21:35:57 25-уми Майи 2025 сол

НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР

Бар сари сози баландаш

Бар сари нози баландаш

Бӯсаборон мекунад хуршед,

Бӯса борон мекунад хуршед!

 

Бо санавбар меравӣ боло,

Бо санавбар медавӣ боло!

Сабз мегардӣ ба беша,

Сабз мегардӣ ҳамеша!

 

Осмонро мешакад сарваш,

Осмонро метакад сарваш!

Мешакад ҳай нозанинаш,

Метакад ҳай нозанинаш!

 

Гард резад - гарди афтоб,

Гард безад - гарди афтоб!

Гардрезӣ нозанине,

Гардбезӣ нозанине!

 

Беша дорад хуш ҳавое,

Беша борад хуш навое!

Хушҳавоӣ мекунад мастат,

Хушнавоӣ мекунад мастат!

 

Дилбарӣ дар бешаҳое,

Дилпарӣ дар бешаҳое --

Бешаҳои дилбарие,

Бешаҳои дилпарие!

 

Меравад арғушт беша,

Меравад чархушт беша

Дар ҳавои як ҳазор оҳанг,

Тар ҳавои як ҳазор оҳанг!

 

Руд мехонад суруди нозанин,

Руд медонад суруди нозанин!

Ҳай сурудаш мавҷ борад,

Ҳай сурудаш авҷ дорад!

 

Бӯйи хуш дорад ҳавояш,

Бӯйи хуш борад ҳавояш!

Мекашӣ хуш бӯй бӯяш,

Мекашӣ хушрӯй бӯяш!

 

Масти хушбӯ мешавӣ,

Масти хушрӯ мешавӣ!

Мешавӣ чун мо дигар маст,

Мешавӣ чун мо ҷигармаст!

 

Меравӣ бо ҳури сармаст,

Мешавӣ то Нури Сармаст!

Маст ҳури нозанине,

Маст Нури нозанине!

 

Мешавӣ ранги Забардаст,

Меравӣ ранги Забардаст

Ҳам рубоби маст бар даст,

Ҳам шароби маст бар даст!

 

Менавозад боз боронаш,

Менавозад соз боронаш!

Соз борон менавозад,

Ноз борон менавозад!

 

Сим-сими борон диловез,

Шим-шими борон диловез,

Шохборонаш диловез,

Шохсоронаш диловез!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ