09:45:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Озмун барои аккосон-хабарнигорони ҷавон: Давраи омӯзишии фотожурнализм

Конун (Бунёд)-и байналмилалии Олимпур барои ширкат дар давраи омӯзишии фотожурнализм озмун эълон мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 19 то 23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ

Ин давраи омӯзишии фишурдаи панҷрӯза ду ҳадафи назарӣ ва амалӣ дорад:

mohieddin-march-19951. Баҳсу гуфтугу дар бораи асосҳои журнализми чандрасонаӣ ва боло бурдани сатҳи дониши ҳирфайии ширкаткунандагон аз роҳи мурури усули ҳирфайии рӯзноманигорӣ, ошноӣ бо намунаҳое аз корҳои фотожурнализм дар дунёи имрӯз, гуфтугу дар бораи нақши расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳое, монанди рӯзнома, радио ва телевизион. 

2. Бо ҳар ширкаткунанда ба сурати амалӣ руи ин мавзӯъҳо кор хоҳад шуд; истифодаи беҳтар аз акс барои сохтани маводи чандрасонаӣ; шеваи истифода аз акс дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, таъкид бар ҷанбаҳои қонунӣ ва ахлоқӣ ва хутути қирмиз (сурх), копӣ ройт ё ҳуқуқи маънавии аккосон, нақши телефонҳои ҳамроҳ дар журнализми чандрасонаӣ ва саранҷом, таҳияи гузориши чандрасонаӣ бо истифода аз аксу видео ва садо бар асоси достоне ҷолиб ва ҷаззоб дар бораи як мавзӯъи иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ ба интихоби Шумо. (Беҳтарин корҳои ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ дар сойти Конуни Байналмилалии Олимпур ба нашр хоҳанд расид.)

Давраи омузишӣ барои чи касоне муфид аст?

Ин давра, ки ба забони тоҷикӣ ва русӣ баргузор мешавад, барои ҳамаи журналистоне аст, ки бо расонаҳои чопӣ, савтию тасвирӣ ва интернетӣ кор мекунанд ва бо навишта, садо ва тасвир сару кор доранд.

Мавзӯъҳои калидии давраи омӯзишӣ

Барномаи давраи омӯзишӣ таркибе назарӣ ва амалӣ аз беҳтарин ва тозатарин  донишҳо ва таҷрубаҳои мавҷуди расонаӣ аст. Мураббиён (тренерон) ва омӯзишдиҳандагони варзида ва ботаҷруба дар соҳаи расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки ин давраро хоҳанд гузаронд, иборатанд аз:

Исфандиёри Одина, хабарнигори ВВС ва дорои таҷруба дар кори таълими чандрасонаӣ 

Боқири Муъин, мудири сойти фарҳангӣ ва чандрасонайии ҶадидОнлайн

Девид Мортон, дорои таҷруба дар мудирияти расонаӣ, журнализм ва аккосӣ 

Заур Дахте, аккос ва филмбардори ботаҷруба ва устод дар омӯзиш

Муборакшоҳ Гулҷонов, аккоси барҷаста ва дорои таҷрубаи чандрасонаӣ 

Талаботи озмун ва меъёрҳои интихоб

Барои ширкат дар озмун довталабон бояд асноди зеринро барои мо бифиристанд:

1. Шарҳи ҳоли мухтасар (CV)-и шомили таҷрубаи корӣ

2. Нусхаи шиносномаи довталаб

3. Шарҳи кутоҳе дар мавзуъи "Интизороти ман аз ин давраи омӯзишии фотожурнализм чист" (Дар ин навишта довталаб мухтасар тавзеҳ медиҳад, ки чаро дар ин давраи омӯзишӣ ширкат мекунад ва аз донишҳои андӯхтааш дар кадом самт ва чи гуна мехоҳад истифода барад.)

4. Фиристодани 10 акс бо тамаркуз бар як мавзӯъ, ки достоне фарҳангӣ ва ё иҷтимоъиро, ки Шумо дар зеҳн доред, баён кунад. Ҳадаф аз ин аксҳо ин аст, ки ошнойии Шуморо бо аккосӣ ва тамаркузи Шуморо бар як мавзӯъ нишон диҳад.

Ҷоизаи кор

Ба 3 кори беҳтарине, ки ширкаткунандагон дар давраи омӯзишӣ таҳия мекунанд, ҷоизаи пулӣ дода хоҳад шуд.

Замони дарёфти дархостҳо

Лутфан дархостҳои худро то соати 17:00 рӯзи 12 майи соли ҷорӣ бо имейл ба нишонии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. барои мо бифиристед.

Барои ошнойӣ бо кори омӯзишдидагони давраҳои пешин ва низ гузоришҳои чандрасонайӣ метавонед ба ин сафҳа руҷӯъ кунед: www.jadidonline.com

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi