05:23:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Атохоҷа Мирхоҷа: Дар дарёфти посуху вокунишҳо аз вазоратхонаҳо мо ҳам душвориҳо дорем

Мусоҳиб Б.Шафеъ, "Рӯзгор"

Сар аз соли 2014 нашрияи Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон "Ҷумҳурият" ба рӯзнома табдил шуд ва қарор аст он акнун ҳафтае 5 маротиба интишор ёбад. "Ҷумҳурият" бо номҳои гуногун аз 15 марти соли 1925 интишор меёбад ва то ин замон шахсияҳои зиёде, аз қабили Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Камол Абдураҳимов сардабири он буданд. Ҳоло Шоири халқии Тоҷикистон, журналисти шинохта, Муҳамад Ғоиб сармуҳарририи онро ба уҳда дорад.

atokhoja-mirkhoja-45454545Соли 1995 "Ҷумҳурият" мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт, 14 марти соли 2000 бошад, бо фармони президенти кишвар  нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. "Ҷумҳурият" баъди нашрияи хусусии "Имрӯз-Нюс" дуввумин мақоми чопии ҳаррӯза дар кишвар хоҳад буд. Дар иртибот ба тағйири низоми фаъолияти нашрияи ҳукуматии рақами як "Рӯзгор" суҳбати кутоҳе дошт бо Ато Мирхоҷа, муовини аввали сардабири "Ҷумҳурият" ва нахуст аз ӯ пурсид, ки зарурати ин иқдом чӣ буд?

-Зарурат ин буд, ки "Ҷумҳурият" нашрияи расмии давлати мост ва бояд ҳар рӯз чоп шавад, то муҳимтарин ахбору тасмимоти Ҳукуматро дақиқу дуруст ба мардум бирасонад. Дуюм, ҳафтае ҳамагӣ се бор нашр шудани он имкон намедод, ки тамоми номаҳо ва матлабҳои воридшударо чоп кунем. Саввум, иқтидори иқтисодии давлат ҳоло чунин имконро фароҳам овард, ки давлати мо рӯзномаи дар ҳақиқат ҳар рӯз нашршаванда дошта бошад.

Қарор аст аз ин ба баъд ҳафтае 5 маротиба, рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе дар ҳаҷми чор саҳифа ба теъдоди 30 300 нусха чоп шавад.

- Муҳтавои он чӣ сон тағйир хоҳад ёфт?

- То ба ҳол аз тангии майдони саҳафот хеле матлабҳо, аз ҷумла матолиби бадеӣ кам чоп мешуд. Ҳоло имкони фарох дорем ва матлабҳои хондании зиёд чоп карда метавонем. Яъне, газета аз як навъ ҷаридаи хушки расмӣ батадриҷ ба нашрияи муосири мавзуъҳояш ҷолиб табдил ёфта истодааст.

-Мардум аз нашрияҳои ҳукуматӣ ҳам интизори танқидҳои ҷиддӣ доранд. Чаро он чи нашрияҳои хусусӣ дар баъзе масоил, аз қабили ноадолатиҳои судиву шиканҷа дар зиндонҳо менависанд, "Ҷумҳурият" аз он сарфи назар мекунад? 

 -Дар "Ҷумҳурият" танқидҳои ҷиддӣ ва матлабҳои таҳлилӣ ҳамеша буданд ва дар оянда боз ҳам зиёдтар хоҳанд шуд. Дар бораи беадолатии судяҳо низ пайваста матлабҳо дорем. Танҳо ду шумора пеш ба чунин матолиб ду ҷавоби Шӯрои адлияро нашр кардем. Матлабҳое, ки ҷавоб нагуфтаанд, низ кам нестанд. Дар хусуси шиканҷа дар зиндонҳо ва амсоли ин мавзуъҳо низ мақолаҳо чоп кардаем ва мекунем.

- Дуруст гуфтед, дар хусуси шиканҷа дар зиндонҳо матлабҳо чоп шудаанд, вале аксари онҳо тақрибан дар радди даъвои шиканҷашудагон буданд. Ба он маъно, ки мақомот даъвоҳоро бо истифода аз минбари "Ҷумҳурият" рад мекунанд. Вале чаро мумкин набуд ҳалокати зиндониён худ мустақим пайгирӣ шавад? Шояд ин ба нафъи худи мақомот мебуд?

-"Чумҳурият" дар ин масоил аз таҳқиқот ва хулосаҳои мақомоти расмӣ кор мегирад. Мо аз мустақиман пайгирӣ намудани чунин ҳодисаҳо худро канор намегирем, аммо ягон нафар ё ниҳоде ба идораи рӯзнома дар ин бобат муроҷиат накардааст.

-"Ҷумҳурият" чӣ имкони таъсир ба вазорату идораҳо барои дарёфти посухҳои асоснок дорад, ки дигарон надоранд? Оё ҳастанд ин гуна посухҳое ҳам, ки кӯшиш кунанд нашрия ё муаллифро гунаҳгор созанд? Дар ин ҳолат нашрияи шумо аз чӣ роҳе истифода мекунад, то худ ва муаллифи худро ҳимоя намояд?

- Мутаассифона, дар дарёфти посуху вокунишҳо аз вазоратхонаҳову кумитаву хадамоти давлатӣ ва корхонаҳо мо ҳам душвориҳо дорем. Посухҳое, ки ба гунаҳкор кардани муаллиф равона шудаанд, албатта, ҷо доранд. Аммо аҳли қалами мо ҳар посуху вокунишеро, ки рӯякӣ навишта шудааст, ё бармегардонад, ё бо шарҳи идора чоп мекунад. Ҳимоятгари муаллифони мо ҳам қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистонанд. Барои хатое, ки аз мо мегузарад, касе кафил шуда наметавонад.

-Оё Шумо наметавонед аз тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президент таъсир расонед, ки матлабҳоятон посухи мантиқӣ дарёфт кунанд? Охир "Ҷумҳурият" нашрияи Президенти Тоҷикистон аст.

-Албатта, чунин имкон дорем ва Дастгоҳи иҷроия ба мо ёрӣ ҳам мерасонад. Аммо дар бештари ҳол худамон кӯшиш мекунем, ки роҳбарони ғафлатзадаро бедор кунем. Барои ҳамин ҳам ҳайати таҳририя дорем ва он масъалаи вокунишҳоро охири ҳар моҳ муҳокима менамояд.

-Ҳафтае панҷ маротиба интишор ёфтани нашрия маблағгу воситаҳои иловагиро талаб мекунад. Ин масъала аз кадом ҳисоб роҳи ҳалли худро пайдо кард? Умуман ба буҷаи солонаи он чӣ миқдор илова шуд?

- Мо барои чопи 5-рузаи рӯзнома пеш аз ин ҳам имкон доштем. Албатта, муассиси мо - Ҳукумати Тоҷикистон маблағи муайянеро барои воҳидҳои нав ҷудо кард. Дигар хароҷотро рӯзнома худаш имкони пӯшондан дорад.

ӣ миқдор аз ин 30 300 дона обуна аст ва чӣ миқдораш дар фурӯши озод? Зимнан, чаро "Ҷумҳурият" дар фурӯши озод кам аст?

-Хамаи ин микдор обуна аст. Рӯзномаро барои он ба фурӯши озод намебарорем, ки ягон ташкилоти паҳнкунандаи матбуот аз уҳдаи дар як ҳафта панҷ маротиба ба дуконҳо бурдани он намебарояд. Чунин ниҳод ҳоло дар кишвари мо нест. Бинобар ин, аксари тиражро почта ва як қисмашро "Тоҷикматбуот" ба мардум мерасонад. Ҳатто солҳои гузашта, ки се маротиба чоп мешуд, чунин имконият надоштанд.

-Ва суоли охир. Агар махфӣ набошад: маоши кормандонатон аз чанд то чанд сомонӣ муқаррар карда шудааст?

-Кормандони мо ҳар моҳе то 1500 сомонӣ ва аз он ҳам бештар бо шумули музди меҳнат, ҳаққи қалам ва мукофот дастмузд гирифта метавонанд. Ғайр аз ин, муаллифони берунии мо низ ҳаққи қалами хуб мегиранд. Ҳамчунин рӯзнома барои ҷалби журналистон ва мутахассисон соҳаҳои гуногун пайваста озмунҳо эълон менамояд, ки ғолибони онҳо ҳаққи заҳмати хуб дарёфт менамоянд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi