18:31:57 25-уми Майи 2025 сол

НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР

Села-села силсила,

Ҳела-ҳела ҳилҳила!

Сила мехоҳӣ занӣ,

Сила мехоҳӣ канӣ!

 

Мезанӣ дар силсила,

Мезанӣ сарсилсила!

Меканӣ ҳар силсила,

Меканӣ тар силсила!

 

Сила месозӣ диловез,

Ҳила месозӣ диловез!

Дар бигирӣ дар алове,

Тар бигирӣ дар алове!

 

Ноз меборад саропо,

Соз меборад саропо,

Ноз мешорад саропо,

Ноз мефорад саропо!

 

Нозҳои нозанине,

Розҳои нозанине,

Созҳои нозанине,

Бозҳои нозанине!

 

Синаҳо -- сози сафед,

Синаҳо -- бози сафед,

Бози давлат -- синаҳо,

Нози давлат -- синаҳо!

 

Решаи андеша сабз аст,

Бешаи андеша сабз аст --

Решаи андешаи рус,

Бешаи андешаи рус!

 

Панҷа бар хокаш задасте

Решаи андешаи сабз!

Тоза месозад ҳаворо

Бешаи андешаи сабз!

 

Решаи сабзаш нахушкад,

Бешаи сабзаш нахушкад!

Бешаи рише набинӣ,

Решаи рише набинӣ!

 

Сарзаминаш мебарад ҳуш,

Тарзаминаш мебарад ҳуш,

Дар заминаш мепарад ҳуш,

Дар заминаш мечарад ҳуш!

 

Сарвҳое нозанин тар,

Сарвҳое нозанинтар,

Ҳай санавбарҳои хушбар,

Ҳай санавбарҳои ҳушбар!

 

Хушбариро дар санавбар бин,

Хушпариро дар санавбар бин,

Ҳушбариро дар санавбар бин,

Ҳушпариро дар санавбар бин!

 

Хуш тариро дар санавбар бин,

Хуштариро дар санавбар бин,

Хуш тарӣ дар сарви нозе,

Хуштарӣ дар сарви созе!

 

Сарв меёзад ба озодӣ,

Сарв менозад ба озодӣ!

Сарв меёзад баланде,

Сарв менозад баланде!

 

Сарв боло меравад хушрӯ,

Сарв боло медавад хушрӯ!

Сарв дорад сарбаландӣ соз,

Сарв дорад бар баландӣ ноз!

 

Сарви созаш нозанине,

Сарви нозаш нозанине!

Соз дорад нозанинӣ,

Ноз дорад нозанинӣ!

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ