22:58:48 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«ФОРС»: НАТОИҶИ НАХУСТИН ДАВРАИ ОМӮЗИШИИ РӮЗНОМАНИГОРӢ МУСБАТАНД

Нахустин давраи омӯзишии рӯзноманигорӣ, ки бо ибтикори намояндагии хабаргузории «Форс»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта буд, бо додани гувоҳномаҳо ба ширкаткунандагони он анҷом пазируфт.

/images/stories/2011/10/01_farsnews_30.9.2011.jpgСӣ нафар рӯзноманигори тоҷик, ки аз нашрияҳо, расонаҳои электронии ахбори бонуфузи ҳам ҳукуматӣ ва ҳам мустақил дар ин ҳамоиши хабарнигорон намояндагӣ мекарданд, дар зарфи панҷ рӯз дар мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигорӣ дар шароити бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» аз дарсҳои устодони маъруфи ҶИЭ, докторони илм Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки ҳамзамон бо расонаҳои хабарии Эрон ҳамкорӣ мекунанд, бархурдор шуданд.

Иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ, азҷумла Ҷумъаи Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ», Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон», Неъмати Неъматзода, рӯзноманигори мустақил, Шарифи Мисайзод, хабарнигори радиои Тоҷикистон ва дигарон ибрози қаноатмандӣ намуданд, ки дар ин рӯзҳо аз устодон ва ҳамкорони эронии худ донишҳо ва таҷоруберо касб карданд, ки истифодаи онҳо дар фаъолияти рӯзноманигориашон муфид хоҳад буд. Пешниҳод шуд, ки ин гуна давраҳои омӯзишӣ аз ин ба баъд пайваста бештару самараноктар созмондиҳӣ шаванд.

/images/stories/2011/10/01_davlat-nazri_30.9.2011.jpgДавлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози хурсандӣ намуд, ки давраи омӯзишии рӯзноманигорон бо натиҷаҳои хуб анҷом ёфт. «Дар шароити кунунӣ хабарнигорони мо ба чунин як омӯзиш ниёз доранд. Мо ҳамарӯза бо он маводе, ки дар рӯзномаҳои Тоҷикистон чоп мешавад шинос мешавем ва мутаассифона, бисёр ноқисиҳоро мебинем, ки барои аз байн бурдани онҳо омӯзиш ва таҷриба даркор аст. Омӯзиши таҷрибаи дӯстони мо албатта ба манфиати кори мост. Ва ин иқдомро дар оянда низ инкишоф бояд дод», афзуд ӯ.

/images/stories/2011/10/01_sherdust_30.9.2011.jpgАлиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷуҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ибрози ташаккур аз хабаргузории «Форс» ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар баргузор кардани ин давраи омӯзишии хабарнигорӣ натоиҷи маҳфили панҷрӯзаи рӯзноманигоронро арзишманд ва муфид арзёбӣ кард. Ба гуфтаи сафир ин давраҳои омӯзишӣ дар оянда низ пайваста баргузор хоҳанд шуд ва қарор аст дар ояндаи наздик ҳадди аққал понздаҳ тан аз ин рӯзноманигорон давраи омӯзишии хешро барои чанд рӯз дар Ҷумҳурии Ислом Эрон идома бидиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки хабаргузории «Форс» аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон буда дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи начандор дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.

/images/stories/2011/10/01_qosim-bekmuhammad_30.9.2011.jpgТоҷикистон нахустин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дар беш аз ду соли пеш хабаргузории «Форс» намояндагии худро ташкил кард ва аз ин тариқ ба муаррифии беҳтари ин кишвари дӯст ва ҳамзабон барои хонандагони сершумори худ ноил гардид. Аввалин раҳбари намояндагии ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон журналист ва таҳлилгари маъруфи кишварамон Қосими Бекмуҳаммад мебошад. Эҷоди бахши тоҷикии (кириллии) «Форс» низ дар дастури барномаҳои ояндаи ин хабаргузорӣ қарор дошта ва ин иқдом ба унвони фурсати муносиб дар ҷиҳати ошноии бештари мардуми ду кишвар ва мубодилаи тавлидоти расонаии Эрон ва Тоҷикистон дониста мешавад. 

«Форс» имрӯз инчунин дар кишварҳои мухталифи дунё, назири Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi