00:42:09 29-уми Майи 2025 сол

НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР

Мӯйҳои нозанине,

Рӯйҳои нозанине,

Чашмҳои ҷони ширин,

Чашмаҳои ҷони ширин!

 

Ҳай лабони нозанине,

Майлабони нозанине,

Пеши барҳо чанбари гул,

Пеши барҳо шанбари гул!

 

Синаҳо кабкони масте,

Синаҳо кабкони дасте,

Кабки масти масти масте,

Кабки масти дасти ма-сте!

 

Сина чун санҷоби масте,

Синаҷун санҷоби масте!

Нозанин маст аст санҷоб,

Нозанин бастаст санҷоб!

 

Сина гул, ҳай нозанин,

Синагул ҳай нозанин!

Нозанингул синаҳо,

Нозанин гулсинаҳо!

 

Аҳ! Чунин дигар набинӣ,

Аҳ чунин дигар набинӣ

Кабки масти нозанине,

Кабки дасти нозанине!

 

Ройҳои нозанине,

Нойҳои нозанине,

Пойҳои нозанине,

Ҷойҳои нозанине!

 

Ҷӯра, аз хӯрной гирӣ,

Ҷӯра, газ хӯрной гирӣ,

Ҷӯрагаз хӯрной гирӣ,

Ҷӯра, газ хӯрнойгирӣ!

 

Ҷӯраҷон, аз пой гирӣ,

Ҷӯраҷон, газ пой гирӣ!

Хой-хойи пойи ширин,

Хой-хойи нойи ширин!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ