17:10:51 21-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Талошҳо барои истиқрори Сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон ё худ чанд факту оморе, ки наметавон онҳоро инкор кард

Ҳарду ҷинои муттахосим дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон ба сари мизи музокироти сулҳ ба таври расмӣ таҳти миёнҷигарии СММ 5 – уми апрели соли 1994 нишастанд. Касе фикр кунад, ки тоҷикон танҳо баъди гузаштани қариб ду соли ҷанг ба худ омаданду сипас барои барқарории сулҳ маҳз аз ҳамин сана кӯшишҳо ба харҷ доданд, албатта иштибоҳ мекунад. Ҷаҳду талошҳо барои ҳифзи сулҳ то оғози даргириҳо ва баъди он ки оташи ҷанг аланга гирифт, барои барқарории он ҳанӯз аз аввалҳои соли 1992, махсусан баъди баргузории митингҳои ба ҳам зид дар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ», ки имрӯз ҳарду тағйири ном кардаанд ва яке майдони Исмоили Сомонӣ ва дигаре майдони «Дӯстӣ» ном гирифтааст, шурӯъ шуда буданд.

 0.tarikhi-adabiyoti-tojik 3

Барои мисол аз мавқеи сулҳталабонаи як гурӯҳ ҷавонони хатлонӣ бо роҳбарии Ғаффор Мирзоев маъруф ба лақаби «Седой», яъне «Мӯйсафед», замоне фармондеҳи горди президентӣ буду имрӯз дар кунҷи зиндон ба ҳабси абад маҳкум шудааст, инчунин Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохила дар ҳукумати солҳои 1992-1995-и Тоҷикистон, ки ҳамчунин чанд сол умри худро дар маҳбас сипарӣ кард ва феълан дар озодӣ машғули табобат аст ва аз кӯшишҳои Давлати Худоназар, Бурӣ Каримов ва ғайраҳо, ки мехостанд нақши миёнҷиро дар ин муқовиматҳои дар аввал сиёсиву баъдан низомӣ бозӣ кунанд, метавон ёдовар шуд. Дар ҷараёни ҷанг, махсусан баъд нимаи дуюми моҳи маи соли 1992 – юм ҳам, тарафҳои даргир борҳо сари мизи музокирот нишастаанд ва санадҳоеро ҳам имзо карданд. Вале ҳеҷ не, ки ҷанг қатъ шавад ва ҷонибҳо ба сулҳу оштӣ биёянд. Дар ин ҷо танҳо аз баъзеи он кӯшишҳо ёдовар мешавем.

Рӯзи 14 июли соли 1992 дар совхози «Туркманистон» - и ноҳияи Вахш дар хонаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ маъракае барпо шуд, ки дар он Сангак Сафаров, яке аз лидерони тарафдори митинги майдони «Озодӣ» ширкат варзид. Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Сангак Сафаров дар ин маърака суханронӣ карда қавл доданд, ки талошҳои худро барои таъмини сулҳ вусъат мебахшанд. Вале даргириҳои пароканда дар манотиқи водии Вахш қатъ нагардиданд. Бинобар ин рӯзи 20 июли соли 1992 баъди нисфирӯзӣ дар бинои майдони ҳавоии шаҳри Қӯрғонтеппа музокироти байни роҳбарони ҷумҳурӣ, вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

Дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, сарвазири ҷумҳурӣ Акбар Мирзоев, муовини сарвазир Давлат Усмон, вазири адлия Файзулло Абдуллоев, раиси Кумитаи амнияти Миллӣ Алиҷон Солибоев, сарварони вилоятҳо, инчунин Сангак Сафаров, Рустам Абдураҳимов ва Саид Салимов иштирок доштанд. Нишасти онҳо тӯлонӣ буд ва Созишномаи қатъи даргириҳо танҳо қариби хуфтан ба имзо расид. Вале, мутаассифона, рӯзи дигар боз ҷангҳо идома пайдо карданд. Кӯшиши хеле ҳам муассир, рӯзи 26 июли соли 1992 дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайваст.

Он бо номи «музокироти сулҳи Хоруғ» маъруф аст ва дар он гуфтушунид 84 нафар роҳбарон, намояндагони ҳизбҳо, созмонҳо, рӯҳониён, қумандонҳо, раисони вилоятҳои Ленинобод, Қӯрғонтеппа, Бадахшон, Кӯлоб, навоҳии тобеъи марказ, иттифоқҳои касаба, органҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок карданд ва ба зери Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Аммо бадбахтона, ин кӯшиш ҳам баръабас рафт.

Дар сессияи 16 – уми Маҷлиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд барпо шуд, низ кӯшише карда шуд, барои барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон. Дар ин сессия дар қатори вакилон баъзе фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳарду ҷониби даргир ширкат карданд ва ҳатто якдигарро барои қатъи хунрезиҳо даъват карданд. Вале мутаассифона, баъди пароканда шудани вакилон даргириҳо аз нав авҷ гирифтанд. Кор ба ҷое расид, ки тарафе бо истифода аз кӯмакҳои низомии кишварҳои зидахл дар қазия ба он кӯшид, ки тарафи дигарро аз саҳнаи сиёсат дур сохта, тамоман маҳв созад. Ин гуна талошҳо боиси он шуданд, ки бархе аз роҳбарони ҷониби ба мағлубият дучоргашта бо ҳамроҳии тарафдоронашон иҷборан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳоҷират карданд ва дар он ҷо нерӯҳои худро ҷамъ сохта боз ба ҷанг идома доданд.

Ҳамин тариқ ҷонибҳои даргир то охири соли 1992 аввал дар Қӯрғонтеппа, баъд дар Хоруғ ва сипас дар Хуҷанд хостанд худӣ ба худӣ муқовимати сиёсию низомиро ба таври мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд. Вале чӣ тавре, ки дидем, масъала ҳалли худро пайдо карда натавонист. Ҳисси душманӣ ва адоват нисбати якдигар он қадар боло гирифта буд, ки тарафҳо асло намехостанд ва ё дурустараш наметавонистанд, ки ба якдигар бовар кунанд, эътимод бубанданд ва созишномаҳоро риоя кунанд. Аниқ буд, ки дар вусъат гирифтани оташи ҷанг дар Тоҷикистон қувваи сеюм ё аниқтараш дасти хориҷ саҳми беандоза дошт.

Акнун торафт аён мешуд, ки бе дахолати миёнҷиёни хориҷӣ тоҷикони дар ҳоли ҷанг наметавонанд ба якдигар бовар кунанд ва сулҳу оштӣ намоянд. Руссия, ки дар аввали даргириҳо ошкоро аз намояндагони Фронти халқӣ дастгирӣ мекард, дар нимаҳои дуюми соли 1993 билохира дарк кард, ки вазъи ноороми сиёсиву низомӣ дар минтақа, ба хусус дар Тоҷикистон, ки марзашро сарбозони он ҳифз мекунанд, ҷавобгӯи манофеи стратегии ин кишвар намебошад. Бинобар ин дар пай ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон шуд. Дар ин самт сафари Е.М.Примаков, раиси хадамоти ҷосусии Русия, ки баъдан вазири корҳои хориҷа гардид, ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993 (ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12 – уми марзбонҳои русӣ) барпо гардид, сарнавиштсоз буд.

Дар ин мулоқоти хеле муҳим ҷаноби Примаков ба зимма гирифт, ки дар сурати қатъ кардани амалиётҳои низомӣ, Русия метавонад нақши миёнҷиро дар байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад. Бояд тазаккур дод, ки маҳз пас аз ҳамон мулоқот кӯшишҳои дипломатияи Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон торафт вусъат мегирифтанд. Билохира, бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи 5 – уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон ба кори худ шурӯъ кард.

Дар ҳайати ҳукумат Шукурҷон Зуҳуров –раис, Саид Салимов, Иброҳим Усмонов- муовинони раис, Баҳодур Абдуллоев, Амирқул Азимов, Раҳим Ҳошимов, Усмон Холдоров, Толиб Юнусов, Ш. Мирзоев, Э. Ғоибов, Ш. Шарифов аъзои ҳайати музокиракунанда буданд. Раҳбарияти мухолифин дар аввал Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари ИНОТ-ро раиси ҳайат ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода муовини дигари раҳбари ИНОТ-ро муовини раиси ҳайати музокиракунанда интихоб кард. Вале баъдан далел пеш овард, ки чун дар раъси ҳайати ҳукумат нафарҳои аввалу дуввум нестанд, онҳо низ аз ширкат дар гуфтушунидҳо дар ин сатҳ худдорӣ мекунанд ва расман Отахон Латифиро Ӣраҳбари ҳайати мухолифин дар ин гуфтушунид таъйин карданд.

Дар ҳайати мухолифин дар даври нахустини гуфтушунидҳо Абдунабӣ Сатторзода, Зайд Саидов, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳабиб Сангинов ва Бозоралӣ Сафаров ба ҳайси аъзо ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳамон шабу рӯз ба Маскав омада буданд ва ғайрирасмӣ ба кори ҳайати мухолифин раҳбарӣ мекарданд. Даври аввали музокирот дар Маскав ду ҳафта идома дошт. Дар ин байн се гуруҳи масоил мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Масоили паноҳандагон, низомӣ ва сиёсӣ. Дар баёнияи муштараке, ки дар хатми ин даври музокирот мунташир шуд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки дар оянда гуфтушунидҳоро баҳри ҳаллу фасли ин се масъалаи мушаххас идома хоҳанд дод.

Ҳамин тариқ музокироти Сулҳи байни тоҷикон то рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ, яъне 27 – июни соли 1997 иборат аз 9 давр идома дошт. Бо ибораи дигар бигӯем гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон 3 солу 3 моҳу 3 рӯз ё худ 1180 шабонрӯз давом кардааст.

Бояд гуфт, ки ҳайатҳои музокиракунада ҳангоми гуфтушунидҳо ҳар боре, ки ба бунбаст мерасиданд, барои во кардани гиреҳи мушкилот роҳбарони ду ҷониби даргир вориди майдони амал мешуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ 7 маротиба берун аз кишвар дар шаҳрҳои Кобул (май 1995), Теҳрон (июли 1995), қаряи Хустдеҳи Афғонистон (декабри 1996), шаҳрҳои Маскав (декабри 1996), Машҳад (феврали 1997), Бишкек (майи 1997), Маскав (июни 1997) бо ҳам вохӯрданду мулоқот карданд, ки дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо роҳи сулҳ ҳамвор мешуд.

Созишномаҳое, ки дар рафти гуфтушунидҳо ба имзо мерасиданд, зарурат доштанд, ки ба амал татбиқ бишаванд. Масалан Созишномаи оташбас, ки дар Теҳрон дар натиҷаи гуфтушунидҳои ҳайатҳои музокиракунанда ба имзо расид, лозим буд, ки дар дохил, дар сангарҳои набард риоя бишавад. Ин вазифаи масъулиятнок ба дӯши аъзои Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбас гузошта шуд. Ё ин ки Татбиқи Протоколи Хустдеҳ ба уҳдаи Ҳайати баландпояи муштараки низомиву сиёсӣ вогузор карда шуд. Аъзои ҳам Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи оташбас ва ҳам ҳайати баландпояи низомиву сиёсӣ дар вақти иҷрои вазифаҳои худ борҳо бо хатарҳои маргбор рӯ ба рӯ мешуданд, бархе аз онҳо ба шаҳодат расиданд.

Албатта агар худи тоҷикон ҷаҳду талоши беандоза зиёд ба харҷ намедоданд, азхуд гузашт намекарданд, расидан ба сулҳу оштӣ дар кишвар ғайриимкон буд. Вале бояд иқрор кард, ки бе кӯмаку миёнҷигарии кишварҳое ҳамчун Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва махсусан Федератсияи Россия, ҳамчунин СММ, САҲА, СКИ истиқрори сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон хело ба дарозо мекашид.

Аксари муҳаққиқону таҳлилигарон ва таърихнигорону солноманависон оғози ҷанги шаҳрвандиро расман 5 – уми маи соли 1992 ҳисобиданд. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз муқовимати сиёсии ҷонибҳои мутахоссим ба бархӯрди мусаллаҳона табдил ёфт ва маҳз дар ҳамин рӯз ҳисоби қурбониёни ин ҷанги таҳмилӣ кушода шуд. Ҳамон муҳаққиқону солноманависон поёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро расман рӯзи 27 – июни соли 1997, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии Сулҳ донистаанд. Пас, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 5 солу 1 моҳу 22 рӯз, ё худ 61 моҳу 22 рӯз, ё ба ҳисоби дигар 1880 шабонарӯз идома доштааст.

Комиссияи Оштии Миллӣ, органи муштараке, ки вазифадор буд тамоми асноди Созишномаи Умумии Сулҳро ба ҳаёт татбиқ намояд, расман аз 7 – июли соли 1997 дар Москав оғоз ба кор кардааст. 1 – уми апрели соли 2000 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи фаъолияти он фармон содир менамояд. Ҳамин тариқ Комиссияи Оштии Миллӣ барои ба ҳаёт татбиқ намудани нуктаву талаботи Созишномаи Умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон 2 солу 8 моҳу 25 рӯз ё ба ибораи дигар 999 шабонрӯз фаъолият кардааст.

Агар боз ҳам дақиқтару аниқтар ба ин масъала назар афканем, бояд бигӯем, ки КОМ дар ҷараёни фаъолияти хеш бо сабабҳои гуногун чаҳор маротиба ба коршиканӣ даст задааст, ки дар маҷмӯъ ин коршиканиҳо 59 шабонарӯзро ташкил додаанд. Пас бояд гуфт, ки фаъолияти КОМ 999 шабонарӯз не, балки 940 шабонарӯз идома доштааст. Агар ҳамин тавр бошад, пас як омори аҷибе ҳосил мешавад. Раванди истиқрори сулҳи байни тоҷикон 940 шабонарӯз давом кардааст, ки ин расо нисфи мӯҳлатест, ки ҷанги таҳмилии байни тоҷикон ҷараён доштааст.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi