19:55:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Бозпурсии се зани Зайд Саидов дар додгоҳ

Рӯзи 7 октябр дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ се зани Зайд Саидов мавриди суолу ҷавоб қарор дода шудаанд.

1.saidov-zayd-48521Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи 7 октябр ба мо гуфт, имрӯз се хонуми расмии Зайд Саидов дар мурофиаи додгоҳӣ мавриди бозпурсӣ қарор дода шуданд.  Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, дар мурофиа се зани Зайд Саидов – Латофат Тоҳирова, Фирӯза Юнусова ва Парвина Аминова - ширкат доштаанд.

«Суоли аслӣ рӯшанӣ андохтан ба масъалаи зиндагии якҷояи Зайд Саидов бо се занаш буд, ки оё дар асл ҷаноби Саидов ҳамзамон бо се зан ба сар мебурд, ё дар вақту замонҳои мухталиф бо онҳо зиндагии занушавҳарӣ дошт?» - афзуд Исҳоқ Табаров.

Аммо ин се зан рӯзи 7 октябр дар мурофиа иттиҳоми бисёрзанӣ алайҳи Зайд Саидов ва дар як вақт зиндагии муштарак доштанашон бо ӯро рад карда, гуфтаанд, ки бо Саидов дар вақтҳои мухталиф рӯзгори муштарак доштаанд.

Мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз 12 сентябр дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ пушти дарҳои баста идома дорад.

Мақомоти Ожонси мубориза бо фасод дар моҳи май Зайд Саидовро ба зиндагӣ бо 4 зан айбдор карда, гуфта  буданд, ки Зайд Саидов аз зани нахустинаш Латофат Тоҳирова 5 фарзанд, аз ҳамсари дуввумаш Фирӯза Юнусова 3 фарзанд ва аз Парвина Аминова, ки ҳамсари севуми ӯ ном бурда мешавад, 2 фарзанд доштааст.

Дар ҳоли ҳозир, алайҳи Зайд Саидов бар асоси 10 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номуси ноболиғе ки ба синни 14 нарасидааст(моддаи 138), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст ва боздошти ғайриқонунӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу  боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май баробари баргаштанаш аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi