22:45:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Одина Ҳошим имрӯз 80-сола шуд

Агар умр вафо мекард имрӯз, 13-уми июни 2017 Ҳофизи Халқии Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳунарманди зиндаёд устод Одина Ҳошим 80-сола мешуданд.

odina-hoshin 895547451Ба ин муносибат ва 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори Сулҳу оштӣ дар кишвар бознашри мақолаи журналисти шинохта Толиби Сайидзодаро, ки чанд сол муқаддам дар ҳафтаномаи «Миллат» чоп карда буд, дар ин рӯзҳое, ки бархе аз инсонҳо даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ва баракати неъмати сулҳро ба гӯшаи фаромӯшӣ додаанд, аз манфиат холӣ намедонам.

Ва аз дӯстони гиромӣ хоҳишмандам, ки ба хотири шод кардани рӯҳи поки ин ҳунарманди забардаст, инсони покниҳод, устод Одина Ҳошим дар ҳаққаш дуъои хайр кунанд.

Одина Ҳошим ҳамроҳ бо садҳо ҳазор ҳамватан ҳиҷрат карда буд…

Набардҳои хунини даҳшатбор дар Қаротегину Вахш идома дошт. Чун иддаи бузурги бародарону хоҳарони мо дар Давлати Исломии Афғонистон бори сангини ҳиҷрату дарду азоби алими мусофират мекашиданд, мо дар як гӯшаи Ватани ситамкашидаи хеш бе он азизони фирорӣ худро сахт нохуш эҳсос мекардем.

Ватан бе ними дӯстон, бе ними ҳамватанон ғамхонаву мотамсаро буд. Дигар тоқати дидани ашки талхи модарону нигоҳи ғамбори тифлаконро надоштем. То ҷое эҳсоси танҳоӣ мекашидем. Бозор Собиру Мирбобо ва Аҳмадшоҳи Комилзода зиндонӣ буданду аз Аслиддини Соҳибназар хату хабаре надоштем, Тоҳири Абдуҷаббор, Отахон Латифӣ, Азизи Хошок, Раҳими Мусулмониён..., ҳама пештозони муборизаҳои истиқлолталабӣ, мардони озодаву огоҳ дар қатори садҳо ҳазор ҳамватанони дигарамон сар ба ғурбат зада буданд. Аз дуриву фироқи дӯстону бародарон, аз парешонии миллат, аз ҳоли зори Ватани тирхӯрдаи захмин синаҳои ҳар фарди ватандӯст реш- реш буд. Чун хабари қатли як азизе ё сӯхтану ғорат шудани манзили ҳамватанеро мешунидем, беихтиёр абёти зерин вирди забон мегардид:

Бегона насӯхт ошёнат,

Бегона накард қасди ҷонат.

Дар мулки азизи Тоҷикистонат,

Куштанд туро бародаронат.

Ва чун баъдан дар Балху Ҳирот ҳоли зори ҳамватанони муҳоҷир, тоҷики ватандорро беватан дар Қундузу дар Толиқон, гӯрҳои беҳисоби ҳамватанони гурезаи хешро дидам, гуфтам:

Ай ҳамватанон санги ғазабро шиканед,

Хоки Ватанам зи мурда безор шудаст.

Мо бист нафар тоҷикбачаҳо аз гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон, ки аз тарси ҷон ба диёри Дарвоз панаҳ бурда будем, барои дидани дидори ҳамватанони муҳоҷирамон озими Давлати Исломии Афғонистон шудем. Ағбаи баланду сербарфи Сарҷавайро бо азобҳои алим пушти сар карда, дар рӯзи сеюми сафар ба Қалъаи Куф расидем.

Рустои Қалъаи Куф (зодгоҳи вакилони Порлумони Афғонистон хоҳарон Фавзия ва Марям ва генерал Асадуллоҳи Куфӣ) ҳанӯз аз замони шогирди мактаб буданам бароям ошно буд. Ин деҳа он солҳо бо номи муҷоҳиди диловар Мавлавӣ Абдулваҳҳоб дар тамоми марзу буми Бадахшон маълуму машҳур буд, ки ӯ сарсахтона бо ёронаш бар алайҳи сарбозони таҷовузкори Шӯравӣ муқовимат мекард. Ҳатто дар ин сӯи рӯди Омӯ номи Абдулваҳҳоб ҳамаро ба ларза андохта буд. Дар Қалъаи Куф чанд соате дам гирифтем, Абдулваҳҳобро суроғ кардем, гуфтанд, ки шаҳид шуда. Шаби дароз раҳ паймудем, рустоҳои Ҷирву Афталро пушти сар карда, чошти рӯзи дигар ба як деҳи зебоманзар, ки дар миёни талу теппаҳои сабзпӯши водии Роғ макон дошт ва онро Авдишо ном буд, фуруд омадем. Дар кӯлворамон чизе барои хӯрдан намонда буд, деви гуруснагӣ ба гулӯямон панҷа мезад. Болои ин ҳама офтоби сӯзони осмони Роғ ва раҳпаймоии тӯлонӣ моро хеле афгору хаставу афсурда карда буд.

Дар Авдишо чойхонаи зебое буд, ки соҳиби он марди хушсухани роғӣ чун донист, ки дар ҷайб пули русӣ дорем, аз чою нон додани мо саркашӣ кард. Ӯ пули русиро қабул надошт ва пули афғонӣ ва доллари амрикоӣ мехост, ки мутаасифона мо надоштем. Ногоҳ чашмамон ба думбра (дутор)-и дар сутуни чойхона овехта афтод ва дарк кардем, ки чойхоначӣ ба санъати мусиқӣ дилбастагие дорад. Аз ин рӯ барои дили ӯро ба даст овардан лаҷоми суханро ба дунёи мусиқӣ кашидем. Чойхоначӣ дар ҳақиқат марди аз дунёи мусиқӣ огоҳ будааст ва нохост пурсид:

- Шумо аз рӯзгор ва таронаҳои Мавлоно Одина Ҳошим чӣ медонед?

Аз ин суол моро ҳам шигифт ва ҳам хиҷолат омад.Шигифт аз он ки дар деҳаи дурдасти Афғонистон чойхоначие аз мо мепурсад, ки оё Одина Ҳошимро мешиносем. Хиҷолат аз он ки ин марди афғон моро ягон гулу гаранг гумон кард. Охир устоди мусиқӣ Одина Ҳошимро кӣ намешиносад. Ин хунёгари бузург барои ҳар фарди солимақли Тоҷикистон, барои ҳар як тоҷики баору номус азизу муътабар аст.

- Бале, - гуфтам ман,- устод Одина Ҳошим ва сурудаҳои ӯ барои мо хеле арзишманд аст ва мо ифтихор дорем, ки ин ҳофизи овозадор ҳамдиёри мост.

Чойхоначӣ низ паст наомада гуфт:

- Охунди Одина Ҳошим ҳамшаҳрии мост. Падари ӯ дар ана ҳамин сарзамин, ки Роғ ном дорад, таваллуд ёфтааст ва Одинаро ҳам, ки ин ҷо зода шуда буд, тифли парпеч ба он сӯйи Омӯ бурд. Агар шумо аз Одина Ҳошим суруде пешкаши мо созед, ҳамаатонро ройгон бо бурачой (шакарчой) зиёфат мекунам.

Ба хушбахтии мо дар байнамон хатмкардаи Донишгоҳи санъатии Тоҷикистон Назришоҳи Шоҳмансурӣ ҳузур дошт. Назришоҳ дуторро ҷур карда, ба сурудани оҳанге аз устод Одина ба матни шоир Сайидо оғоз кард, ки байте аз он чунин аст:

Дар ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,

Варна Рустам зи чӣ бойис сари Суҳроб хурад.

Овози ширину ширадори Назришоҳи гурезаву овора дар сарзамини Роғи Афғонистон бо боду обҳои мусаффои ин диёри афсонавӣ омехта шуда, ба дуриҳо парвоз мекард. Шояд он лаҳзаҳо дар Тоҷикистони азиз устод Одина ва ё ватандори дигари баномусе дар танҳоӣ нишаста чунин навҳа мекард:

Ало, ҳамшаҳрии кулвор дар пуштам куҷоӣ ту?

Ало, ҳамшаҳрии атфол дар муштам гадоӣ ту?

Ало, ҳамшаҳрии гирёну саргардону дарвешам,

Ғарибу нотавону гушнаву танҳову бехешам,

Аё тоҷики маҳбубам ба ёди ту дилам танг аст,

Басе шармандаам, қалбам ба ҷони хеш дар ҷанг аст,

Биёӣ, хоки поятро ба рӯи дида мемолам,

Наоӣ, дар фироқат то қиёмат зор менолам…

Мардуми зиёде атрофи моро печонд. Назришоҳи шайдои лаҳни устод Одина аз ҷигар навҳа мекашиду аз дидаи ҳамшаҳриҳои тоҷикистониву афғонистонии ҳунарманди камназир, писари Қосими Роғӣ ашк мешорид. Ашки ҳасрат, ашки фироқ, ашки ғурбат.

Чойхоначӣ ба аҳди худ вафо кард. Ҳамагонро ройгон бурачой зиёфат дод. Ҷалолиддин ном мухлис ва хеши устод Одина Ҳошим гӯсфанд кушта он бегоҳ моро дар манзили худ меҳмондорӣ кард. Мардуми деҳи Авдишо он шаб дар хонаи ҳамдеҳаашон Ҷалолиддин то дер бо мо суҳбати ширин оростанд. Субҳи он рӯз мардум моро бо ғизои дурӯза таъмин карда, то поёни деҳа гусел намуданд. Дар рӯзи сеюми аз Авдишо берун шудан мо ба шаҳри ободи Ёвон расидем, ки сари роҳи корвонгузари Файзободу Тахор воқеъ аст. Он ҷо пули русӣ дар муомилот роиҷ буд. Баъди он чӣ ки бо мо дар Авдишо рух дод, меҳру муҳаббатамон якбора ва дучанд ба ҳамдиёри бузурги ҳунармандони устод Одина Ҳошим афзуд. Маҳз ихлос ва муҳаббати доштаи соҳиби чойхона ва аҳли деҳи Авдишо ба устод Одина сабаб шуд, ки мо аз гуруснагӣ наҷот ёфтем. Мо ҳама қавл дода будем, ки агар рӯзе Худо хоста бошаду ба Ватан боз гардем, сараввал устод Одина Ҳошимро зиёрат мекунем ва барояш паём ва саломҳои бешумор, меҳру муҳаббати поку софи мардуми Роғро мерасонем. Аммо…

Моҳи ноябри соли 1993 аз тариқи радио хабари марги нобаҳангоми хунёгари беназир устод Одина Ҳошимро шунида дилҳоямон реш -реш гардид. Чи метавон кард, ки тақдирро чора нест. Устод Одина Ҳошим хунёгари бедордил, овозхони шуҳратёр, ҳофизи хушлаҳну озода, марди саҳназебу офтоби осмони санъат буд ва дар ҷодаи ғазалсароӣ то кунун назираш зуҳур накарда.

Ҳеч аз ёдам намеравад, ки боре Устоди шодравон дар суҳбате гуфта буд:

"Агар одамон девони Ҳофизу Сойиб, Сайидову Бедилро мутолиа кунанд ва ба дарки абёти ин бузургон бирасанд, ҳеч гоҳ ба халқу Ватан хиёнат нахоҳанд кард."

Ин ҳарфҳоро бо хатти заррин бояд дар болои чаҳор дарвозаи Душанбе навишт.

Устод Одина Ҳошим як озодамарди саршор аз шеъри ноб, моломол аз панду андарз, зиёии асилу огоҳ, овозхони тавоно ва соҳибмактаб, инсони фарҳангсипос ва меросдори ҳақиқии гузаштагони донишвару ифтихорманди мо буд. Ҳарчанд имрӯз пайвандону фарзандон ва шогирдони зиёди Устод Одина ҳунармандони шинохтае чун Абдулхайри Қосим, Мирзоватани Мирзода, Раҳмондӯсти Қурбониён, Файзалӣ Ҳасан, Абдусаломи Раҳим, Раҳматуллои Ҳошим идомабахши ному кори ӯ ҳастанд, аммо ҷойгоҳи ин хунёгари бузург барои ҳамеша холист.

Замоне ки тоҷик бар зидди ҳам шӯрид ва дар майдонҳои мухталиф хайма зад, ҳофизи номдору дардошнои мардум, сафобахши тую сури миллат Устод Одина Ҳошим оби дида дар бари рухсораҳо рӯйи пардаи телевизион омад ва илтиҷо мекард; "ай мардум, аз ақл кор бигиред, ин ҳама мухолифат ба муноқиша мебарад, боадаб бошед, ки имон адаб аст." Ҳама шунидем, вале касе амал накард ва сахт беадабӣ кардем.

Устод Одина чун як марди фарҳангу санъат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1991 аз номзадии ҳампешаи хеш коргардони шинохта Давлати Худоназар пуштибонӣ кард ва баъдан дар аёми гирудорҳои сиёсӣ ва ҷоҳталабӣ барои ин амал аз ҷониби як идда афроди нохудогоҳ зери фишори равонӣ қарор гирифт, таҳқир шуд ва дарун- дарун дар худ печиду сӯхт. Ва баъди дидани ин ҳама беадолатӣ ва бефарҳангии ҳамватанонаш, ки умре садоқатмандона ва сарбаландона хидмати онҳоро карда буд, қомати болову баланди хунёгари шаҳир шикаст, овозаш дар гулӯ банд монд, гӯшагир шуд ва бо ҳазорон дарду алам, бо қалби афгор ва ҳазорон розҳои ногуфта ормонӣ дунёи бевафоро тарк кард.

Мурод аз иншои ин сатрҳо он аст, ки ҳиҷрат ба хориҷ ба устод Одина насиб нагашта буд, вале лаҳни ширини ӯ, суруди баландпарвози ӯ, ғазалҳои ирфонии ӯ бо хости Худо бист тан ҳамдиёрони мусофирашро аз гуруснагӣ наҷот дод.

Суруди Одина шабу рӯз дар ҳиҷрат бо мо буд. Қалбҳои хунчакони моро дармон буд. Ӯ тору пуди вуҷуди моро ҳаловат ва оромӣ мебахшид. Аз ин рӯ устод Одина якҷо бо ҳазорон ҳамватанонаш дар ҳиҷрат буд, бо онҳо дарди талхи ғарибӣ чашид ва якҷо бо эшон шарафмандона ба Ватан бозгашт ва имрӯз низ бо мост…

Толибшоҳи Сайидзода

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi