02:25:36 25-уми Майи 2025 сол

БАРКАНОРИИ 10 ИМОМ-ХАТИБ ДАР МАСОҶИДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар Душанбе даҳ имом-хатиби масоҷиди пойтахти Тоҷикистон аз симатҳои худ барканор шудаанд. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки имом-хатибони ҷадид аз сӯйи намозгузорон интихоб шудаанд ва мақомот дар барканорӣ ва интихоби онҳо мудохила накардаанд.

 

mosqueИн дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, ки тайи чанд моҳи ахир фишори давлат бар мазҳабиён ва мудохилаи он дар умури мазҳабӣ афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Нуриддин Тураҷонзода, рӯҳонии маъруф, ки имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия"-и шаҳри Ваҳдат буд, аз симати худ истеъфо дода ва ин симатро ба Маҳмуди Тӯраҷонзода, бародари хурдии худ, вогузор кардааст. Рӯзи ҷумъаи 28 январ ба намозгузорони бархе аз масоҷиди Душанбе имом-хатибони ҷадиди ин муассисоти динӣ муъаррифӣ шуданд. Шамсиддин Нуриддинов, раиси бахши адёни шаҳрдории Душанбе, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки интихоби имом-хатибони ҷадид бидуни мудохилаи давлат сурат гирфита ва ин хости худи намозгузорон будааст. Вай гуфт, ки дар бораи далоили иваз шудани имом-хатибон иттилоъ надорад, зеро ин кори созмонҳои ҷамъиятии мазҳабист ва шаҳрдорӣ аз ҳаққи мудохила дар умури онҳо бархурдор нест.

 

Вале шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки имом-хатибони ҷадид дар ҳузури намояндагони шаҳрдорӣ бидуни баргузории ҳеч гуна интихоботе муъаррифӣ шудаанд. Абдулҳамид Шарипов, ки акнун имом-хатиби собиқи маҳаллаи мавсум ба “Калинин”-и шаҳри Душанбе аст, мегӯяд, ки вай худ ба далели вазъи саломатиаш тақозои истеъфо кардааст.

 

Оқои Шарипов вуҷди ҳар гуна фишори давлат дар интихоби имом-хатиби ҷадиди ин масҷидро рад кард. Вай афзуд: "Намояндагони шаҳрдорӣ мулло Қобилҷонро (Боев) ба унвони имом-хатиби ҷадид пешниҳод карданд. Дар гузашта мо ӯро мешинохтем ва ба ин далел интихобаш кардем."

 

Вале, Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули маркази таҳлилии мавсум ба “Диалог” ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба интихоби озоди имом-хатибони шаҳри Душанбе бовар надорад.

 

Вай афзуд: "Мо иттилоъ дорем, ки шаҳрдори Душанбе дар ин замина дастурҳое дода ва бояд ба симати имом-хатибон танҳо нафароне интихоб шаванд, ки фармонҳои раиси шаҳрро комилан иҷро мекунанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки магар метавон ба интихоботи озоди имом-хатибон бвоар кард? Магар дар даҳ масҷид яку якбора тасмими иваз кардани имом-хатибон гирифта шудааст?"

 

Дар ҳамин ҳол, масъулони бахши адёни шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки табдили имом-хатибон ба дар масоҷиди ин шаҳр ба санҷиши дониши онҳо ё таъйиди салоҳияти онҳо (аттестатсия) ҳеч рабте надорад. Шамсиддин Нуриддинов гуфт, ки ҳоло марҳилаи таъйиди салоҳияти имом-хатибони пойтахти Тоҷикистон фаро нарасидааст. Тибқи иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин санҷиш ҳоло дар миёни имом-хатибони масоҷиди вилояти Суғд идома дорад.

 

Вале масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки натоиҷи муқаддамотии таъйиди салоҳияти имом-хатибон нишон додааст, ки бархе аз онҳо дар канори сатҳи пойини дониши дунявӣ ҳамчунин аз донишҳои зарурии исломӣ низ бархурдор набудаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон иддаъо доранд, ки дар ин авохир мудохилаи давлат дар умури мазҳабӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин замина, аз ҷумла ба бозпас овардани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломӣ дар кишварҳои хориҷӣ, маҳдудият дар пӯшиши либоси исломӣ ва тавзеъи адабиёти мазҳабӣ ишора мешавад.

 

Ҳамчунин, мухолифони давлат аз бархӯрди маъмурони интизомӣ бо мардоне, ки риш доранд, шадидан интиқод мекунанд. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран изҳор дошта буд, ки маъмурони пулис аз ришдорон танҳо тақозои табдили акси худ дар шиносномаҳоро мекунанд.

 

Ба гуфтаи вай, сурати ришдорон бо аксҳои насбшуда дар мадорики онҳо созгор нест ва дар кори маъмурони пулис барои мушаххас кардани ҳувияти ин афрод мушкил эҷод мекунад. Вале Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд худ шоҳид будааст, ки маъмурони пулис ришдоронро иҷборан ба сартарошхона бурдаанд. Вай афзуд: "Мо аз ин амр огоҳӣ ёфтем. Вақте вориди як сартарошхона шудем, дидем, ки бо фармони маъмурони пулис риши мардҳоро метарошиданд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4289--10------.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ