16:48:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҶЛИЛ АЗ 100-УМИН СОЛГАРДИ ЧОПИ НАШРИЯИ "БУХОРОИ ШАРИФ"

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи матбуъоти миллӣ, ки бо 11 март мусодиф аст, ҳамоише илмӣ зери унвони "Бухорои шариф" ва ташаккули матбуъоти тоҷикӣ" баргузор шуд. "Бухорои шариф" нахустин нашрияи форсӣ буд, ки 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро мунташир шуд ва дар Тоҷикистон аз ин рӯ ба унвони "Рӯзи матбуъоти миллӣ" ҳамасола таҷлил мешавад.

bokhara_sharifДар ин ҳамоиши илмӣ донишмандон, муаррихон ва рӯзноманигорон дар мавзӯъоти мухталиф, бавижа муҳтаво, забон, рисолат ва шароити нашри рӯзномаи "Бухорои шариф" суханронӣ карданд. Нахустин рӯзномаҳо ба забони форсӣ дар ҷаҳон бо номи "Ҷоми Ҷаҳоннамо" ва "Миръот-ул-Ахбор" дар соли 1822 дар Ҳинд ба нашр расидаанд. Ва дар соли 1907 дар Эрон, 90 номгӯ рӯзнома ба забони форсӣ ба чоп мерасид ва нахустин рӯзнома барои занон дар ин кишвар дар соли 1911 нашр шуда буд.

Аммо Тоҷикистон рӯзи матбуъоти худро ба нахустин рӯзи нашри рӯзномаи "Бухорои шариф", нахустин рӯзномаи форсизабон дар Фароруд ё Осиёи Миёна вобаста кардааст, ки дар соли 1912 чоп шуда буд. Қабл аз ин, дар соли 1830 дар Қафқоз низ рӯзномае форсизабон таҳти унвони "Фарсийские ведомости" чоп мешуд, вале ду сол баъд, дар соли 1832, ин рӯзнома ба нашрияе ба забони туркии озарбойҷонӣ табдил ёфта "Вести с этой стороны Кавказа" ном гирифт.

Дар ин кунфронс гуфта шуд, ки ин амр ба далели "сиёсатҳои миллигарои тоторҳо" анҷом шуда буд. Ширкаткунандагони нишасти Донишгоҳи миллӣ дар Душанбе дар бораи вазъи сиёсии замони оғози фаъъолияти нашрияи "Бухорои шариф" суханронӣ карданд. Таъкид шуд, ки равшанфикрони тоҷики вақт, ки онҳоро "ҷадидҳо" мегуфтанд, таҳти таъсири идеулужии понтуркистӣ воқеъ шуда буданд, вале ба бовари бархе аз донишмандон, бо вуҷуди ҷой доштани сиёсатҳои понтуркистӣ ин афрод бар мардуми минтақа бештар суд овардаанд, то зиён.

Муртазо Зайниддинов, муҳаққиқи адабиёт, дар ин бора гуфт: "Вуҷуд доштани понтуркисмро мо инкор карда наметавонем. Лекин бо ҳамин раванд нашри рӯзнома, ташкили мактабҳо ва матбаъаҳо барои нашри китоб низ оғоз шуд, ки бояд иқрор шавем, ки паҳлуи хубиаш барои пешрафти мо бештар будааст."

Оқои Зайниддинов дар ин ҳамоиш ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба муносибати 100-умин солгарди нашри нахустин рӯзномаи форсӣ дар Осиёи Миёна ва "Рӯзи матбуъоти Тоҷикистон" дар саҳни Хонаи матбуъот як лавҳи ёдгории муҳташам аз нашрияи "Бухорои шариф" шавад. Зимнан, дар кунфронс таъкид бар ин шуд, ки маҳфуми миллат аз замони Иморати Бухоро то замони муъосир табдили маъно кардааст.

Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи дигар, ки солҳои зиёде нашрияи "Бухорои шариф" мавзӯъи аслии таҳқиқоти ӯ будааст, мегӯяд: "Дар ин нашрия мавзӯъи миллатгароӣ ба маънои ба ҳам овардани мардуми мусулмон буд. Дар ин нашрия аз иборати "миллати Бухоро" кор мегирифтанд."

Вай меафзояд, ки ҳадафи ниҳоӣ барои рӯзнома ва равшанфикрони он замон таъсиси ҳаракати миллӣ ва озодихоҳӣ буд. Ӯ мегӯяд: "Гаравидани равшанфикрони мо ба баъзе равандҳо, ки имрӯз мо онҳоро лаънат мехонем, дарвоқеъ ҳадафашон пешрафт ва ободии кишвар буд. Ҳадафҳояшон бисёр бомулоҳиза ва дурандешона буд."

Бо ин ҳама, дар суханрониҳои нишасти марбут ба нашрияи "Бухорои шариф" ба ин нукта низ ишора шуд, ки он замон сонсури ақида ва озодии баён вуҷуд доштааст. Муҳаққиқон бо истинод ба мақолаҳои он давр таъкид карданд, ки Русияи подшоҳӣ бештар аз амир аз нашри рӯзномаҳо норозӣ будааст.

Аз нашри нахустин рӯзномаи форсизабон дар Осиёи Миёна, ки он замон ба хатти форсӣ чоп мешуд, сад сол сипарӣ мешавад, аммо сонсур дар минтақа ва Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад. Ҳарчанд созмонҳои байналмилалалии мудофеъи ҳуқуқи башар борҳо аз саркӯб шудани нашрияҳо ва рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд, вале масъулони Донишгоҳи миллии ин кишвар аз вазъи кунунии матбуъот ибрози ризоят мекунанд.

Аз ҷумла Қаҳор Расулов, раиси донишкадаи рӯзноманигории ин донишгоҳ, ки танҳо мактаби рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон аст, дар посух ба ин савол, ки вазъи озодии матбуъот дар Тоҷикистонро чӣ гуна аст, гуфт: "Озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигари кишварҳои ҳамсоя беҳтар аст."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi