11:58:32 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷузъиёти "сӯҳбат"-и муфаттиши КДАМ бо Рамзия Мирзобекова

Муовини сардабири “Азия- Плюс” Рамзия Мирзобекова мегӯяд, дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ӯ дар бораи ҳаводиси Хоруғ, қазияҳои Димон Ашӯров ва Зайд Саидов ва ҳам аз эътилоф барои демократия суол кардаанд. Ноиби сардабири “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова баъд аз мулоқот бо муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба мо гуфт, ин гуфтугӯ ним соат идома кард.

ramziya 29052013Ӯ тафсилоти ин "сӯҳбат"-ро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр карда, аз ҷумла навиштааст, ки бо ӯ дар шӯъбаи амнияти ноҳияи Исмоили Сомонӣмуфаттише бо номи Муҳаммад Меликов сӯҳбат кард ва нафари дигаре ҷараёни сӯҳбатро сабт мекард. Ба навиштаи Мирзобекова, муфаттиш гуфтааст, ки ӯ дар ҷараёни кори хабарнигориаш, аз ҷумла дар инъикоси ҳаводиси Хоруғ, ба масоиле ҳам даст задааст, ки метавонанд ба амнияти миллӣ таъсир кунанд ё осеб расонанд.

Муфаттиш аз ҷумла гуфтааст, ки гӯё Рамзия Мирзобекова хешовандони Димон Ашӯровро, ки рӯзи 10 май аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар ҳаводиси Хоруғ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, ба ташкили гирдиҳамоии эътирозӣ даъват кардааст. Аммо вақте хабарнигор аз муфаттиш исбот хостааст, ӯ гуфтааст, ки ин далелҳоро баъдан барояш хоҳанд гуфт.

Рамзия Мирзобекова менависад, ки мавзӯъи дигари "сӯҳбат" узвияти ӯ дар Эътилоф барои демократия буд. Аз ӯ пурсидаанд, ки оё ташкили чунин созмонҳо кишварро дубора ба беназмиҳои авоили солҳои 90 нахоҳад кашонд?

Мирзобекова гуфтааст, ки ба ақидаи ӯ, чунин созмонҳо баръакс аз эҳтимоли такрори он ҳаводис ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи хабарнигор, муфаттиш ҳамчунин пурсидааст, ки оё наметарсад, ки нирӯҳои хориҷӣ метавонанд аз "қалами бурро"-и ӯ барои манофеъи сиёсии худ истифода кунанд? Ӯ ҳамчунин назари Мирзобекова дар бораи қазияи Зайд Саидовро пурсида, гуфтааст, ки дар атрофи ин қазия сару садо зиёд аст, дар ҳоле ки "бе вуҷуди далоили ҷиддӣ фягон касро ба масъулияти ҷиноӣ кашондан имкон надорад." Мирзобекова посух додааст, ки дар шароити кишвари мо ва "адолати додгоҳӣ"-е, ки мо дорем, ҳар кор имкон дорад. Дар поёни сӯҳбат ба ӯ гуфтаанд, ки дубора даъваташ хоҳанд кард.

Худи Рамзия Мирзобекова ҳанӯз шоми сешанбе гуфта буд, ки шояд маҳз узвияташ дар гурӯҳи нави фейсбукии «Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» сабаби ин даъват шуда бошад. Ин гурӯҳ дар ҳоли ҳозир зиёда аз 500 узв дошта, хостори баргузории интихоботи озоду одилона дар  Тоҷикистон аст. Даҳҳо афроди саршинос, ба шумули сиёсатмадорон ва журналистон, узви ин эътилоф шудаанд.

Рамзия Мирзобекова ба мо гуфта буд, муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нахуст рӯзи 28-уми май аз ӯ хостааст, барои "сӯҳбат" ба ин идора ояд. Аммо пас аз он ки Мирзобекова санади расмии чунин даъватро тақозо намуд, барояш “повестка” ё даъватнома расонда шуд. Дар ин даъватнома омадааст, ки журналист рӯзи 29-уми май, соати 9 ба идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳозир шавад.

Рамзия Мирзобекова аз хабарнигори матраҳи тоҷик аст, ки дар гузашта бо мақомоти аршади як раёсати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон вориди баҳси додгоҳӣ шуд ва ғолиб омад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi