха нашр мегардад, ки густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои ҳамсоягии Тоҷикистону Чин дар меҳвари матолиби он қарор дорад. Масъулияти чопи ин маҷалларо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бар дӯш хоҳад дошт, аммо маблағгузории он аз сӯи Чин сурат мегирад.

Муаррифии ин маҷаллаи чинӣ дар ҳолест, ки масъалаи нашри он дар Тоҷикистон ва ба хусус бо забони чинӣ ҳанӯз як соле пеш миёни мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ҳайати ин маҷалла дар шаҳри Душанбе матраҳ шуда буд ва созишномаи дуҷониба низ дар ин замина ба имзо расидааст.

Ян Говэй, сардабири маҷаллаи «Контимост» ва ҳамзамон ва мудири «Нашрияи иқтисодии Шинҷон» ва муовини Анҷумани кормандони расонаи Чин гуфта буд, ки онҳо ният доранд то ҳар чӣ зудтар маҷаллаи «Контимост»-ро дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ ба чоп расонанд ва онро паҳн кунанд. Ин буд, ки шумораи нахустини маҷаллаи «Контимост» бо дархости ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 20- умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон нашр гардид.

Зимнан, маҷаллаи «Контимост», ки аз ҷумлаи даҳ расонаи маъруфи чинӣ дар хориҷи ин кишвар аст, бо забони русӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чоп мешавад. Бозтоби ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавзӯи меҳварии ин маҷалла мебошад.То кунун ин маҷалла дар Қирғизистон чопи густарда доштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi