НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР
Саҳифаи 9 аз 11
Ной гирӣ, вой гӯяд,
Пой гирӣ, ҳой гӯяд --
Вой-войи нозанине,
Ҳой-ҳойи нозанине!
Ҷӯра, гӯяд ной хое,
Ҷӯра, гӯяд пой хое,
Ҷӯра, гӯяд хой-хое,
Ҷӯра, гӯяд вой-вое!
Банди ронаш ганда гирӣ,
Банди ҷонаш канда гирӣ!
Ганда гирӣ банди роне,
Канда гирӣ банди ҷоне!
Аз камарбандаш бигирӣ,
Газ камарбандаш бигирӣ!
Газ камарбандаш занӣ маст,
Аз камарбандаш занӣ маст!
Бе камарбандаш зание,
Бе камарбандаш кание!
Гарданаш ҳай ганда гирӣ,
Гарданаш ҳай канда гирӣ!
Ғам нахӯр аз гандагие,
Кам нахӯр аз кандагие!
Зан ту кандӯи асал маст,
Кан ту кандӯи асал маст!