04:53:49 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«БУХОРОИ ШАРИФ» ЭҲЁ МЕШАВАД

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази сотсиологии «Бозтоб» тасмим гирифтаанд, нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф»-ро эҳё кунанд. Ин иқдом ба муносибати 100-умин солгарди ҷашни матбуоти миллии тоҷик сурат мегирад.

Бухорои ШарифАкбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО зимни таъйиди ин хабар гуфт, «ин пешниҳоди журналисти варзида  - Раҷаби Мирзо аст ва мо низ аз он истиқбол кардем. Умедворем ин тадбир тӯҳфае хубе дар рӯзи матбуоти миллии тоҷик шавад.»

Ба ин тартиб, дастандаркорони ин иқдом мегӯянд, ҳамакнун мехоҳанд то ин шумора ҷашнӣ бошад ва ба меҳмонон дар таърихи 11-уми март ҳамчун тӯҳфа дода шавад. Вале Акбаралӣ Саттор гуфт, шояд дар оянда, моҳе як бор чопи ин нашрия ба роҳ монда шавад.

Он гуна, ки ҷаноби Саттор гуфт, талош хоҳад шуд, ин шумора дар шакли асл бо ҳуруфоти форсӣ (арабиасос) ва бо матлабҳои чопшудаи нахустин шумораи «Бухорои шариф» мунташир шавад. Аммо матолибе ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва аз муаллифони имрӯзӣ низ дар ин шумора ҷой хоҳанд гирифт.

Дастандаркорон мегӯянд, реклом ва огаҳиҳо, ки як бахше аз рӯзномаи «Бухорои шариф» буд, дар шумораи ҷашнии он ҳам дида хоҳад шуд. Ҳимояти молии шумораи ҷашнии «Бухорои шариф»-ро ширкати расонаии «Чархи гардун», ки молики он Акбаралӣ Саттор аст, бар ӯҳда гирифтааст.

Зимнан, нахустшумораи “Бухорои шариф”, аввалин нашрияи сирф бо забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 11-уми марти соли 1912 дар чопхонаи Когон, маҳалле дар наздикии шаҳри Бухоро, аз дасти чоп берун омад. Асосгузори нахустин рӯзномаи тоҷикӣ Мирзомуҳиддин, падари яке аз муборизони ташкили ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳиддинов буд.

Ин нашрия пас аз чопи 153 шумора дар 1-уми январи соли 1913 аз чоп монд. Аммо нашри «Бухорои шариф» заминаро барои рӯи чоп омадани маҷаллаву рӯзномаҳои дигари тоҷикӣ, аз ҷумла “Шӯълаи инқилоб” ва “Овози тоҷик” фароҳам кард. Аз соли 1994 бад ин сӯ бо тасмими парлумони Тоҷикистон  рӯзи 11-уми март ба унвони «Рӯзи матбуоти тоҷик» таҷлил мешавад.

Ахиран рӯзноманигорони тоҷик пешниҳод кардаанд, ки то дар ҷашни «100 солагии матбуоти тоҷик» Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кунад ва ба ин тариқ мулоқотеро бо аҳли қалам дошта бошад.

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi