НОМА БА УСТОД БОЗОР СОБИР
Мешавӣ масти тамошо,
Меравӣ масти тамошо!
Ҳай шакармасте шавие,
Найшакармасте шавие!
Галя мастат мекунад зӯр,
Галямастат мекунад зӯр!
Мепарӣ мастона бар бом,
Мепарӣ мастона ҳар бом!
Валя мастат мекунад сахт,
Валямастат мекунад сахт!
Мезанӣ мастона дар дом,
Меканӣ мастона ҳар дом!
Мезанӣ мастона чаҳ-чаҳ,
Мезанӣ мастона! Аҳ, аҳ!
Нозанин ҳастии ширин,
Нозанин мастии ширин!
Мешавӣ ҳамранги Сайёд,
Мешавӣ ҳамсанги Сайёд --
Пеши рӯйи меҳрубонон,
Пеши ҳӯйи меҳрубонон!
Ранги мӯйи меҳрубонон,
Ранги бӯйи меҳрубонон
Шеър мерезад парешон,
Шеър мехезад парешон!
Шеъри беандеша меборад,
Шеъри беандеша мешорад,
Шеъри беандеша мефорад,
Шеър бе андеша мефорад!
Мезанӣ дар осмон дигар қалам
Мезанӣ дар осмон дигар алам!
Ҷӯра, бад Бозори Собир мешавӣ,
Ҷӯра, бад Бозори шоир мешавӣ!
Хаёл мекунам, устод ба тоҷикӣ хеле чаҳ-чаҳа зад, каме ба русӣ ҳам чаҳ-чаҳа бизанад, кори хубе мекунад. Биравад лаби дарёи нозанини Волга. Базму бозии париёни чашмкабудро дар ин дарёи кабуди диловез тамошо кунаду бисарояд. Аз канори Енисей омадани маро 12 сол шуд. 12 сол боз он кайфият, ки худро ҳамчун шоир мебинӣ, аз ҷону тани хаёлам намеравад. Ормони як бори дигар ба он канори биҳиштӣ баргаштанро 12 сари сол аст, ки дили хунгаштаи ман мепарварад. Он ҷо ғариб наӣ, дар Ватани шеъри нозанину нозанинонӣ! Шоир, агар тавонад, ҷаҳонгардӣ кунад. Ҳазрати Ҳофиз ин ормонашро бо хештан бурд:
Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем!
Ҳамин кофист, ки устоди арҷмандро бо ин шеърпора дуо бидиҳем:
Рав фурӯ дар баҳрҳои каб-кабуд,
Рав фурӯ дар баҳрҳои заб кабуд --
Баҳри чашмони кабуди нозанин,
Дар лабони тар суруди нозанин!
Дар қиёмат ҳам дигар берун маё,
Ҳури дунё гар шавад гирюн, маё!
Сайёд ҒАФФОР, Шоири халқии «СССР»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/4007-2010-12-29-07-18-09.html
- << Қаблӣ
- Баъдӣ