МАВЛУДИ ХОТАМУЛАНБИЁРО БАРОЯТОН ТАБРИК МЕГӮЕМ
Таърихи таваллуди Паёмбар (с)
Соли 571-и мелодӣ, бино бар тибқи машҳуртарин ақвол, мутобиқ ба 12-уми рабеъулаввали солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ, замоне, ки Қурайш аз авҷи фасоҳат ва балоғати адабиаш ифтихор мекард ва низ духтардориро барои худ ор медонист, духтарони навзоди худро зиндабагӯр мекард ва бо занон ҳамчун мол ва коло муносибат менамуд, дар ин шаҳри шаҳир ва дар ҷавори Каъба навзоде ба дунё омад, ки ба Ӯ Муҳаммад (с) ном гузоштанд. Вақте ки Абраҳа-подшоҳи он вақти Яман, ба мақсади вайрон ва валангор кардани Хонаи Худо-Каъба кишварашро тарк карда ва оқибат ба азоби Илоҳӣ гирифтор шуда буд, зодрӯзи маҳбуби Раббилоламинро ба ҳамон ҳодиса рабт дода мегӯянд: «Ӯ (с) дар ҳамон сол чашм ба дунё кушодааст…».
Навзоде, ки Ҳалимаи Саъдия-модари ширхорааш, барои ятим будани Ӯ (с) беш аз се маротиба аз назди Омина-модари Паёмбар (с), дасти холӣ баромада рафта буд, касе фикр намекард, ки ин тифл ҷаҳони пурҷаҳолатро бо нури Ҳақ ва хиради Худододиаш равшан хоҳад кард. Духтардорӣ ва тарбияти онро шараф хоҳад донист ва занро он қадар гиромӣ хоҳад дошт, ки ҳеч кас дар тӯли таърих ба гунаи Вай (с) занро азизу арҷманд нагуфта буд ва ҳаққу ҳуқуқашро ба ҷо наоварда буд ва нахоҳад овард.
Ҳаёти Ӯ (с) дар Макка қабл аз ҳиҷрат
Муҳаммад (с) дар тӯли дар Макка буданаш ҳамчун марди ростгӯ ва амонатдор шинохта шуд. Ӯ (с) дар синни 25-солагӣ бо Хадиҷа бинти Хувайлид издивоҷ кард ва ин бонуи гиромӣ соҳиби чор духтар ва ду писар гардид ва дар синни чиҳил солагӣ баъд аз нузули пайки Ҳаққ ба даъвати мардум шурӯъ намуд. Даъвати Ӯ (с) дар зодгоҳаш 13-сол тӯл кашид ва бо вуҷуди сахтиҳои рӯзгор ва саддсозии куффор дар ин муддат тавонист, ки мардуми зиёдеро ба роҳи Ҳақ ҳидоят кунад ва девори зулм ва ҷабри падарони бо “номус”-ро нисбат ба зан ва духтарони худ бишкананд. Ҳарчанд аксар пайравонаш аз мардуми доро набошанд ҳам, вале иродаи ёрони бовафояш ва ҷаҳду талошҳои якҷояи онҳо тавонист, ки ҷаҳонро ранги дигар бахшад.
Замоне, ки бори нахуст, пайки Ҳаққ фурӯд омад, аз хондан ҳарфашро оғоз кард ва пайи ҳам се маротиба таъкид карда гуфт: Бихон.., бихон.. ва бихон! Ба ҳамин хотир соҳиби Шариъат ҳамеша талош мекард, ки пайравонаш аксар вақти худро дар таълимгирӣ ва таълимдиҳӣ сарф намояд ва ҳамеша дар пайи омӯзиши худ ва омӯзонидани дигарон бошанд то зулмати ахтарсӯзро бо нури маърифат равшан кунанд…
Ҳиҷрат ба Мадинаи Мунаввара
Баъд аз 13-соли даъвати «пӯшида» дар Макка ба ӯ иҷозат дода шуд, ки зодгоҳашро ба мақсади шаҳри Ясриб-Мадинаи мунаввара тарк карда, пойтахти ҳукумати исломиро дар ин шаҳр таъсис намояд. Баъд аз вуруд ба Мадинаи мунаввара шоҳкориҳое анҷом дод, ки таърих назирашро то ҳол надидааст: бунёди масҷид, эълони бародар шудани мардуми муҳоҷир ва ансор ва таъсиси давлати исломӣ…
Вақте, ки Расули Худо (с) усул ва мабонии ҳукумати исломиро дар ин шаҳр тарҳрезӣ ва қомати давлаташро рост мекард, Қурайш ва арабҳои бодиянишин, мардуми таҳҷойии Мадинаи мунаввар ба чор гурӯҳ ҷудо шуданд, яке мусалмон, дуввуми мунофиқ-дурӯя ва сеюмӣ дар ҳолати куфри худ боқӣ монд ва гурӯҳи чорум пайравони Мӯсо (а) аз қавми яҳуд ва низ бузургтарин империяҳои он замон: Форс ва Рум изҳори нигаронӣ карданд. Нерӯи ин ҳама дар чанд соли баъд, дар назди ин давлати навтаъсис ба шикаст мувоҷеҳ шуда аксари ин мардум ба ҷамъи пайравони Муҳаммад (с) пайвастанд...
Ҳазарати Муҳаммад (с) дар Мадинаи мунаввара наздик ба даҳ сол мардумро дин, давлат ва тарзи ҳукумат карданро омӯзонид. Барои паҳн кардани даъваташ тамоми талошҳои худро кард ва мардумро ба роҳи Ҳаққ ва дину ойин Ислом даъват намуд. Дини Худоро ба пуррагӣ ба мардум расонид ва рисолати паёмбариро бе камиву зиёдатӣ анҷом дод…
Вафоти он Ҳазрат (С)
Паёмбари Худо (с) орзӯ карда аз Худои худ хоста буд, ки ҷоми шаҳодатро барояш насиб кунад, дар ҳоле, ки ҳазрати Парвардгор ҳифозаташро ба ӯҳдаи худ гирифта дар Қуръони карим фармуда буд: Худо туро нигаҳ медорад! Баъзе муфассирони муосир орзӯ ва ҳифозат ҳардуро ҷомаи амал пӯшида медонанд. Яъне, Худованд ваъда дода буд, ки то рӯзи ба охири расидан ризқу рӯзӣ Паёмбарашро ҳифозат ва мекунад ва ба ваъдаи худ амал кард ва шаҳодати Расули Худоро бо заҳре, ки қаблан тавассути як зани яҳудие ба Муҳаммад (с) хӯронида шуда буд, шаҳодаташро ба таъвиқ андохт ва рӯзи душанбе, 12-уми рабеъулаввали соли 11 ҳиҷри қамарӣ, мутобиқ ба 633 мелодӣ ба дидори ҳазрати Ҳақ пайваст…
Бузургдошти Расули Акрам (С)
Бузургдошти зодрӯз ва ё маргрӯзи он Ҳазрат(с), аз замони хилофати исломӣ то кунун, дар байни мардум ихтилоферо ба вуҷуд овардааст. Сахтгирҳо дар мисоли пайравони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо далели он ки ҷашн гирифтани зодрӯз дар замони Паёмбар(с) роиҷ набуд ва худи он Ҳазрат низ зодрӯзашонро қайд накардааст, баргузории мавлуди Набиро як амали номақбул ва хилофи одат медонанд ва гурӯҳи дигар дар мисоли шиаёни Эрон ва бареливиҳои Покистону Ҳиндустон дар таҷлили ин рӯз ба ифрот дода шуда, баъзе корҳо ва амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки инсонро ба куфр наздик мекунад, ба ҳамин хотир рафтори инҳоро ваҳҳобиҳо куфр медонанд…
Аммо усулгароён ва ё пайравони исломи мӯътадил ҷашн гирифтани ин санаи муборакро, бо далели он ки дар ин рӯз, бори дигар аз ҳаёту фаъолият, талош ва заҳматҳои он ҳазрат барои таблиғ дини ислом ва кӣ будани шахсияти паёмбари Ислом- Муҳаммад(с), уламо ва донишмандон мардумро огоҳ мекунанд, кори хайр ва онро шаръан ҷоиз медонанд.
Онҳое, ки мехоҳанд зодрӯзи Паёмбари бузургвори худро ҷашн бигиранд ва дар доираи хонавода дастурхони бошукӯҳе ороста, қабл аз оғози таъом, бори дигар зикр Муҳаммад(с)-ро дар хона зинда намоянд ва кӣ будани ин абармарди ҷаҳонро ба кӯдакону наврасони худ бифаҳмонанд, гӯянд, ки дуввумин саволе, ки дар қабр дода мешавад, дар бораи ҳамин маҳбуби дилҳост, ва баъд аз адои таъом низ ин хайри кардаи худро бо ҷамъи дуруду саломҳои бепоёни ба Ӯ(с) ҳадия намояд, беҳтарин кореро анҷом хоҳанд дод ва ин ҳақро касе аз онҳо салб карда наметавонад!
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4430-tarikhi-tavalludi-payombar.html