КУМАКИ АМРИКО БА МАРЗБОНОНИ ТОҶИК
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 22 адад худравҳои ҳарҷогард эҳдо кардааст. Акнун ин худравҳои кучаки чорчарха, ки дутоӣ ҷойи нишаст доранд, аз сӯйи марзбонони посгоҳҳои Панҷ, Фархор ва Шӯрообод барои сафар дар манотиқи душворгузари марзӣ истифода мешаванд. Афсарону сарбозони марзбони тоҷик гуфтанд, ин гуна худравҳо дар муроқибати хутути марзии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки бештари қисматҳои ин марз кӯҳистонӣ ва душворгузар аст, муҳим ва зарурист.
Зеро ба гуфтаи онҳо, худравҳои низомии сохти шӯравӣ ва Русия, ки ҳоло дар истифода қарор доранд, дар манотиқи кӯҳистонӣ, бахусус, минтақаи марзии Шӯрообод ҳаракат карда наметавонанд. Ниша Квост, муъовини сафири Амрико рӯзи сешанбеи 14 сентябр, дар маросими эҳдои худравҳо ба Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин иқдомро кумаки кишвараш барои таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи хонум Квост, марзбонони тоҷик дар шароити душвор ва бо таҷҳизоти қадимӣ фаъолият мекунанд, дар ҳоле ки барои ҳифзи марз ва муқобала бо қочоқи маводди мухаддир ба васоили фаннии мудерн ниёз доранд. Бино ба иттилоъи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ҳазинаи умумии 22 худрави чорчархаи “Polaris Razor” ва “Ranger”, ки ба марзбонон тақдим шуд, 300 ҳазор дулори Амрикоӣ аст.
Дар соли 2006 низ Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 10 худрави ҳарҷогард эҳдо карда ва ин худравҳо ба ҳангоми гаштзанӣ дар манотиқи душворгузари постгоҳҳои марзии Панҷ, Шаҳритус ва Шӯроободи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон истифода шуда буд. Женерол Сафаралӣ Назиров, муъовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, марзбонони тоҷик бо таҷҳизоти фании лозим ва васоили нақлия хуб таъмин нестанд ва аз ин лиҳоз, дар муроқибати марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир мушкилоти зиёд ба миён омадааст.
Ба гуфтаи женерол Назиров, Амрико дар чаҳорчӯби барномаи “Назорати воридот ва амнияти марз” аз соли 2002 то ба имрӯз ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба миқдори зарурӣ васоили нақлия ва мухобирот ва либоси низомӣ ирсол карда ва дар бозомӯзии афсарони нерӯҳои марзбонӣ кумак кардааст. Тибқи иттилоъи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, аз соли 1992 то ба ҳол Амрико дар чаҳорчӯби тарҳҳои кумаки билоиваз ба бахшҳои низомӣ, омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ниҳодҳои пуштибони демукросӣ, ба миқдори беш аз 900 милюн дулор сармоя барои Тоҷикистон ворид кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3116-2010-09-14-11-12-30.html