03:48:48 03-уми Июни 2025 сол

НАШРИ МАҶАЛЛАИ НАВИ ТОҶИКӢ ДАР БИШКЕК

Дар Бишкек маросими муаррифии маҷаллаи нави «Падида» бо се забон – қирғизӣ, русӣ ва тоҷикӣ баргузор гардид. Нашри ин маҷалларо Бунёди «Таълим-Форуми Қирғизистон» бо мадади молии Бунёди минтақавии ба номи Кристенсени ИМА роҳандозӣ кардааст.

 

newspaperДар сармақолаи маҷаллаи «Падида» омадааст, ки мардуми сайёраи замин авҷи таҳдидҳои аз байн рафтани фарҳангҳо ва ҳатто баъзе аз забонҳоро аз сар мегузаронад. Зикр шудааст, ки Бунёди Кристенсен маҳз ба манзури рисолати пурифтихори нигоҳ доштани фарҳангҳо, расму оин ва суннатҳои мардумӣ лоиҳаи табъу нашри ин маҷалларо рӯи даст гирифтааст. Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар ин маросим гуфт:

 

 -Боиси ифтихор аст, ки дар Бишкек ба нашри як маҷаллаи фарҳангиву кишоварзӣ ва этнографиву фолклорӣ камари ҳиммат бастанд. Нашри ин гуна маҷаллаҳо дар тарғиб ва ташвиқи расму оинҳо, забону фарҳангҳо ёрии калон мерасонад. Эрҷен Ҳамагонова, раҳбари барномаҳои Бунёди Кристенсен дар Осиёи Марказӣ ва Туркия, ибрози умедворӣ кард, ки кормандони маҷаллаи «Падида» ҳамеша эҳтиёҷи муштариёнро мадди назар хоҳанд дошт ва дар рангорангии он талош ба харҷ хоҳанд дод.

 

 Истодаой Турсунова, яке аз кормандони маҷаллаи «Падида» гуфт: -Маҷаллаи «Падида» барои ошноии мардуми Қирғизистон бо фарҳанг ва суннатҳои тоҷикон арзи вуҷуд намуд. Дар маҷалла мақолаву гузоришҳое дарҷ ёфтаанд, ки олимону пажӯҳишгарон ва як гурӯҳи соҳибкорзанони тоҷик зимни фаъолият дар арсаҳои гуногун рӯи коғаз овардаанд. Академик Оғоназар Ақназаров - мудири пажӯҳишгоҳи биологии Помири Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ - мудири Маркази антропологии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Муҳаббат Мамадалиева - мудири созмони иҷтимоии «Зан ва Замин» ва дигарон бо маҷалла ҳамкорӣ мекунанд.

 

 Истодаой Турсунова боз изҳор кард, ки ҳар як мақолаи ин шумораи маҷаллаи «Падида» самти мушаххасеро баррасӣ кардааст ва муштариён аз мутолиаи он баҳраи зиёд хоҳанд бардошт. Як нафар аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар маросими муаррифии маҷаллаи «Падида» ширкат дошт, нашри онро ба ҳамаи тоҷикони кишвараш табрик гуфт. Вай илова кард:

 

 -Тавассути маҷаллаи «Падида» мо бо соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва суннатҳои мардуми тоҷик аз наздик ошно хоҳем шуд.

 

 Қобили зикр аст, ки муштариёни маҷаллаи «Падида» роҷеъ ба мавқеи ҷуғрофии панҷ водии Тоҷикистон - Ҳисору Рашт, Зарафшону Истаравшан ва водии Вахши зарнисор низ маълумоти муфассал пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунин силсилаи суратҳои фаровон, ки «Падида» ба муштариён пешкаш кардааст, аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

        

Бахтовари Аҳрориён, барои «Рӯзгор», Бишкек

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4167-2011-01-16-10-41-34.html

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 16.01.2011 16:58
Канд занед бародаро!!! Ана хами ту ба пеш ПАДИДА!!! :lol:
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854