03:18:39 03-уми Июни 2025 сол

ҶИЛАВГИРӢ АЗ САФАРИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БА ЭРОН

Ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз сафари гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик ба Эрон ҷилавгирӣ карданд. Ин гурӯҳи синафарӣ, ки 15 нафар аз онҳо донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳастанд, барои ширкат дар як давраи омӯзиши эроншиносӣ, забон ва адабиёти Эрон озими Теҳрон будаанд. Ин си нафарро аз дохили ҳавопаймое, ки аз Душанбе озими Теҳрон буд, кормандони ниҳодҳои амниятӣ берун карданд.

 

Манобеъи фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки теъдоди ҷавонони тоҷик, ки рӯзи шанбеи 4 сентябр тавассути ниҳодҳои амниятӣ аз парвоз дар масири Эрон бозгирӣ шуданд сӣ нафар будаанд. Ин манбаъ афзуд ҷавонон бидуни далели расмие аз солуни ҳавопаймо берун карда шуданд. Як манбаъи сафорати Эрон дар Душанбе дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки қарор буд гурӯҳе аз ин ҷавонон дар чаҳорчӯби барномаи вижае дар давраи омӯзишие дар Теҳрон ширкат мекарданд.

 

Вай афзуд, теъдоди кулли ширкаткунандагони ин давраи омӯзишӣ 34 нафар буд, вале маъмурони амниятӣ танҳо барои парвози 4 нафар аз онҳо ба Теҳрон иҷоза додаанд. Тибқи ин барнома, онҳо бояд тӯли ду ҳафта дар давраҳои эроншиносӣ ва омӯзиши забон ва адабиёти Эрон фаро гирифта мешуданд. Масъулони сафорати Эрон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон далел пеш овардааст, ки гӯиё ин афрод бидуни тавофуқ бо Вазорати маъорифи кишвар озими Эрон шудаанд.

 

Вале сафорати Эрон иддаъо дорад, ки ин барномаи омӯзишӣ қаблан бо вазорати маъориф ҳамоҳанг шуд ва гузашта аз ин асомии 15 нафар аз ин гурӯҳ аз сӯйи ин ниҳод муаррифӣ шудааст. Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, 15 нафар аз ин гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон буданд ва афроди боқимонда ғолибони ҷашнвораҳои мухталиф, назири озмуни “Шоҳномахонӣ” ҳастанд.

 

Ин манбаъи сафорат гуфт, ки қарор аст барои ҳалли ин қазия бо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон дидор кунанд, вале замони ин мулоқот то ҳол таъйин нашудааст. Ҷилавгирӣ аз сафари донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта Президент Раҳмон дар мулоқоташ бо сокинони вилояти Хатлон, водии Рашт ва Ҳисор мукарраран аз волидайн даъват кард, ки фарзонди худро аз таҳсил дар мадориси мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ бозхонанд.

 

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ин ҷавонон “дар он ҷо мулло не, терруристу экстремист мешаванд”. Ҳамчунин раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар оняда ин фарзандони тоҷик “хоини миллат” хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки теъдоде аз ҷавонони тоҷик дар мадроиси мазҳабии Эрон, ба вижа дар Зоҳидон машғули омӯзиши ислом ҳастанд.

 

Омори дақиқе дар бораи чунин афрод вуҷуд надорад, зеро ин ҷавонон маъмулан бо дарёфти визои ҷаҳонгардӣ вориди Эрон шуда ва то замони анҷоми таҳсил қаламрави ин кишварро тарк намекунанд. Соле қабл давлати Эрон теъдоде аз ин ҷавононро барои нақзи муқарарроти визо ба Душанбе депурт кард. Ин афрод баъд аз вуруд ба Душанбе, мавриди бозпурсии маъмурони амниятӣ қарор гирфитанд ва сипас озод шуданд. Ҷилавгирӣ аз сафари донишҷӯёни тоҷик ба Эрон дар ҳоле сурат гирфитааст, ки мақомоти ҳар ду кишвар ҳамкориҳои худро аз лиҳози истротежик муҳим арзёбӣ мекунанд.

 

Соҳибназарон мегӯянд, пас аз гароиши равобити Тоҷикистон бо Русия ба сардӣ ва афзоиши мушкилот бо Ӯзбакистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, Эрон танҳо кишварест, ки дар масоили сиёсӣ аз давлати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Зимнан, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва соири фурудгоҳҳои Тоҷикистон тадобири амниятӣ ташдид шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3056-2010-09-06-12-04-43.html

 

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 11.09.2010 18:11
:eek: 4iba itari meknen
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854