17:24:54 01-уми Июли 2025 сол

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САБАБИ КОҲИШ ЁФТАНИ МАРГИ АТФОЛ

Дар заминаи Маркази саломатии шаҳри Хоруғ ба хотири пешгирии фавти кӯдакон ниҳоди Ҳамбастагии Бемориҳои Кӯдакона таъсис дода шуд.

 

modarБа қавли директори он Гулнор Зоҳирбекова марказ аз рӯи се самти асосӣ: баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони миёнаи тиббӣ, ки дар бунгоҳҳои тиббии деҳот фаъолият доранд, тақсими ройгони маводи доруворӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ чун кӯмаки башардӯстона ба ҳудуди ВМКБ ворид мегардад ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни модарони ҷавон бобати тарзи дурусти ғизодиҳии кӯдак ва кӯмаки аввалин ҳангоми гирифтор шудани кӯдакон ба касалиҳо фаъолият менамояд.

 

Ба гуфтаи Гулнор Зоҳирбекова агар соли 2005-ум 120 ҳодисаи фавти кӯдакони то панҷсола ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2010-ум дар вилоят даҳ фавти кӯдакони то синни 5-сола ба қайд гирифта шудааст. Мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти чунин марказҳо имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ба аҳолӣ дар вилоят сол то сол беҳтар гардад.

 

Нилуфар Асламшоева, «Рӯзгор», Хоруғ

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4282-2011-01-28-04-49-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ