22:44:23 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

ЧАРО ҶОИЗАИ ЛОҲУТӢ ДАР ИДИ МАТБУОТ ТАҚДИМ НАШУД?

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон кард. Барои аввалин бор аз замони таъйин шудани рӯзи 11-уми март ба унвони Рӯзи матбуоти тоҷик, ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ, ки муҳимтарин ҷоизаи журналистон маҳсуб мешавад, дар ин рӯз тақдим нашуд ва эътои он ба таъхир афтод.

matbuotБа ҳар ҳол ҳамин тавр барои аввалин бор ҳамзамон 10 нафар барандаи ин ҷоиза шудаанд. Аз ҷумла хабарнигори «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзод барои бознашри силсилаи мусоҳибаҳои худ дар ҳафтаномаи «Фараж» сазовори Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дониста шудааст. Ҳамчунин, хабарнигори шабакаи телевизонии Тоҷикистон Абдулғаффори Камол, сардабири нашрияи "СССР" ва собиқ команди радиои «Озодӣ» Саёфи Мизроб, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ ва феълан сухангӯи ширкати "Талко", Игор Сатторов, аз ҷумлаи барандагонанд.

Имсол номи барандагони ҷоиза бо гузашти панҷ рӯз аз баргузории ҷашни матбуот эълон шуд. Ин дар ҳоле буд, ки бархе аз манобеъ гуфтанд, эътои ҷоизаҳои Лоҳутӣ, қарор буд дар расми таҷлил аз 100-солагии “Бухорои шариф” бо ҳузури президенти Тоҷикистон тақдим мешуд. Аммо ба далели дар рӯйхати барандагони ҷоиза ҷой доштани исми афроде, ки ба мақомот маъқул нест, масъулони давлатӣ аз додани ин ҷоизаҳо дар ҳузури раиси ҷумҳур сарфи назар кардаанд.

​​Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистн (ИЖТ) ин иддаоҳоро қатъиян рад кард ва гуфт, ки аз қабл қарор шуда буд, ки ҷоизаҳои Лоҳутӣ дар маросими хос супурда шаванд: «Ман он матлаби интернетиро дидам, аслан ҳар касе навиштааст, нодуруст навиштааст, зеро чунин сӯҳбате бо намояндаи дастгоҳи президент набуд. Мо аз қабл маслиҳат карда будем, ки азбаски ҷоизаҳои давлатӣ зиёд шуду ҷоизаи Лоҳутӣ ҷоизаи хоси ИЖТ аст, ба ҳамин қарор омадем, ки ИЖТ дар маҳфили худи журналистон ҷоизаи Лоҳутиро бисупорад. Азбаски мулоқот расмӣ буд, мо нахостем ҷоизаи мо он ҷо супурда шавад. Ва мо ба сурати ҷудогона ин ҷоизаро месупорем.»

Ахиран расонаҳои хориҷӣ ва дохилӣ навиштанд, ки бархе аз журналистони саршиноси тоҷик имкони ҳузур дар ҷашни 100-солагии матбуотро бо ширкати раиси ҷумҳур пайдо накарданд. Хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ, ки сабти номи расмӣ дар Тоҷикистон доранд, ба ҷуз аз Русия ба ин мулоқот роҳ наёфтанд. Собиқадори журналистикаи тоҷик Олег Соболев ба Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон занг зада, шикоят кардааст, ки ӯро дар канор гузоштаанд. Ҳамин тавр чанде аз чеҳраҳои дигари саршиноси журналистикаи тоҷик, ки саҳмашон дар рушди ин соҳа ғайри қобили рад аст, ба иди худ даъват нашуданд.

Аммо ба эътои ҷоизаи Лоҳутӣ, ки барандагони он дар соли равон маълум шудаанд, ба сурати яксон назар намешавад. Бархе ҳам ба ин назаранд, ки ин ҷоиза низ мисли ҳамаи ҷоизаҳои дигари боқимонда аз аҳди шӯравӣ боқӣ мондааст ва умри худро ба сар овардааст. Ва ба сурати плонӣ ба журналистон дода мешавад, то барои истеъдод. Масалан, дар назарахоҳиҳои аксари марказҳо ва расонаҳо чандин журналисти зан, аз ҷумла Рамзия Мирзобекова, дар соли гузашта беҳтарин журналист унвон шуд, аммо ин ҷоизаро ба худ ихтисос надод. Масъалаи дигари ин ҷоиза он аст, ки ИЖТ соҳиби ин ҷоиза ва комиссияи эътои он ба ҳар навъе моил ба давлат ва итоатпазир аз мақомот ҳастанд.

​​Коршиноси тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода мегӯяд, ин ҷоиза воқеъияти имрӯзи журнализм ва расонаҳои Тоҷикистонро бозтоб намекунад: «Меъёри баҳогузорӣ ба ин ҷоиза паст, сатҳи он пасттар ва эътибораш гум шудааст. Барои он, ки бо меъёри пӯсидаву куҳнаву шахшудаи шӯравӣ дода мешавад. Барои истеъдодҳои ҳақиқӣ ва барои касоне, ки кору заҳмат кашидаанд, дода намешавад, дар аксари вақт. Ин ҷоиза аз рӯи он меъёр дода мешавад, ки фалонӣ аз фалон ноҳия ва фалонӣ аз фалон гурӯҳ бояд ин ҷоизаро бигиранд. Пеш барои ворид шудан ба энсиклопедияҳо ин ҷоизаҳо лозим буданд, ҳоло худи ҳамон энсиклопедияҳо ба касе лозим нест.»

Бо ин вуҷуд, ҳоло раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боз ин пешниҳодро ироа кардааст, ки як ҷоизаи давлатии ба номи Садриддини Айнӣ низ барои журналистон таъсис шавад. Дар маҷмӯъ, дар соли ҷорӣ даҳ тан аз хабарнигорони кишвар барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шудаанд.

(Барандагони имсолаи Ҷоизаи Лоҳутӣ: Абдуқаюми Қаюмзод (“Озодӣ”), Абдуғаффори Камол (шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо”), Фирӯза Саидова (Радиои давлатии Тоҷикистон), Сайёфи Мизроб (сардабири “СССР”), Зафар Саидов (телевизони “Сафина”), Ҷумъа Қувват (нашрияи “Нури Нуробод”), Гавҳар Умарова (Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои Турсунзодаи Тоҷикистон), Игор Сатторов (ҳафтаномаи “Алюминийи Тоҷикистон”), Солеҳбой Дадабоев (нашрияи “Ҳақиқати Суғд”) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи "Истиқлол")

Номи Игор Сатторов дар рӯйхати барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ бархеро ба ин фикр водор крадааст, ки шояд сармоягузори ин ҷоиза ширкати "Талко" бошад, аммо масъулони ширкат чунин даъвоеро рад кардаанд.

Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори нашрияи "Миллат" соли гузашта ба далели он, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон яке аз сармоягузорони Ҷоизаи Лоҳутӣ буд ва даъвои додгоҳии иин вазорат алайҳи ин нашрия матраҳ буд, аз гирифтани ҷоиза даст кашид. Ба ҳар ҳол маросими эътои ҷоизаҳои Лоҳутӣ қарор аст, рӯзи 17-уми март баргузор шавад.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi