07:46:36 26-уми Майи 2025 сол

НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР

Ориёиро, нигар, бинанд,

Ориёиро ҷигар бинанд!

Ҳамчунон ҳамреша донанд,

Ҳамчу ҷон ҳамреша донанд!

 

Кайф бошад, ҷӯраи ҷон,

Ориёӣ ҳамчу мо бинанд!

Ҳайф бошад, ҷӯраи ҷон,

Ориёӣ ҳам «чумо» бинанд!

 

Сабзу тар ҳай решаи ҷон,

Сабзу тар ҳай бешаи ҷон!

Ҳай, нигар тар бешаи ҷон,

Ҳай ҷигар дар бешаи ҷон!

 

Нозанинонаш дигар бошанд,

Нозанинонаш ҷигар бошанд!

Меканӣ банди ҷигар маст,

Мезанӣ банди ҷигармаст!

 

Мезанӣ банди дигар маст,

Меканӣ банди дигар маст!

Банди дасте мезанӣ маст,

Банди масте меканӣ маст!

 

Банди мӯе мекашӣ бӯ,

Банди ҳӯе мекашӣ бӯ!

Мекашӣ ҳай бӯш масте,

Мекашӣ ҳай мӯш масте!

 

Масти рӯе мешавие,

Масти мӯе мешавие,

Масти бӯе мешавие,

Масти ҳӯе мешавие!

 

Меравӣ сарҳӯй ҳар сӯ,

Меравӣ, дар -- ҳӯй ҳар сӯ!

Мезанӣ сар бар саре маст,

Мезанӣ бар дар баре маст!

 

Бар сари масте занӣ сар,

Дар бари масте занӣ бар!

Мезанӣ ҳай саркафида,

Мезанӣ ҳай баркафида!

 

Мекашӣ чоли кушода,

Мекашӣ боли кушода!

Меканӣ чоли кушода,

Меканӣ боли кушода!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ