НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР
Саҳифаи 10 аз 11
Мешавӣ ҳай хирси масте,
Меравӣ ҳай хирси масте!
Бар лаби дарёи масташ,
Тар лаби дарёи масташ!
Тар лаби дарё ҳамеша,
Дар лаби дарё ҳамеша
Нозанинон дилнавозанд,
Нозанинон дил навозанд!
Тарлабони нозанине,
Тар лабони нозанине!
Хуш лабони нозанине,
Хушлабони нозанине!
Серии дарё нигар,
Шерии дарё нигар!
Шерии дарё дигар --
Шерии дарёҷигар!
Синаи шераш нигар,
Синаи сераш нигар!
Ёл дорад шери дарё,
Бол дорад шери дарё!
Шери дарё заҳра дорад,
Шери дарё наъра дорад!
Шери дарё барнагардад,
Шери дарё хар нагардад!