15:33:04 18-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАИСИ ШӮРОИ ВАО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИВАЗ ШУД

Дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи Шӯрои Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он беш аз 40 нафар вакил аз созмону ташкилотҳои рӯзноманигории кишвар ширкат карданд.

/images/stories/2012/12/01_raisivao-301112.jpgДар оғози ҷаласа раиси Шӯрои ВАО ҶТ Зинатуллоҳ Исмоилов аз кори яксолаи ин ниҳод ба вакилони ин ҳамоиш ҳисобот дод. Чуноне, ки ӯ иброз дошт, Шӯрои ВАО дар тӯли як сол корҳои муайянеро ба иҷро расонд. Азҷумла чандин мавриди ихтилоф ва низоъи  байни нашрия ва муштариёнро дар марҳилаи то ба суд расидан, бо роҳи маслиҳату баҳамомаданҳо мусолиматомез ҳаллу фасл кардааст.

Дар ҳамин ҳол дар давоми сол буданд мавориде, ки баъзе рӯзноманигорон ва нашрияҳои ҷудогона одоби журналистиро нақз мекарданд. Ин масъала низ мавриди баҳсу мунозираи байни вакилони ин нишаст қарор гирифт.

Дар ин ҷаласа раиси Ассосиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили ҶТ Нуриддин Каршибоев иброз дошт, ки соли гузашта ниҳоде, ки сарвариашро ба ӯҳда дорад, беш аз 100 мавриди нақз шудани ҳуқуқи журналистонро аз сӯи мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ба қайд гирифтааст.

Дар ин ҳамоиш бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ба ҷои се нафар аъзои ваколаташон ба поёнрасида 3 аъзои нави Шӯро интихоб карда шуд. Сипас 9 нафар аъзои Шӯро дар ҷаласаи худ устоди факултаи журналистии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, рӯзноманигори маъруфи кишвар Қироншоҳ Шарифзодаро ба ҳайси раиси Шӯро интихоб намуданд.

Дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО ҶТ Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи масоили байналмилалӣ ва робита бо ҷомеъа дар Маҷлиси Намояндагони МОТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кард.

Муштариёни гиромӣ, хабарнигори сомона лаҳзаҳоеро аз ин ҷаласа аксбардорӣ кардааст, ки аз «Гӯшаи акс»-ҳои «Рӯзгор» онҳоро метавонед тамошо кунед.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi