17:06:50 08-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НАШРИ ВИЖАИ ҲАФТАНОМАҲО ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ МАТБУОТ

Ду ҳафтаномаи Тоҷикистон шумораҳои навбатии худро ба теъдоди бесобиқа дар таърихи матбуоти кишвар нашр хоҳанд кард. Ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва "Озодагон тасмим гирифтаанд, ки шумораи навбатии худро дар ҳаҷми 100 ва 40 саҳифа ба табъ расонанд. Сардабирони нашрияҳо мегӯянд, ин тасмими ғайриоддӣ ба муносибати 100 -солагии матбуоти тоҷик гирифта мешавад, ки рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.

sharqi-ozodСаймуддин Дӯстов, сарвари Шӯрои муҳаррирони ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегӯяд, шумораи вижа як тарҳи нашрия аст, ки як моҳ ба ин сӯ омода мешавад: «Худи он тарҳе, ки мо омода кардем, тақрибан аз 9 матлаби таҳқиқотӣ дар бораи рӯзноманигории Тоҷикистон, ки то ​​имрӯз нашр нашуда буданд ва ҳамчунин мақолаҳои чеҳраҳои таъсиргузори матбуоти миллӣ иборат аст. Ин мӯҳтаво моро маҷбур кард, ки нашрияро дар ҳаҷми сад саҳифа ба чоп диҳем.»

Зафар Сӯфии Фарғонӣ, сардабири «Озодагон» мегӯяд, шумораи вижа як гуна ифтихор ва арҷгузории он аст, ки якасрагии матбуоти тоҷик маҳз ба насли имрӯзи рӯзноманигорони тоҷик тақдир кардааст: «Талош кардем то қадри имкон бархе матолиберо, ки то имрӯз нашр нашудаанд, нашр кунем. Ҳамчунин шумораи аввали «Бухорои «Шариф» - аввалин нашрияи тоҷикиро бо хатти сириллик ва ҳам матолиби беҳтарини ҳафтаномаҳоеро, ки ҳамчун меросбари ин нашрия дар Тоҷикистон чоп шуданд, пешкаши хонандагон кунем.»

Дар ҳамин ҳол, нашри ҳафтаномаҳо бо ҳаҷми бузург ҳазинаи зиёд мехоҳад. Ба қавли як корманди матбаа, хароҷоти он беш аз 10 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. ​​Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо нашрияи «Азия-плюс» дар ҳаҷми 48 саҳифа ҳар ҳафта ба нашр мерасад, ки хароҷоташро умдатан аз ҳисоби рекламаву эълонҳо мепӯшонад.

Аммо сардабирони «Нигоҳ» ва «Озодагон» мегӯянд, хароҷоти шумораи вижаи онҳо аз ҳисоби худи нашрияҳо пӯшонида мешавад. Ҳамчунин Саймуддин Дӯстов мегӯяд, рӯзи 11-уми март барои бозоргир кардани ин шумораи нашрияи «Нигоҳ», як бозии бурднокро ҳам барои муштариён роҳандозӣ хоҳад кард.

Нашри ду ҳафтаномаи Тоҷикистон дар ҳаҷми бузург ҳам дар ҳолест, ки имрӯзҳо кормандони Кумитаи андоз дар идораҳои нашрияҳо ва чопхонаҳои мустақили кишвар тафтиши навбатиро сар кардаанд.

Фарҳоди Миллод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi