10:24:24 14-уми Июли 2026 сол

“Қонунгузориҳо оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ зери назорат қарор доранд!”

Прокуратураи вилояти Хатлон назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолиро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешидааст.

image 6b4016ccВазъи иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи ҷамъбасти 6-моҳаи якуми соли 2026 ҷамъан 47 маротиба мавриди санҷиш қарор дода шуда, аз натиҷаи он 70 амр ва 74 пешниҳод ирсол карда, бо санадҳои ғайриқонунии муассисаҳои тандурустӣ 120 эътироз оварда, 250 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 154 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 27 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Чунончӣ, Сайдалиев Б.К. аз соли 2011 то 20-уми ноябри соли 2025 дар вазифаи сардори маркази “Вируси норасоии масъунияти одам”-и ноҳияи Дӯстӣ кору фаъолият карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ дар давоми солҳои 2024-2025 дар табелҳои рӯзҳои кории кормандон Сайвалиев Б.Б. ва Собиров Р.И.-ро, ки ба кор ба маркази ВНМО умуман наомадаанд, сохтакорона рӯзҳои корӣ қайд намуда, ҳамчун шахси ба кор омада ҳисобидааст.

Минбаъд Сайдалиев Б.К. ва дигарон тавассути корти пластикӣ ғайриқонунӣ музди маоши моҳонаи 2 нафар кормандони маркази ВНМО ноҳияи Дӯстӣ Собиров Р.И. бо маблағи 17636 сомонӣ ва Сайвалиев Б.К. ба маблағи 31990 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 49626 сомонӣ аз терминалҳои Бонки давлати амонатгузории “Амонатбонк” дар ноҳияи Дӯстӣ гирифта, азонихуд намудааст.

Аз рӯи ҳолати мазкур 10 марти соли 2026 нисбати Сайвалиев Б.К. бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои “б” ва “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ба ҳамин монанд, Худойназарзода У. Ш. раиси Комиссияи меҳнатии тиббии муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак кору фаъолият карда, санаи 07 майи соли 2026 барои омодасозии гузориши экспертизаи тиббӣ-иҷтимоӣ ва додани шаҳодатномаи маъюбӣ ба Сафарова Сафаргул Сангалиевна маъюби гурӯҳи 2-юм аз бародари номбурда Сафаров Лоиқшоҳ Сангалиевич маблағи 4000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Оид ба ҳолати мазкур 14 майи соли 2026 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Норак нисбати Худойназарзода У. Ш. бо моддаи 314 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Тибқи маълумоти омории пешакӣ дар вилоят аз соли 1991 то 25.05.2026 сол шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам 5745 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 3528 нафар мардҳо (61,4%) ва 2217 нафар занҳо (38,6%) ташкил дода, кӯдакони то 18-сола 251 нафар (5,9%) нафар мебошанд. Аз ин шумора бо сабабҳои гуногун 1449 нафарашон фавтиданд ва 4296 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар қайд мебошанд.

Бо натиҷаи таҳлили иммуноферментӣ (ТИФ)-и тасдиқкунанда дар 5-моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон 108 нафар (мард 73 ва зан- 35 нафар) ҳолати сироятшавии ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи 5 моҳи соли 2025-ум (146 нафар мард 89 мард ва 57 зан) 38 нафар кам мебошад.

Зимни санҷиш ҳолатҳои аз ҷониби шахси ба бемории ВНМО сироятёфта дидаю дониста таҳти хавфи сироят гузоштани дигар шахс ошкор ва дар ин самт 24 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Масалан, Иброҳимов У.С. сокини ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти Вобкан, деҳаи Қизилнишон, соли 2016 ҳангоми бо шахсони номаълум бе рифола ҳамхобагӣ намудан, гирифтори бемории ВНМО шудааст. Ӯ аз 19.05.2016 сол таҳти №348 дар қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ бемории ВНМО дар ноҳияи Қубодиён буда, аз тарафи масъулини марказ огоҳии хаттӣ дода шудааст, ки ҳангоми ҳамхобагӣ бо шаҳрвандон қоидаҳои муҳофизатиро риоя кунад ва дар сурати риоя накардан ба ҷавобарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

Аммо Ибрагимов У.С. моҳи январи соли 2025, дидаву дониста, ки гирифтори бемории ВНМО мебошад, бе риояи талаботҳои худмуҳофизатии (рифола) бо шаҳрванд Қурбоназарова Майрам Сангинмаҳмадовна, сокини ноҳияи Шаҳритус, Ҷамоати деҳоти Тоҷдорон, деҳаи Меҳргон зиёда 10 маротиба ҳамхобагӣ карда, ӯро таҳти хавфи сирояти вируси норасоии масунияти одам гузоштааст.Нисбати Ибрагимов У.С. бо моддаи 125 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Бояд гуфт,ки аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон вобаста ба моҳияти қонунгузориҳо дар соҳаи тандурустӣ дар байни аҳолӣ ва тариқи васоити ахбори омма сўҳбату вохўри ва баромадҳои зиёдеро анҷом додааст.

Прокуратураи вилояти Хатлон ба риояи иҷрои қонунгузориҳо вобаста ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ барқи диққати ҷиддӣ дода, назоратро вобаста риояи иҷрои қонунгузорҳо дар ин самт пурзўр хоҳад кард.

Ҳусейнзода С.Б., Сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ