17:03:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«АЁДАТ»-И УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР РӮЗИ МАВЛУДАШ

Дирӯз, 2-юми майи соли 2012, ба рӯзи таваллуди  Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии ҷумҳурӣ, устод Мирзо Турсунзода 101 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар зодгоҳи шоир ноҳияи Ҳисор бо ташаббуси ҳукумати ноҳия маҳфили ёдбуди ин шоири маҳбуб баргузор гардид.

/images/stories/2012/05/03_namoishnomai-ayodat_3512.jpgДар пойтахти ҷумҳурӣ бошад, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ нахустнамоиши спектакли нависандаи маъруф Ҳикмат Раҳмат «Аёдат» ба вуқӯъ пайваст, ки он ба як лаҳзаи ҳаёти ин арбоби ҷамъиятиву сиёсии кишвар, бахшида шудааст.

Воқеан, аксарияти тамошобинони ин намоишномаро ширкаткунандагони маҳфили ёдбуди устод дар Ҳисор ташкил медоданд. Ёдовар мешавем, ки намоишномаи «Аёдат»-ро Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, режиссёри маъруфи кишвар Давлат Убайдуллоев  ҳамагӣ ду ҳафта қабл рӯи саҳна овардааст.

Дар он нақши асосӣ, яъне устод Мирзо Турсунзодаро, Ортиқ Қодиров, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон офарид. Дигар нақшҳоро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов (устод Боқӣ Раҳимзода), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов (олими эронӣ Муҳаммади Машкур), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асалбек Назриев (муҳаққиқи эронӣ Алӣ Сомӣ), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев (муовини раиси амният Комил Пӯлодов), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султонмурод Бобомуродов (Азими Лаклак), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Зулхумор Иброҳимова (хонуми устод Мирзо Турсунзода), Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзоалиев ва Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров (кормандони масъули амниятӣ) ва дигарон бозӣ карданд.

Дар ин намоишнома сухан дар бораи он меравад, ки чи гуна ду нафар меҳмони эронӣ, ширкаткунандаи Симпозиуми байналилалӣ дар Душанберо (соли 1967) мизбонон бидуни маслиҳати пешакӣ ба аёдати устод Мирзо Турсунзода ба шифохона мебаранд ва мавриди фишори кормандони амниятӣ, ки он вақт як дастгоҳи қудратии зери фармони дигарон буд, қарор мегиранд. Ва устод Мирзо Турсунзода бо он ақлу заковати хеш ин ҳолати барои ҳарду ҷониб ногуворро хирадмандона рафъ мекунад.

Самимӣ ва бо як маҳорати баланд иҷро шудани нақшҳо дар ин намоишнома онро барои тамошобин хотирмон намудааст.

Бо зер кардани ин калимаи бо ранги нилгун навишташуда шумо аксҳоеро аз ин намоишнома тамошо хохед кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi