АВВАЛИН ДАВРАИ ОМӮЗИШИ РӮЗНОМАНИГОРИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Хабаргузории «Форс» нахустин ниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки барои рӯзноманигорони тоҷик давраи омӯзиши хабарнигорӣ баргузор мекунад. Дар ин давра, ки аз 26 то 30 сентябри солӣ ҷорӣ дар маркази матбуоти назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, намояндагони расонаҳои мухталифи давлатӣ ва мустақили Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Маросими ифтитоҳи расмии ин давра соати 10 рӯзи душанбе – 26 сентябри соли ҷорӣ бо ҳузури сафири ҶИЭ, раҳбарияти Хабаргузории «Форс» ва масъулони хабаргузориҳо ва расонаҳои шинохтаи Тоҷикистон сурат гирифта, ширкаткунандагон перомуни ҳамкориҳои расонаии ду кишвар табодули назар хоҳанд кард.
Дар ин давра устодони ботаҷрибаи эронӣ Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки дар донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар ба тадриси рӯзноманигорӣ машғул буда, дар ин замина даҳҳо таълифот анҷом додаанд, перомуни мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигории бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» дарс хоҳанд гуфт.
«Форс», ки аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон аст, дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи начандор дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.
Тоҷикистон нахустин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дар беш аз ду соли пеш Хабаргузории «Форс» намояндагии худро ташкил кард ва аз ин тариқ ба муаррифии беҳтари ин кишвари дӯст ва ҳамзабон барои хонандагони сершумори худ ноил гардид. Эҷоди бахши тоҷикии (кириллии) «Форс» низ дар дастури барномаҳои ояндаи ин хабаргузорӣ қарор дошта ва ин иқдом ба унвони фурсати муносиб дар ҷиҳати ошноии бештари мардуми ду кишвар ва мубодилаи тавлидоти расонаии Эрон ва Тоҷикистон дониста мешавад.
«Форс» имрӯз инчунин дар кишварҳои мухталифи дунё, назири Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.
«Рӯзгор»