08:06:03 04-уми Июни 2025 сол

ПИРӮЗИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ РУСИЯ БАР ТОҶИКИСТОН

Мусобиқаи дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия оид ба самбои размӣ ва муҳорибаи омехта бо пирӯзии меҳмонон ба анҷом расид. Ин мусобиқа барои “Ҷоми Исмоили Сомонӣ” дар клуби VIP-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар рақобатҳо аз ҳар даста 11-нафарӣ ширкат доштанд.

varzishgaroni-toj-rus

Дар навъи самбои размӣ Хуршед Раҷабов дар вазни 65 кг бар рақибаш Рустам Талдиев ва Файз Тобатов (85 кг) бар Виталий Курлионка ғолиб омаданд. Вале Аъзам Хокиров (70 кг) аз Адам Талдиев, Шоҳин Сафаров (75 кг) аз Вадим Кораблин, Олим Сафаров (80 кг) аз Александр Жуков мағлуб шуданд.

Дар муҳорибаҳои омехта (Mix-Fight) Баҳодур Раҷабов (65 кг) бар Ашот Пашян, Зуҳур Нурмаҳмадов (80 кг) бар Андрей Чабров ва Фаррух Зарифов (85 кг) бар Сергей Вербитский ғолиб омаданд. Ҷамшед Мавлонов (75 кг) аз Сергей Голяев ва Восеъ Юсуфов (75 кг) аз Сергей Бал мағлуб шуданд.

Баъди он ки ҳисоб баробар – 5:5 буд, ба майдон Ҷамшед Раҷабов ва Алберт Ахмедов омаданд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии варзишгари пуртаҷрибаи русиягӣ поён ёфт. Ӯ бо усули лат додани пой дастболо шуд ва ба дастааш пирӯзӣ овард.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия бо ғалабаи русиягиҳо бо ҳисоби 6:5 ба охир расид.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854