21:53:41 31-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Олмон ваъда додааст, ки ба кишварҳое, ки аз гуруснагӣ азоб мекашанд, кӯмак хоҳад кард Хабар 02.05.2022 17:46 348
Олмон ба кишварҳое кӯмак хоҳад кард, ки дар натиҷаи бӯҳрони ғизоӣ ба гуруснагӣ дучор мешаванд. Дар ин бора Олаф Шолз, садри аъзами Олмон изҳор дошт.
Абдраимова, раиси пешини Комиссияи марказии интихобот дар Қирғизистон боздошт шуд Хабар 02.05.2022 17:45 358
Собиқ раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон ва намояндаи собиқи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Чой Т. Абдраимов рӯзи 1 май аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Бар зидди эътирозгарон дар Порис аз гази ашковар истифода шуд Хабар 02.05.2022 17:43 364
Дар Порис полис ба сӯи тазоҳуркунандагон гази ашковар партоб кард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба мухбири худ хабар додааст.
Сарвазири Ҳиндустон дар ҷараёни сафари хориҷӣ вазъи Украинаро баррасӣ мекунад Хабар 02.05.2022 17:42 334
Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар нахустин сафари хориҷии худ масоили тиҷорат, амнияти энержӣ, дифоъ ва табодули назар дар бораи авзоъ дар Украинаро баррасӣ мекунад. Дар ин бора муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Винай Кватра хабар дод.
Нерӯҳои Артиши Русия дар наздикии Одесса як пойгоҳи низомии Украинаро нобуд сохтанд Хабар 02.05.2022 17:41 317
Сухангӯи вазорати дифоъи Русия Игор Конашенков дар брифинг гуфт, артиши Русия як пойгоҳи низомии Украинаро дар наздикии Одесса бо силоҳе, ки ба нерӯҳои амниятии Украина аз кишварҳои ғарбӣ интиқол дода буд, тахриб карданд.