00:24:15 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ЧАРХИ ГАРДOН» АРОБАИ ТЕАТРРО МЕКАШИДА БОШАД?

Дар толори хурди театри давлатии академикӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши пиесаи драматург ва нависандаи маъруфи тоҷик Нурмуҳаммад Табаров «Чархи гардoн» дар таҳияи коргардони шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдуллоҳ Давлатов баргузор гардид.

/images/stories/2013/02/15_charkhi-gardun-2013.jpgМавзӯи намоишнома инъикоси зиндагонии аҳли дарбор, ба хусус наздикони шоҳ дар замони амирии Султон Масъуди Ғазнавӣ, писари Султон Маҳмуд мебошад. Драматург бо ин асараш талош варзидааст нишон диҳад, ки муборизаву мухолифатҳои дохилидарборӣ то чи ҳад ба вазъи мардум, муносибати байни давлатҳо ва дар умум тақдири давлату миллат таъсиргузор аст.

Дар айни замон таъкид мекунад, ки бадӣ кардан алайҳи касе ва ё кишваре дар оқибат мукофоти бади худро дорад. Накӯкорӣ бошад ҳамеша дар пай фарҷоми нек хоҳад дошт.

Убайдуллоҳи Давлат, коргардони хушсалиқаи театри муосири тоҷик бо он ҳунармандони хеле шинохтаи ҷумҳурӣ, ки дар ин намоишнома банд ҳастанд, аз қабили Улфатшоҳ Аҳмадшоев, Носирҷон Ҳасанов, Ортиқ Қодиров, Исо Абдурашидов, Қиёмиддин Чаққалов, Мирзоалӣ Муҳаммадиев, Султон Бобомуродов ва дигарон тавонистаанд, ки мақсаду ҳадафи муаллифи намоишномаро барои тамошобинон возеҳ намоянд.

Воқеан, Убайдуллоҳи Давлат аз ҷумлаи он коргардонҳоест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯ, дар фикри навоварӣ ҳаст. Ин намоишномаи ӯ низ аз чунин навҷӯиҳо холӣ нест. Дар оғози намоишнома рӯи саҳна омадани ходимони паси пардаи театр, аз қабили ороишгарону кормандони техникӣ ва дар ҳузури тамошобинон ба ҷо овардани корҳои ба ӯҳдаашон супурдашуда, азҷумла кӯмак кардан ба ҳунармандон дар пӯшидани либос, дар ороиши онҳо хеле саҳнаи ҷолиб ва бо аҳамият ҳам барои тамошобину ҳам барои ходимони паси парда ҳаст.Тамошобин аёнӣ дарк мекунад, ки театр танҳо аз он чизе, ки дар рӯи саҳна мегузарад, аз он иборат нест. Театр бештар аз он аст, ки мо дар саҳна мебинем.

Лаҳзаи ба ҳаволаи сагони одамхӯри Масъуди Ғазнавӣ додани инсонҳои ба ном «гунаҳкор» низ саҳнаи хеле муассиру сабақомӯз намоишнома аст. Ороиши мусиқии намоишнома бо истифода аз оҳангҳои муосиру классикӣ низ хеле ҷолиб таҳия шудааст.

Дар сурати ислоҳи баъе аз камбудиҳои ҷузъӣ ва сайқал ёфтани бозии ҳунармандон бо боварии том метавон гуфт, ки ин намоишнома дар оянда яке аз асарҳое хоҳад шуд, ки таваҷҷӯҳи тамошобинро ба театр бештар ҷалб хоҳад кард.

Аксҳо аз нахустнамоиши спектакли «Чархи гардoн» 12.02.2013

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi