06:35:52 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Иди саиди Фитр ва иди Рӯзи Ваҳдат муборак бод! Хабар 25.06.2017 13:02 1297
Дар он ки имсол иди Саъиди Фитр ва иди Рӯзи Ваҳдатро мо, мардуми Тоҷикистони азиз, дар як мақтаи замонӣ таҷлил менамоем, бешак ҳикмати Илоҳие нуҳуфтааст, ки дарки онро шояд ҳар кас ба таври худ шарҳ дода тавонад. Бале, моҳи Рамазон, моҳест, ки Худованди бузург ба бандагони мусалмонаш бар ивази тооту ....
Талошҳо барои истиқрори Сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон ё худ чанд факту оморе, ки наметавон онҳоро инкор кард Сулҳ, оштӣ, ваҳдат 18.06.2017 22:47 3304
Ҳарду ҷинои муттахосим дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон ба сари мизи музокироти сулҳ ба таври расмӣ таҳти миёнҷигарии СММ 5 – уми апрели соли 1994 нишастанд. Касе фикр кунад, ки тоҷикон танҳо баъди гузаштани қариб ду соли ҷанг ба худ омаданду ...
Одина Ҳошим имрӯз 80-сола шуд Адабиёт ва фарҳанг 13.06.2017 09:00 1634
Агар умр вафо мекард имрӯз, 13-уми июни 2017 Ҳофизи Халқии Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳунарманди зиндаёд устод Одина Ҳошим 80-сола мешуданд. Ба ин муносибат ва 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори Сулҳу оштӣ ...
«Аҳмад Зоҳир ва худшиносии миллӣ» Ёди рӯзгори ширин 12.06.2017 23:12 2281
Дар таърихи хунёгарӣ ва овозхонии мардуми порситабор шурӯъ карда аз давраи пеш аз Борбад ва ворисони ҳунарманди ин қофиласолори риштаи сарояндагии ориёиҳо чун Гесӯ, Саркаш, Накисо ва садҳо нафари дигар ҳунари сарояндагиро дар марзи паҳновари импературии Сосониён, давлати пуриқтидори Сомониён ...
Маҳфили бузургдошти Орифшоҳ Орифов Хабар 11.06.2017 23:47 1221
Дирӯз, 10.06.2017, дар толори консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори 80-уми солгарди зодрӯзи устоди эстрадаи тоҷик Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Орифшоҳ Орифов бо ибтикори вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ёдбуди ӯ баргузор гардид.
Зиёрати авлиёи Файзобод - 2 Адабиёт ва фарҳанг 09.06.2017 22:50 1702
Баъди зиёрати мақбараи ҳазрати Хоҷа Ҳотами Асамм мо дӯстон бо роҳбаладии Абӯбакри Азиз, ки аз Душанбе моро ҳамроҳӣ мекард, роҳи деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Қалъаи Даштро пеш гирифтем.
Зиёрати авлиёи Файзобод - 1 Адабиёт ва фарҳанг 08.06.2017 23:46 1178
Рӯзи 06.06.2017 бо дӯстонам Абубакру Бурҳону Ҷамшед ва Асадуллоҳ ба зиёрати мақбараҳои авлиёи Файзободи бостонӣ рафтем. Нахуст мақбараи Ҳотами Асамм, яке аз бузургони машоихи Балхро, ки дар наздикиҳои маркази ноҳияи Файзобод мавқеъ дорад, зиёрат кардем.
«Савганди сулҳофаринӣ»- китоби нав дар бораи раванди сулҳсозӣ Сулҳ, оштӣ, ваҳдат 04.06.2017 23:09 2062
Дирӯз, 2-юми июни 2017, дар Душанбе дар чаҳорчӯбаи маҳфили профессор, устод Иброҳим Усмонов муаррифии китоби тозанашри мавсуф «Савганди сулҳофаринӣ» баргузор гардид. Китоб таҳти назари академик Назаров Т. Н. дар чопхонаи ҶДММ «Бебок» ба нашр расидааст.
ИЛМ ВА АМНИЯТ Сиёсат 02.06.2017 02:35 1257
Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, "Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз" (Томас Гоббс) эълом гаштааст.
Саидамир Зуҳуров ҷарроҳии қалбро пушти сар кард Сиёсат 02.06.2017 02:28 1263
Генерал Саидамир Зуҳурови 66-сола, ки аз бемории қалб ранҷ мебурд, баъди як ҷарроҳии вазнин дар Ҳиндустон сиҳат ёфта, ахиран ба Тоҷикистон баргашт.Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн дар суҳбат бо мо гуфт, ки ҳанӯз ҳам осори дард боқӣ мондааст.