23:00:44 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

УСТОДОНИ ЭРОНӢ ДАР ДУШАНБЕ ДАРСИ РӮЗНОМАНИГОРӢ МЕДИҲАНД

Бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар бахши матбуот бо ибтикори хабаргузории ғайридавлатии «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нахустин давраи омӯзишӣ барои намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард.

/images/stories/2011/09/27_farsbews---chef_27.9.2011.jpgДар ин давраи панҷрӯзаи омӯзишӣ устодони ботаҷрибаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Таботабоии Теҳрон, докторҳои илм Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ барои ширкаткунандагони ин ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳронӣ» ва ғайра дарс мегӯянд.

Дар маҳфиле, ки ба муносибати оғоз ёфтани ин давраи омӯзишӣ дар Маркази матбуоти назди Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд, Алиасғари Шеърдӯст- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон  баргузории давраи омӯзиширо қадами устуворе дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои иттилоърасонии ҳарду кишвар номид.

Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Эрон барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ ба ҳисоб рафта нақши ВАО-и ин ду кишварро дар таҳкими муносибатҳои ду ҷониба муҳим арзёбӣ намуд.

Аббос Дарвиш Тавонгар, сардабири хабаргузории «Форс» дар бораи фаъолияти ин хабаргузорӣ дар арсаи ҷаҳон ва нақшаҳои минбаъдаи он дар иртибот бо тавсиъаи фаъолияти хеш дар кишварҳои пасошӯравӣ ибрози назар кард.

 /images/stories/2011/09/27_konfroce_farsnews.jpg

Абдусаттор Нуралиев, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар бораи аҳамияти табодули таҷриба кардани устодони бахши рӯзноманигорӣ ва роҳҳои густариш додани ҳамкориҳои намояндагони васоити ахбори омма фикрҳои ҷолибе ироа намуд.

Зафари Сӯфӣ, Султони Ҳамад, Муҳаммади Эгамзод ва дигар рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик нуқтаи назари хешро дар бораи баргузории ин давраи омӯзишӣ ва аҳамияти он дар инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба изҳор доштанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi