НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР
Дида равшан аз ҳавои тар,
Сина равшан аз навои тар!
Аз ҳаво бӯ мекашӣ хуш,
Аз наво ҳӯ мекашӣ хуш!
Растаи сарви ҷавонаш,
Растаи сарви равонаш
Нозанин дорад ҷавонӣ,
Нозанин дорад равонӣ!
Нозанин сарви ҷавонаш,
Нозанин сарви равонаш
Мекунад масту ҷавонат,
Мекунад масту равонат!
Сарв дорад ҳай ҷавонӣ,
Сарв дорад ҳай равонӣ!
Хуш хироми нозанине,
Хушхироми нозанине!
Сарви нозаш кам набошад,
Сарви созаш хам набошад!
Ларзаи нозаш диловез,
Ларзаи созаш диловез!
Сарвро бин дар баландӣ,
Сарвро бин сарбаландӣ!
Дар баландӣ нозанине,
Сарбаландӣ нозанине!
Эй, нигар болои сарваш,
Эй, дигар болои сарваш!
Ҳо, аз ин боло надидӣ,
Нозанин боло надидӣ!
Меҳрубон дар беша борад,
Меҳрубон ҳар беша дорад!
Меҳрубон дар бешазор аст,
Меҳрубон дар беша зор аст!
Меҳрубонаш дар чаманзор,
Меҳрубонаш дар чаман зор!
Менавозад ҷони ширин,
Менавозад, ҷони ширин!
Бешаҳои дилбарияш,
Бешаҳои дилпарияш
Аз париён мезанад ҷӯш,
Аз париён меканад ҳуш!
Меҳрубонон бешуморанд,
Меҳрубонон мешуморанд
Ориёиро агар бинанд,
Ориёиро дигар бинанд!