АҚИДАҲОИ АХЛОҚИИ ИМОМИ АЪЗАМ
Илми фиқҳ шоҳсутуни дини мубини Ислом буда, поягузори ин мактаби бузург Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад. Уламои мо, аз ҷумла Имоми Аъзам (р) дар ривоҷу равнақи ин илм таҷрибаи бой доранд. Маҳз олимони Ғарб аз ин таҷрибаи ғании гузаштагони мо истифода мебаранд.
Имоми Аъзам дар тӯли ҳаёти хеш шариати исломро бо тамоми нозукиҳояш омӯхта, ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳое вогузоштаанд, ки дар тарбияи маънавии ҷавонон аҳамияти калони илмӣ доранд. Ақидаи ахлоқии Абӯҳанифа чун донишманд ва тарбиятгари асил паҳлӯҳои муҳими ҳаётиро дар худ таҷассум кардааст. Устод муаллим, аламбардор, равшангари дилҳо, чароғи маънавии ҷомеа буда, ҳаққи устодро аз падар беш гуфта, Абӯҳанифа мефармоянд:
“Ман барои устозам Ҳаммод дуо мекунам”. Ин гуфтаҳо далолат ба бузургии устод, эҳтиром ба ӯ мебошад. Имоми Аъзам ба устоди хеш эҳтироми хоса дошта, бо самимият ҳурматашро ба ҷо меоваранд. Аз ин рӯ, фарзанди худро бо номи устодашон Ҳаммод номгузорӣ кардаанд. Саъдии бузург мефармояд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Ҳатто шогирдонашон Абӯюсуф мегӯяд: “Ман қабл аз падару модарам барои ӯ дуо мекунам. Худовандо Абӯҳанифаро дар сояи раҳматаш қарор диҳад, зеро ӯ таъми дунёву охират ҳардуро ба ман чашонд”.
Дар “Насиҳат-ул-мулк” омада: “Искандарро пурсиданд, ки чаро устоди хешро аз падари хеш азизтар медорӣ? Гуфт: “Аз баҳри он, ки падари ман сабаби зингдагонии ман аст дар дунёи фонӣ ва устоди ман сабаби наҷоти ман аст дар дунёи боқӣ”.
Пешаи омӯзгорӣ касби пурифтихор буда, одамони бофазлу хирадро дар ҳама давру замон бо ифтихор устод мегӯянд.
Муаллимро Худованд эътило дод,
Ба гетӣ иззу шону иртиқо дод.
Муаллим- мазҳари лутфи иллоҳ аст,
Ба дорулмулки дониш подшоҳ аст.
Муаллим- ҳодии халқи ҷаҳон аст,
Муаллим- вориси пайғамбарон аст.
Як субҳ Имоми шофеъӣ дар сари мазори Абӯҳанифа намоз хонд. Шофеъиёнро ҳукм ин аст, ки дуои қунутро дар намози бомдод мехонанд. Шофеъӣ дуои қунутро нахонд. Аз ӯ савол карданд, ки чаро ин тавр рафтор кардӣ. ӯ гуфт: “Аз ҷиҳати эҳтиром ба соҳиби мазор, зеро Аҳноф (аҳли Ҳанафия) қунутро баъди намози хуфтан мехонданд”.
Дар “Чаҳоркитоб” устодро падари мутаққӣ ҳисобиданд. Имоми Аъзам дар хизмати чаҳор ҳазор устод буданд. Ва аз ҷумла аз тобеъин буданд.
Рӯзе Абӯҳанифа аз мавзее мегузаштанд, ки як гурӯҳ бачаҳо дар он ҷо бозӣ мекарданд. Абӯҳанифа ба онҳо салом доданд. Аз он кас пурсиданд, ки чаро ба ин бачаҳо салом додед? Гуфтанд, ки байни онҳо фарзанди устоди ман низ бозӣ мекард ва аз ҷиҳати эҳтиром ба устод ба онҳо салом додам.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки Имоми Аъзам ба устод эҳтироми хоса дошта, шогирдонро низ дар ин рӯҳия тарбия мекарданд. Раҳмати ҳақ бар онҳо бод, ки онҳо устози аҳли ислому дин буданд.
ПЕШАИ ШОГИРДӢ ДАР НАЗАРИ АБӯҲАНИФА
Шогирдони худро дӯст медоштанд. Фарзандвор муносибат мекарданд. Ҳар як масоили диниро ба пуррагӣ омӯзонида, серталаб буданд. Намегузоштанд, ки касе нисбати онҳо таҳқирро раво бинад. 800 шогирди босавод дошта, ҳеҷ устодро чунин шогирдони зиёд насиб нагаштааст. Исом мегӯяд: “Он ҳаққе, ки Абӯҳанифа (р) ба ёрони худ дорад, ҳеҷ касе ба дигаре надорад, ӯ пашшаеро намегузошт бар онҳо бинишинад”.
Имоми Аъзам нисбати шогирдон ва муносибат бо онҳо фармуда: “Ба шогирдон чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар як аз ононро фарзанди худ медонӣ”.
Шогирдони Имоми Аъзамро ба файласуфе монанд кардаанд, зеро он кас ба дари мактаби хеш навишта буданд: “Ҳар ки ақли ҳандасӣ надошта бошад, назди мо наояд”. Имоми Аъзам ҳар як фардро соҳиби ақлу заковати қавӣ, илму дониши мукаммал доштанашро тарафдор буданд. Бар зидди танбаливу ҷоҳилӣ баромад мекарданд. Аз ин ҷост, ки Абӯалӣ ибни Сино гуфтаанд:
“Фарзанди инсон барра, гурбача баъд аз таваллуд аз ҳайси мӯҳтаво ва маъно баробаранд. Ҳам кӯдак, ҳам бара, ҳам гурбача яксон таваллуд мешаванд, бузург мешаванд, мепӯшанд, мехӯранд, ҷуфт мешаванд, фарзанд ба дунё меоранд, мемиранд. Дар ин сифат ҳамаи онҳо баробаранд, ҳайвонанд. Фарзанди одам фақат дар сурате бо сифатҳои инсонӣ рушду камол меёбад, ки парвариш ва тарбият гирад”.
ПОКӢ АЗ НИГОҲИ ИМОМИ АЪЗАМ
Ислом охирин ва комилтарин дин аст, ки аз он баҳра мебарем. Илми шариати ислом ва ҳама гуна илмҳо баҳрест беканор, ки касе ба анҷом нарасонидааст. Дин покизагист, зеро пайғомбари ислом Муҳаммад (с) “Ад-дину-ан-назофату” гуфтаанд. Дар фиқҳи муяссар мазҳаби Абӯҳанифа омадааст, ки покизагӣ асоси ибодатҳост. Дар дин ҳар амал бо покизагӣ дуруст мешавад, зеро покизагӣ нисфи имон аст.
“Худованд воқеан ҳам тавбакунандагони доимӣ ва покихоҳонро дӯст медорад”. (Сураи Бақара, ояти 222).
Абӯҳанифа покизагии зоҳирро шарти зарурӣ ва покизагии ботиниро шарти қабул ва рафтан ба даргоҳи Худованд мешуморанд.
Дар “Чаҳоркитоб” омада:
Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,
Ботинат низ ҳақ кунад тоҳир.
Ҳар шахси соҳибақл забону дилу ақлу идрокашро пок дорад. Бадану либосу ҷойи пок низ шарти зарурӣ ва аз фарзҳои берунии намоз аст. Ин тарбия дар рӯҳияи покӣ, озодагӣ, поквиҷдонӣ ва покрафторӣ буда, ононро Абӯҳанифа таълим додаст. Худованд пок буда поконро дӯст дорад.
АЗ ИЛМ БАҲРА БАРДОР
Омӯхтани илм ба ҳар марду зан фарз буда, Абӯҳанифа омӯхтани илмро талаб мекунанд, зеро илм мояи ифтихору ҳастӣ ва зиндагонист. “Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимонӣ, аз илм рӯй магардон. Зеро илм зикри Худо аст ва вақте аз илм рӯй мегардонӣ”. Абӯшукури Балхӣ барҳақ фармуда:
Касе к-ӯ ба дониш барад рӯзгор,
На ӯ бозмонад, на омӯзгор.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Шахсе аз шахси бузургворе хати восита овард ба умеди он, ки шояд ба ин хати Имоми Аъзам ба ӯ илм омӯзад. Имоми Аъзам гуфтанд: “Ба илм омӯхтан набояд шахсеро восита кард, зеро Худои таъолоро бо аҳли уламо аҳду паймон ҳаст, ки аз роҳи рост ба халқ илм омӯзонад ва таълим диҳанд. Ба таълими олим ва тадриси мударрис ҳаргиз шарту шароит лозим нест. Дар роҳи Худо таълими аҳком ва тадриси улуми ислом бар ҳар олиму мударрис воҷиб аст чунончи ибодат воҷиб аст фақат барои Аллоҳи таъоло”.
Илм болотар аз ибодат аст, зеро ки соате ранҷ кашидан барои илм омӯхтан баробар ба ибодати як шабонарӯза аст. Бузургии Имоми Аъзам дар хирадашон аст. Ҳамагон бояд илм омӯзанд ва аз лаззати камоли зиндагӣ баҳраҳо ёбанд. Омӯхтани илм фарзи айн аст. Ба дигарон омӯзондан фарзи кифоя мебошад.
Ҳазрати Имоми Аъзам ба Иброҳим Адҳам гуфтанд: “Ё Иброҳим насиба ва ризқи ту аз ибодати ту бузургтар аст. Акнун барои ту лозим аст, ки илмро бар дилат ҷой кунӣ, зеро илм сари ибодат, низом ва қавоми кор мебошад”.
Касе, ки баҳри дунё илм омӯзад, аз баракати илм маҳрум мемонад ва илм дар дилаш қарор намегирад. Ва ҳар кас баҳри дин илм омӯзад аз илм барака ёфта, дар дилаш ҷой мегирад. Ҳақ бар ҷониби ин гуфтаҳо:
Эй тифл, зи илм баҳра бардор,
К-аз лавҳу қалам шавӣ хабардор.
Тифле, ки гирифт қалам бар даст,
Дасти ҳамаро ба чӯби тар баст.
В-он кас, ки ба лавҳу хат напардохт,
Ҳаргиз сияҳ аз сафед нашнохт.
Азбаски Қуръон раҳнамои зиндагии мо мебошад, рӯзгору аъмоли Абӯҳанифа саршори панду ҳикмат аст. Баъд аз Қуръон мӯъҷизаҳои бузурги Муҳаммад (с) Абӯҳанифа мебошад, зеро дар обидӣ ва зоҳидӣ аз ҳама баландпарвоз буданд. Фуқаҳо гуфтанд: “Шумоён табибонед, мо муҳаддисин сайёдем, симои Абӯҳанифа ҳам табиб ва ҳам сайёди хуб аст”. Баъди вафоти Имоми Аъзам ҳама мегуфтанд: “Афсӯс, ки дарёи илм аз олам рафт”.
Абӯҳанифа дарёи илм буданд ва ҳама то ҳол баҳра мебаранд. Ахлоқи ҳамидаи эшон панди зиндагӣ аст.
Ҳамза ибни ЯМИН, омӯзгори МТМУ
рақами 26, деҳаи Мулломир, ноҳияи Ашт.
Ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»