НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ: КИШВАРГУШО, БЕРАҒБАТ, МАЗҲАБӢ ВА БЕОРМОН
Солҳои оғозини истиқлол бадтарин таъсиру сӯзноктарин хотираҳоро дар зеҳни ҷавононе эҷод кард, ки бо умеду орзӯҳо дар талоши сохтани ояндаи хубе барои худ буданд. Ҷанги шаҳрвандии 5-сола ва фазои пур аз тарсу ҳароси солҳои аввали баъд аз истиқлол тақрибан як даҳа аз ҳаёти ҷавонони тоҷикро бар ҳадар дод. Бахши қобили таваҷҷӯҳе аз аз ҷавонон дар даргириҳои авоили даҳаи 1990 кушта ва бисёри дигар фирорӣ шуданд.
Аммо он идда аз ҷавонон, ки дар даҳаи дувуми истиқлоли Тоҷикистон ба зинаҳои табиъии ҳаёти худ қадам монданд, нисбат ба ҷавонони даҳаи аввали истиқол хуштолеътар буданд. Агар дар муқоиса бо ҷавонони ҳамсоякишвари мо, яъне Афғонистон, ҷавонону наврасони тоҷик нисбатан дар фазои амну осоиштатаре ба сар бурда, аз донишгоҳу омӯзишгоҳҳое фориғ шуда бошанд, вале фурсатҳои андаки шуғлӣ ва ояндаи норӯшан дар ватани худ бештари онҳоро маҷбур ба тарки диёри худ намудааст.
"Бемайлу рағбат"
Коршиноси умури ҷавонон, Лола Азизова, чеҳраи ҷавони тоҷикро дар як ҷумла ин гуна тасвир мекунад: "Ба назари ман, ҷавонони Тоҷикистон симои печидаву номукаммале доранд, ки инъикосгари рӯзгори печидаву гирифтаи иҷтимоъиву сиёсии онҳост."
На ҳар ҷавони тоҷик фарҳангу роҳу равиши дурусти муъомила бо рӯзгори ноҳамвор ва шароити сахту душворро дорад. Агар ин душвориҳову чолишҳо аз як сӯ ҷавонони имрӯзро водор намуда бошад, ки сарнавишти худро ба дасти худ, бе умеди кумаки касеву муассисаву ниҳоде, бояд бисозанд, аз тарафи дигар, дар зеҳни теъдоди бузурге аз ҷавонон ҳисси ноумедиву яъсро коштааст.
Гулноза Раҳимова, як устоди ҷавони донишгоҳ, мегӯяд бештари ҷавонони имрӯз бар ин боваранд, ки илму дониш барои даст ёфтан ба муваффақият ва сохтани зиндагии орому осуда дар Тоҷикистон кофӣ нест.
Вай меафзояд: "Ман батозагӣ аз донишгоҳ фориғ шудам ва ҳамчун устод дар донишгоҳ дубора ба фаъолият шурӯъ намудам. Ду мушкили асосӣ дорам: аз як тараф, худам моҳонаи ночизе мегирам ва, аз сӯйи дигар, клосҳоямро ҷавононе пур кардаанд, ки аксарашон бе майлу рағбат ба дарс меоянд ва ин, ба навбати худ, ба ҳавсалаи дарсдиҳии ман низ латма мезанад."
Ба гуфтаи ин устоди донишгоҳ, бисёре аз фориғуттаҳсилони донишгоҳҳо имрӯз дар манотиқи мухталифи Русия ба кору пешаҳои гуногуне машғул ҳастанд. Коршиносони умури иҷтимоъӣ бар ин боваранд, ки бештари ҷавонон дар Тоҷикистон, бавижа доншҷӯён, ҳамқадами замони худ нестанд ва шеваҳои зиндагии шоиста ва мудернро намедонанд.
Хонуми Азизова мегӯяд: "Бисёре аз ҷавонони тоҷик беидеал (беормон) ҳастанд, яъне бетакиягоҳ, ба ин маъно, ки дар зиндагӣ як роҳнамои воқеъие, ки онҳоро ба сӯйи як рӯзгори шоиста раҳнамун шавад, надоранд."
"Кишваргушову забондон"
Дар маҷмӯъ, таҳлилгарон дар мавриди ин нукта иттифоқи назар доранд, ки бузургтарин тӯҳфаи истиқлол барои ҷавонон дар Тоҷикистон ин буда, ки пояшонро ба кишварҳои хориҷ боз кардааст. Ҷавонони тоҷик маҳз дар даврони истиқлол "кишваргушову забондон" шуданд.
Теъдоди бузурге аз ҷавонон дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ба кишварҳое сафар намуда, дар он ҷоҳо кору таҳсил мекунанд, ки падарони онҳо ҳатто орзӯи диданашонро надоштанд. Ин раванд бар зеҳнияти ҷавонони тоҷик асароти қавие бар ҷо гузоштааст. Фарзона як донишомӯзи мактаб аст, ки қасд дорад барои идомаи таҳсил ба Маскав равад. Вай мӯътақид аст, ки системи омӯзишу парвариш ва сатҳи тадрис дар Русия аз Тоҷикистон беҳтар аст.
Муваффақияти бархе ҷавонони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ин пиндори умумиро дар зеҳни наврасону ҷавонон падид овардааст, ки ояндаи дурахшон, ғалаба бар чолишҳои бузурги зиндагӣ ба сафар ба хориҷаву кору таҳсил дар он ҷо сахт вобастагӣ дорад. Аммо ин раванди ба хориҷа рафтани ҷавонон мушкилеро бо номи «ҳиҷрати мағзҳо» ва ё «авҷ гирифтани ватангурезӣ» дар пай доштааст.
Камтар ҷавононе, ки бо шароиту зиндагии борифоҳи кишварҳои хориҷӣ хӯ гирифтаанд, ҳозиранд ба кишвари худ баргарданд ва бо душвориҳову мукшилоти сарзамини худ бисозанд ва ё дасту панҷа нарм кунанд. Мирзо исми ҷавонест, ки ба сабаби нақзи муқаррароти будубош аз Омрико ихроҷ шуда ва то чанд соли дигар наметавонад ба он сарзамин сафар кунад.
Вай мегӯяд: "Омрико ҷаҳони зебоест, ки онро бо сухан намешавад васф кард. Бояд онро дид. Ман афсӯс мехӯрам, ки ба сабаби ҳузури ғайриқонунӣ то чанд соли дигар имкони гирифтани визои ин сарзаминро надорам. Аслан омадан намехостам, аммо ба хотири зану фарзандонам маҷбур шудам биёям."
Издивоҷ бо хориҷиён
Ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, дар даврони истиқлол мавориди издивоҷи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ин амр бештар авомили моддӣ доштааст. Бисёре аз ҷавондухтарони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ намуда, ҳам ба як зиндагии борифоҳе даст меёбанд ва ҳам шаҳрвандии як кишвари ободтареро ба даст меоранд.
Екатерина Фролова як русдухтари зодаи Тоҷикистон аст, ки бо шумори зиёде аз духтарони тоҷик дар Урупо ҳамсӯҳбат шуда ва дар бораи онҳо қасди навиштани китоберо дорад. Хонуми Фролова ҳоло машғули навиштани рисолаи дуктурии худ дар Суис аст.
Вай мегӯяд: "Аксари ин духтарон ба истилоҳ "духтарони саффи пеши" Тоҷикистон ҳастанд, ки бо шаҳрвандони урупоӣ издивоҷ намуда ва дар риштаҳои улуми дақиқа аз донишгоҳҳои урупоӣ фориғ шудаанд. Онҳо соҳиби касбу кор ва шеваи зиндагии комилан мухталифе ҳастанд."
Ҷавонони мазҳабӣ
Аз сӯйи дигар, бист соли истиқлоли Тоҷикистон, аммо, беш аз ҳар чизи дигар ҷавонони тоҷикро мазҳабӣ кардааст. Маҳз дар ин даврон чандин ҳазор аз донишҷӯёни тоҷик ба кишварҳои мухталифи исломӣ барои таҳсил сафар намуда, соҳиби тахассус ва маълумоти динӣ шудаанд. Бар хилофи донишҷӯён ва ҷавононе, ки ба Урупову Омрико сафар карда ва кишвари худро фаромӯш мекунанд, аксари мутлақи ҷавононе, ки дар кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба ватани худ баргашта ва дар маҳофил ва ақшору гурӯҳи хоссе аз иҷтимоъ таъсиргузор будаанд.
Шояд яке аз омилҳои мазҳабитар шудани насли нави ҷавонон дар Тоҷикистон ҳамин таъсири таҳсилкардагони донишгоҳу омӯзишгоҳҳои кишварҳои исломӣ бошад. Ин раванд низ мушкилотеро барои бархе аз ҷавонон дар пай доштааст. Иддае аз ҷавонон ба гурӯҳу ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ пайваста, фаҳму дарки сахтгиронае аз динро таблиғ мекунанд, ки ин амр боъиси аз миён рафтани таҳаммул ва афзоиши низоъҳои мазҳабӣ мешавад.
Саъдӣ Юсуфӣ, пажӯҳишгар, Би-Би-Си
Шарҳҳо
Ва ман гуфта метавонам, ки ҳар гуна диктотурӣ хоҳ вай мазҳабӣ бошад ва хоҳ ба гунаи дигаре агар замина барои ба сари қудрат омаданро дошта бошад, ба осонӣ ба ин ҳадаф хоҳад расид. Бибинед, дар Тоҷикистон қишри осебпазир омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳо ва пизишкон ҳастад. Яъне онҳое, ки саломат ва маъориф ба онҳо бастагӣ дорад дар сатҳи паси иҷтимоъӣ қарор доштаанд.
RSS Обуна