18:10:19 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Имтиҳони давлатӣ дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ

Рӯзи сеюм аст, ки дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ ба санҷишгоҳ ва ҷои гирифтани имтиҳонҳо табдил ёфтааст.

1.abdulqaysovГап ин ҷост, ки имсол хатмкунандагони факултаи театрӣ -бадеии Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи устод Мирзо Турсунзода ва устодони онҳо тасмим гирифтаанд, ки имтиҳонҳои давлатиро бо ҳузури на танҳо падару модарон ва наздикон, балки тамоми хоҳишмандону алоқамандони театр бигузаронанд. Дар тафовут аз донишҷӯёни дигар мактабҳои олии кишвар толибилмони Донишкадаи санъат маъмулан имтиҳонҳои давлатии худро бо иҷрои нақше дар яке аз намоишномаҳои театрӣ дастҷамъона месупоранд.

Рӯзи 20-уми май, яъне дар рӯзи аввали имтиҳонҳои давлатӣ хатмкунандагони ин донишкада, ки ҳамчунин дар Студияи театри ба номи Лоҳутӣ муддати панҷ сол аз устодони ин даргоҳ таълим гирифтаанд, таҳти раҳбарӣ ва коргардонии Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Саодат Азизова ва Зафар Ҷаводов, раҳбари бадеии курс дар саҳнаи хурди театр намоишномаи «Духтари бебисот»-и Николай Александрович Островскийро, ки аз ҷумлаи дурдонаҳои  санъати театрии ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, бозӣ карданд.

Кафкӯбиҳои бардавому чеҳраҳои пуртабассуми тамошобинони сершумор ва махсусан устодони имтиҳонгиранда Ғолибҷон Исломов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон-Раиси Комиссияи имтиҳонҳои давлатӣ ва дигар аъзои он устодони санъати театрӣ- Тағоймурод Розиқов, профессор, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Рустамҷон Воҳидов- дотсент, Ҳунарманди Шоистаи ҶТ,  Санавбарбону Мирмуллоева, дотсент, декани факултаи театрӣ-бадеӣ, Шералӣ Абдулқайсов- дотсент, устоди Донишкада, актери маъруфи кишвар, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон дар анҷоми намоишнома аз он гувоҳӣ медоданд, ки толибилмони Донишкада дар супоридани имтиҳон комёб буданд.

Аксҳо аз намоишномаи «Духтари бебисот»- Н. Островский

Рӯзи 21-уми май хатмкунандагони Донишкада таҳти раҳбарӣ ва коргардонии устоди Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва устоди театри тоҷик Шералӣ Абулқайсов асари безаволи нависандаи бузурги рус Н.В. Гогол «Муфаттиш»-ро рӯи саҳна оварданд. Чи навъе, ки Шералӣ Абдулқайсов дар оғози намоишнома гуфт ин шоҳкории ҷаҳонии театр бори чорум аст, ки рӯи саҳнаи тоҷик меояд. Се маротибаи қабл онро дар солҳои мухталиф ҳунармандони ин театр пешкаши тамошобинон карда буданд ва ба истиқболи гарми онҳо рӯ ба рӯ шуда буданд.

Бояд гуфт, ки «Муфаттиш» таҳти коргардонии Шералӣ Абдулқайсов ва дар иҷрои шогирдони ӯ низ хеле ҷолибу дилкаш ва тамошобоб баромадааст. Ҳам коргардон ва ҳам иҷрокунандагони нақшҳо тавонистанд, ки таваҷҷуҳи тамошобинони сершуморро тӯли беш аз соат ба саҳна ҷалб намоянд ва дар фарҷом қарсакҳои самимиву пурмавҷи онҳоро сазовор шаванд.

Аксҳо аз намошномаи «Муфаттиш»-и Николай Гогол

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi