02:26:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУРРАБИЁНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК ДАР ИМА ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

Мураббиёни ҷавон аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дар лагере, ки аз ҷониби Идораи муштараки варзишии Департаменти давлатии ИМА ва Сафорати ИМА маблағгузорӣ гардидааст, ҷамъ омаданд, то ки аз таҷрибаи тренерони дар барномаи таълимӣ дар ИМА иштироккарда омӯзанд.

/images/stories/2011/10/03_risunok_2.jpgБаҳори соли гузашта Сафорати ИМА ба воситаи шарики татбиқкунандаи барнома – "Шӯроҳои амрикоӣ" ҳашт тренери варзиши ҷавонони тоҷикро ба ИМА фиристод, то ки дар машғулиятҳо, сафар ба ташкилотҳо, семинарҳо ва фаъолиятҳои дигари тренерон ва лидерон иштирок кунанд. Тренерон бо барномаҳои варзишии ИМА, ки  варзиш, машғулиятҳо ва варзишгарони ҷавонро ба хотири беҳдошти саломатӣ ва инкишофи малакаҳои шахсӣ  мепайвандад, шинос шуданд. Онҳо, ҳамчунин роҳҳои самараноки истифодаи варзишро дар ҳал намудани масоили шахсӣ ва иҷтимоии ҷавонон омӯхтанд.

Баъд аз бозгашт тренерон дар шаҳри Хуҷанд дар семинари 10-рӯза бо гурӯҳи 30-нафараи тренерон ва лидерони ҷавон табодули таҷриба карданд. Баъд аз семинар онҳо силсилаи лагерҳои рӯзонаро дар чор минтақаи Тоҷикистон барои фаъолони ҷавон бахшида ба ҷалбкунии гурӯҳи ҷавонони аз фаъолияти варзишӣ дар канормонда доир намуданд.

/images/stories/2011/10/03_risunok_1.jpgЛагерҳо 180 нафар иштирокчии ҷавони 12-14-соларо аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ намуданд. Ҷавонон ба воситаи машғулият бо варзиш, омӯзиши малакаҳои лидерӣ, ҳалли муноқишаҳо ва таҷрибаи ҳаётӣ ҳавасманд гардиданд.

Тренерони тоҷик ва лидерони ҷавон ҳамкории худро аз барпо намудани лигаи баскетбол дар Тоҷикистон оғоз намуданд, ки ба ҷавонон, хусусан духтарон, имконияти инкишофи малакаҳои фаъолият ва ҳаётиро тавассути варзиш, фароҳам хоҳад овард. Дастаҳо дар маркази вилоятҳо ташкил шуда, моҳи майи соли 2012 дар мусобиқае дар шаҳри Душанбе қувва меозмоянд.

/images/stories/2011/10/03_risunok_3.jpgАз соли 1991 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои мустаҳкам кардани муносибатҳои мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Сафорати ИМА ҳамдигарфаҳмии фарҳангии дуҷонибаро ба воситаи табодули чорабиниҳои мусиқӣ, ҳунарӣ, варзишӣ, таҳсилӣ ва фарҳангӣ пеш мебарад. Ҳар сол беш аз 170 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути барномаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мегарданд, ба монанди FLEX, JFDP, MUSKIE, TEA, UGRAD, Робитаи ҷамоатҳо, IVLP, Фулбрайт ва табодули варзишӣ, ба ИМА сафар мекунанд.

Идораи муштараки варзиш (SportsUnited) барномаи асосии мубодилавии  варзишии Бюрои умури маориф ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад. Варзишгарон ва тренерон намудҳои гуногуни варзиш барои гузаронидани барномаҳои таълимӣ, дидани мактабҳо ва сӯҳбат бо ҷавонони хориҷӣ интихоб шудаанд. Варзишгарон ва тренерони амрикоӣ фаъолиятҳои тамринӣ ва муттаҳидсозиро гузаронида, ҳамчунин ҷавононро ба муколама оид ба масъалаҳои муҳими таҳсил, афзалиятҳои ҳаёти солим ва эҳтиром намудани гуногунандешӣ ҷалб менамоянд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi