16:59:18 19-уми Сентябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Изҳороти муштараки созмонҳои журналистии Тоҷикистон

Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд. 

sharqi-ozod-5456561212.jpgДар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷумла омадааст: «Агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ дорад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба мӯҳлати то се моҳ боздорад» (тағйирот ба моддаи 12-1, банди 3).

Ин тағйирот маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст.

Тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни ҶТ аст. Тартиби боздошти фаъолияти расонаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро риоя намекунанд, дар қонунгузории ҷорӣ равшану фаҳмо оварда шудааст ва ҳеҷ зарурате ба тағйирот надорад. 

Дар сурати қабул шудан тарҳи мазкур зарбаи сахте ба матбуоти миллӣ гашта, рақобатпазирии расонаҳоро коҳиш дода, заминаи мусоидеро барои ғасби фазои иттилотии Тоҷикистон аз ҷониби расонахои хориҷӣ дар марҳилаи ҳассоси мухолифатҳои минтақавию ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Чунин бархурд амнияти иттилотии кишварро зери суол бурда, ҳуқуқи мардуми Тоҷикистонро ба иттилоот ва озодии баён поймол мекунад. 

Ба хотири ҳифзи меъёрҳои Сарқонуни ҶТ аз Ҳукумати ҶТ ва Маҷлиси Олии ҶТ дархост менамоем, ки аз қабули тағйироти пешниҳодшуда, худдорӣ намоянд. 

Зиннатуллоҳи Исмоилзода,- раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 

Нуриддин Қаршибоев, - раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон

Хуршедҷон Ниёзов,- раиси Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон,

Шаҳло Акобирова,- раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1