15:22:26 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУҲАММАДҶОНИ ШОДӢ: «АНГУШТИ ТААССУФ МЕГАЗАМ, КИ…»

Муҳаммадҷони Шодӣ яке аз чеҳраҳои маъруфи театру синамои Тоҷикистон аст. Садои марғуладор ва чеҳраи нуронии ӯ ба кулли мардуми тоҷик ошност. Нақшҳои офаридааш дар хотири тамошобин нақш баставу дӯсташ медоранд…

/images/stories/2013/02/12_1-m.shodi-120213.jpgАммо сабаб дар чӣ бошад, ки чанд муддат аст ин ҳунарманди маҳбубро дар синамову телевизиони кишвар  камтар мебинем. Барои ба ин ва чанд суоли дигар посух гирифтан хабарнигори  сомонаи «Рӯзгор» бо Муҳаммадҷони Шодӣ  сӯҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, чанд муддат аст дар синамову телевизион камтар падид меоед…

-Шояд пир шудем (механдад). Баъдан худам ҳам он қадар дилгарм нестам. Зеро сатҳи синамои тоҷик солҳои охир хеле паст рафтааст. Боз як чизи дигар ҳам ҳаст, ки онҳое ки имрӯз филм ба навор мегиранд, рафиқони худашонро барои нақш офаридан даъват мекунанд, на ҳунармандони касбиро.

- Аммо соли гузашта дар филми «Номӯс» нақши эпизодиеро бозида будед-ку…

-Рости гапро гӯям танҳо ба хотири маблағаш розӣ шудам, ки дар ин филм нақш офарам.

-Фаъолиятатон дар театри Лоҳутӣ чӣ гуна аст?

-Бад не. Чанд соли охир дар намоишҳои «Куруш ва Томирис», «Моҷарои сари пода», «Кӯшки гардон», «Хизматгори ду хоҷа» нақш офаридам.

- Ба чуз кори театр боз  шугли дигаре доред?

-Омӯзгорам. Дотсенти кафедраи нутқи саҳнавӣ дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода. Ба актёрони наврас ҳунари сухангӯӣ меомӯзам. Ҳамчунин бо телевизионҳои давлатӣ ва студияҳои хусусӣ ҳамкорӣ  намуда, дар тарҷумаи филмҳо ширкат меварзам.

-Фарзандонатон роҳи Шуморо идома медиҳанд ё дунболи касбҳои дигар рафтаанд?

- Дунболи касбҳои дигар.

-Чаро?

-Аз худашон пурсед.

ӣ Шуморо ин қадар байни мардум маҳбуб кардааст?

-Маҳбуб буданамро намедонам, лекин  агар ин рост бошад, пас шояд он нақшҳое бошанд, ки дар театру симову синамо офаридам.

ӣ қадар нақш офаридаед?

-Аниқ намедонам, шояд наздик ба сад бошад.

-Дар муаррифии шумо нақши театр зиёд аст ё синамо?

/images/stories/2013/02/12_2-m.shodi-120213.jpg- Синамо. Синаморо миллионҳо нафар тамошо мекунанд. Масалан филми «Маҳдӣ» ё «Дар орзуи падар» моро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистону Ирон муаррифӣ намуд. Ё филми «Парвози занбӯр», ки ман дар он нақши асосӣ мебозидам, дар Фаронса ва фестивалҳои байналмиллалии Аврупо намоиш дода шуд. Ё филми режиссёри араб Абдулло Саидро дар мамолики арабӣ тамошо кардаанд. Ё….

- Ба театри тоҷик чӣ намерасад: актёри хуб, режиссёри хуб, ё намошнома?

-Муҳимтар аз ҳама режиссёр ва пардозгари хуб.

- Чаро маҳз касби актёриро интихоб кардед?

- Барои он ки дӯст медоштам ва хаёл мекунам, ки меҳри ин касб дар дили ман меросист. Ба ман аз падар гузашта. Чунки раҳматӣ қиблагоҳ на танҳо як инсони бофарҳангу худогоҳ, балки ҳунарпарвару ҳунарманд буданд. Ба ашъори классикон таваҷҷуҳи хоса доштанд. Шеъру достонҳои зиёде медонистанд.

Хусусан, «Шохнома»- ро дӯст медоштанд ва достонҳояшро ҳунармандона, бо як маҳорати баланд нақл мекарданд. Овозашон ҳам фораму дилкаш буд. Дар маҳфилҳо гоҳ-гоҳ суруд ҳам мехонданд.  Ман дар ҳамин гуна як муҳити зебои ҳунари падар ба воя расидам. Шояд таъсири ҳамин муҳит бошад, ки ман ин касбро пазируфтам.

ӣ кадар маош мегиред?

-Боз чӣ савол доред?

- Дар зиндагӣ чӣ чиз муҳим аст? Давлат, бахти оилавӣ, истеъдод, шуҳрат ё…?

- Саломатӣ, барои он ки агар саломатӣ набошад, на сарват ба даст оварда мешаваду на шуҳрат ва на бахти оилавӣ… Исетеъдодро ҳам бе саломатии тан нумӯъ додан имкон надорад.

-Дар вақтҳои фориғӣ аз кору ташвишҳои зиндагӣ ба чӣ машгул мешавед?

- Ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ва тамошои филмҳои таърихӣ.

- Хотирмонтарин лаҳзаи умратон кадом лаҳза аст?

-Вақте соли 1983-ум маро барои кор ба театри Лоҳутӣ даъват карданд.

-Агар дубора ҷавон шавед боз ҳам касби актёриро интихоб мекардед?

-Шояд.

-Аз умри гузаштаи худ розӣ ҳастед?

/images/stories/2013/02/12_3-m.shodi-120213.jpg-Не. Ман имкониятҳои зиёд доштам, аммо бо хости тақдир ё шояд аз бепарвоии худам буд, ки ҳамаи онҳоро истифода бурда натавонистам. Имрӯз аз ин ангушти таассуф мегазам...

-Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

-Мехоҳам аққалан умри боқимондаамро он гуна гузаронам, ки анҷомаш пушаймонӣ ба бор наорад…

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ

Баҳманёр, «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi