06:25:38 19-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Шералӣ Абдулқайсов: "Вақте халқ моро нафаҳмид, мо дӯст не, душмани халқем"

Шералӣ Абдулқайсов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, яке аз беҳтарин ҳунарпешаҳои театри муосири тоҷик, имсол ба ҳайси устоди Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода низ дастоварди хуберо соҳиб шуд, ки дар ин бора ва умуман дар бораи театри имрӯз суҳбати хабарнигори ҳафтаномаи "Рӯзгор"-ро бо эшон ба таваҷҷуҳатон пешкаш мекунем.

1 ustod-sherali 2013-Хуб устод ташаккур, ки суҳбати моро пазируфтед, шогирдони Шумо аз Донишкадаи санъати ба номи Турсунзода чанд рӯз қабл асарҳои драматургияи ҷаҳониро ба саҳна гузоштанд ва гумон мекунам ҳунари онҳо бинандагонро ҳам хуш омад. Шумо ҳамчун устод ба кори онҳо чӣ баҳо медиҳед?

-Раҳмат, қаблан донишҷӯён бо як ё ду асар кори дипломияшонро дифоъ мекарданд ва хушбахтона мо имсол бо хатмкунандагони Донишкадаи санъат якбора ба шаш асари калонҳаҷм сарукор гирифта, бузургтарин асарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили "Камбағалӣ айб нест" ва "Духтари бебисот" - и Островский, "Муфаттиш"- и Гоголро таҳия намудем. Шогирдон дар ин асарҳо мисли он ки киштии бузург дар баҳри бузург бозарбу босалобат шино мекунад, зебо ҳунарнамоӣ карда, комёбиҳои зиёде ба даст оварданд.

Завқу салиқаашон сайқал ёфт, гиреҳҳои истеъдодашон кушода шуд. Ҳамчунин аз драматургияи миллӣ мо "Мусофир ё худ куҷо равонаем?"- и Нурулло Абдуллоев, "Алафҳои бегона"-и устод Султон Сафаров, "Хӯса"-и Нурмуҳаммад Табаровро ба саҳна гузоштем. Хулоса, дар шаш намоиш шогирдони мо тайи чанд рӯз дар назди ҳайати бонуфузи комиссияи давлатӣ, тамошобинону волидайни худ хуб ва бофайзу зебо ҳунари худро нишон дода, аз имтиҳони устодону ҳайати комиссия сарбаландона гузаштанд.

-Шуморо ҳамчун устод ҳунарнамоии онҳо қонеъ кард?

-Барои ба қуллаи баланд расидани шогирд фурсати зиёд лозим аст, қуллаҳои баланд ҳанӯз дар пешанд, вале бозёфтҳояшон дар ин синну сол қобили таҳсин аст. Бачаҳо аз уҳдаи дар саҳна мустақилона зиндагиву масъалагузорӣ кардан ва пешниҳоди афкори олӣ баромаданд.

-Устод, Шумо дар ҳоле ба ҳунари шогирдони худ баҳои хуб медиҳед ва саҳнаҳои бозидаи онҳо ба бинанда ҳам писанд омад, ки бархе аз вазъи таълим дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо изҳори нигаронӣ мекунанд…

- Воқеан, вақтҳои охир аз худи устодони Донишкада сар карда то аҳли ҳунар дар мавриди сифати таълими Донишкада фикрҳои гуногун гуфта мешавад. Хоссатан, онҳое, ки дар Донишкада кор намекунанд ё онҳое, ки дар Донишкада ба мушкилот гирифта шудаанд ва ё онҳое ки аз уҳдаи таълиму тарбия набаромада, Донишкадаро тарк кардаанд, акнун дар мавриди Донишкада ҳар гуна сару садоҳо баланд мекунанд. Ман чӣ гуфтанӣ ҳастам, охир ман аз осиёб омадаму онҳо мегӯянд, ки дӯл холӣ

Бо шогирдон мо сару кор дорем, аз рӯйи имкониятҳои шогирдон, аз рӯйи ҳаҷми андешаронияшон, аз рӯйи хислату характерашон асарҳо интихоб мекунем. Инҳо дар корҳои мустақилона, дар санҷишҳо хуб баромад мекунанд, асарҳояшонро намоиш медиҳанд, дар кафедра кори онҳоро баррасӣ мекунем ва ҳамин гуна шогирдон ба имтиҳонҳо омода мешаванд, ҷустуҷӯ мекунанд ва ба муваффақиятҳо низ ноил мегарданд. Хуб, аз ин рӯ ман ба онҳое, ки сатҳи таълими Донишкадаро танқид мекунанд, розӣ нестам. Аксари онҳо аз рӯйи ғараз танқид мекунанд.

-Шумо аз ҳунармандони машҳури театри мо ҳастед, дар Донишкадаи санъат ба ҳунармандони наврас дарс мегӯед, намоишҳо таҳия мекунед, ба фикри Шумо барои актёри хуб шудан чӣ чиз муҳимтар аст?

-ҷавҳари асосӣ дар касби актёрӣ ин албатта инсони комил будан ва набзи зиндаи ҳаётро дар саҳна нишон дода тавонистан аст. Он вақт пайдо мешавад тафаккури зинда, зарбу суръати зинда, ва мадори такондиҳандаву ғояе, ки барои ҷомеа бисёр муҳим аст. Албатта, меҳнат кардан, пайваста дар ҷустуҷӯ будану омӯхтан ва муҳаббат варзидан ҳам истисно нест.

-Чанд моҳ қабл театрҳои кишвар ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Парасту"-ро гузарониданд ва ин ҷашнвора баёнгари вазъи имрӯзи театри кишвар буд. Устод Ҳабибулло Абдураззоқов дар як суҳбат зикр карданд, ки мутаассифона на аз ҷиҳати драматургия, на аз ҷиҳати ҳунарӣ ё кори коргардонӣ чизи нав дар театри имрӯзаи тоҷик пайдо нашуда истодааст…

- Устод Ҳабибулло ҳунарманди бузург ҳастанд, аммо худашон барои комил гардонидан ва устувор кардани қадами мубораки шогирдон дар Донишкада курси алоҳида гирифта, танҳо ду се сол кор карда тавонистанду халос ва курсро партофта рафтанд. Баланд бардоштани ҳунари шогирд дигар масъала асту ба сари ӯ бо калтак кӯфтан роҳи дигар. Ман ба корҳои дипломии шогирдонам машғул будам ва имкон нашуд, ки ҳамаи намоишҳои "Парасту"-ро бубинам, аммо набояд фаромӯш кард, ки имрӯз театр аз мо роҳу равиши навро талаб мекунад. Тамошобин ҳам аз мо ғояи наву тарзи пешниҳоди навро тақозо дорад.

-Ба вазъи театрҳои кишвар чӣ назар доред?

-Театрҳои кишвар дар ҳоли ҷустуҷӯ ҳастанд ва роҳи ҷустуҷӯ дурудароз аст. Барои рушди театр аслан бояд режиссёри миллӣ тавлид шавад, режиссёре, ки аз нуқтаи назари миллӣ ба инсон муносибат менамояд ё ба ҳамон ҷавҳари волои гуманизми Шарқ, ки дар ниҳоди ҳар тоҷик ҳаст, такя мекунад,мисли Давлат Убайдуллоев. ӯ бо шогирдоне, ки аз донишкадаи санъат бармехезанд, кор карда, дунё-дунё ҳодисаҳову таркишҳои нав ва ғайричашмдошт меёбад.

Давлат Убайдуллоев асари комили классикаи русро бо омехтаҳо ва тафаккуру андешаҳои миллӣ ва фалсафаи оламгири тасаввуф пайванд дода, дар зеҳни шогирд инсони нав, ҳунару забон ва биниши навро ворид менамояд. Дар охирин намоишҳое, ки Давлат таҳия намуда, ин чизҳо зиёд ба чашм мерасанд. Ҳастанд онҳое, ки мехоҳанд чизи нав ба даст оваранд, вале бо зеҳн аз фарҳанги миллии худ огоҳанду бо хуну ҷон ба ин фарҳанги асил пайванд не. Ин фарҳанги воло бояд дар ҷони мо ҷой гираду ба хуни мо ворид шавад. Танҳо фарҳанги миллӣ дар ҷомеа такон ба вуҷуд меорад. Дар театрҳои мо талошҳо ҳам фаровонанд. Нуктаи дигар ҳам ҳаст, ки дар замони муосир ҷавононро аз кор бо интернету тамошои филмҳо дур карда, ба театр овардан заҳмати зиёд талаб мекунад.

2 ustod-sherali 2013-Шумо аз ҳунари коргардонии Давлати Убайдулло сухан гуфтед, воқеан устод аз коргардонҳои муваффақи мо ҳастанд, лекин як нуктаи дигарро мехоҳам зикр кунам. Мубтакирони ҷашнвораи театрии "Нигоҳи нав" аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки Донишкадаи санъати Тоҷикистон бахш ё шуъбаи коргардони театр ва синамо надорад. Режиссёрони миллӣ дар куҷо тарбия меёбанд?

-Дуруст зикр кардед, солҳои пеш коргардонҳо пас аз таҳсил дар ГИТИС ва донишкадаи театрии Санкт-Петербург ба театри тоҷик меомаданд. Дигар мо ҷумҳурии соҳибистиқлолем, бояд худамон шогирдонро тарбия намоем. Бояд дар Донишкадаи санъат факулта ё шуъбаи коргардонӣ таъсис дода шавад.

-Шумо ба замми актёри ҳирфаӣ будан дар театр ба кори коргардонӣ ҳам даст задаед. Коргардони хуб дар интихоби асари саҳнавӣ бисёр андешаву ҷустуҷӯ мекунад ва барои Шумо ҳам рӯшан аст вазъи драматургияи тоҷик…

-Мақсадатонро фаҳмидам, ин масъала ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ҳам нигаронкунанда буд. Кори драматургия душвор аст ва драматурги хуб ҳам дар домони театр месабзад. Драматург бояд зиндагиро бо тамоми ҷузъиёташ дида тавонад. Ҳамчунин, навиштани асари саҳнавӣ вақти зиёдро талаб мекунад ва мутаассифона аз ин нигоҳ барои драматурги мо мушкили молӣ ҳам пеш меояд. Мушкили молиии драматургро ҳал накарда, чӣ гуна аз ӯ асари хуб талаб мекунӣ?

-Фосилае, ки то ҷое байни тамошобину театр уфтода, шояд аз набудани асари саҳнавии хуб бошад?

- Ҳозир давраи дигар аст, инсонҳо ҳам тағйир ёфтаанд. Бояд аз дили халқ ва барои халқ асар офарида шавад ё бояд актёр дар саҳна сухане гӯяд, ки ба мардум таъсиргузор бошад. Вақте, ки халқ моро нафаҳмид, мо дӯст не, душмани халқем. Мо мегӯем, ки ҳунарманд ё шоиру нависандаи халқӣ ҳастему унвонҳои зиёд дорем, аммо халқ моро нафаҳмидааст, барои бедор кардани шуурнокии халқ қувватамон нарасидааст. Агар ҳамчун ҳунарманд фикру сухани ман барои халқам муассир набошад, вай намоиш ба кӣ даркор аст?

Масалан, мардуми назди Балтикро бинед, ҳам актёраш, ҳам шоираш, ҳам коргардонаш ҳама дар маҷмуъ бо рӯҳу равони халқашон тавъам шуда, ба халқ чунон пешниҳодҳои эстетикие карданд, ки халқ бедор шуд ва шуурнокии ҷомеа то ҳадде боло рафт, ки пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ мардуми назди Балтик ба ягон мушкил дучор нашуд.

-Нуктаи ҷолиб, аммо чаро сухани ҳунарманд ё адиби мо дар аксар маврид ба зеҳни мардум таъсиргузор нест?

-Ба андешаи ман аз ҳамдигарнофаҳмӣ. Охир вақте ба забони халқ гап зада наметавонӣ, халқ аз ту рӯй мегардонад.

ӣ бояд кард?

-Сухан ё худ қол ин силоҳи инсони ҷӯяндаву табобаткунанда нест, вазифаи инсони рӯшанибахш донистани ҳол аст. Ҳол аз сухан пеш аст ва пештар аз ҳол зарб ё мусиқӣ аст. Дар муҳаббат мусиқии дигар ва дар шуҷоату қаҳрамонӣ мусиқии дигар аст. Бояд донист, ки бо кадом зарб сухан гӯӣ, то ҳадафатро расонида тавонӣ. Бояд ҳоли халқро хуб дониву дарк карда тавонӣ.

Бубинед Румиву Муҳаммад Иқболро. Онҳо ғазабу андуҳи халқ, муҳаббату меҳрубонии халқ, хуллас тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқро аз худ кардаву барои ифода як калимаеро пайдо меамоянд, ки бори тамоми ин тобишҳоро бардошта метавонад. Ва аз як мисраи онҳо халқ як дунё маънӣ мебардорад. Шинохтани халқ барои ҳар эҷодкор муҳим аст.

- Устод, ташаккур барои суҳбат, дар анҷом мехоҳам пурсам, ки имрӯзҳо пайи кадом корҳо ҳастед? Бинандаи тоҷик аз Шумо чӣ нақшҳои наву саҳнаҳои навро чашмдор бошад?

- Синну сол корашро карда истодааст. Мо оҳиста-оҳиста ба синни нафақа наздик мешавем. Орзуҳои зиёд дорем, вале амалӣ шудани онҳоро Худо медонад.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi