01:06:11 02-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_talabsho-muqimov_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/14_talabsho-muqimov_2'

ТАЛАБШО МУҚИМОВ: «БА ТАНҚИД ОДАТ КАРДАМ»

Имрӯз, 14-уми сентябр, дар «Кохи Ҷомӣ» ду қисми дигари филми - «Беҳуда хорам мекунӣ» пешкаши тамошобинон мегардад. Мавриди зикр аст, ки ин филм аз қадамҳои нахустини Талабшо Муқимов, журналисти телевизиони «Сафина» дар ҷодаи синамо аст. Фасли аввали ин филм соли гузашта рӯйи навор омадаву сару садоҳои зиёдеро атрофи худ баланд карда буд. Бархе мегуфтанд, ки саҳнаҳои ин филм такрори саҳнаҳои ҳиндиву ӯзбекист ва ягон саҳнаи нав надорад. Баъзеи дигар мегуфтанд, ки аз ҷиҳати режиссура хароб асту ҳунармандон низ аз иҷрои нақши худ  набаромадаанд. Вале, бо вуҷуди ин филми «Беҳуда хорам мекунӣ», дар як муддати кутох дар байни чомеа маъруфият пайдо намуда, собит кард, ки дар бозор ба филми тоҷикӣ талабот хеле зиёд аст. Бояд зикр кард, ки филми мазкур аз ҳаёти намояндаҳои ду қишри ҷомеа қисса мекунад, ки аз олами ҳамдигар тамоман дуранд.

 

Хонаводаи доро, ки намехоҳад, писарашон бо духтари деҳқони деҳотӣ издивоҷ кунад ва духтараки деҳотие, ки арӯси оилаи шаҳрӣ мешаваду дар охир дар як ҳолати ногувор меафтад. Сафар Ҳақдодов, муаллифи сенарияи филми “Қиёми рӯз” мегӯяд ин ҷавонон истеъдод доранд, аммо як мушкили корашон ин аст, ки саҳнаҳои филмро ба  дарозо мекашанд. Муҳаммадҷони Шодӣ, коргардон ва ҳунарманди синамо мегӯяд, ҳарчи ҳам набошад, аз Талабшо ягон шоҳкорӣ талаб кардан худ аз мантиқ дур аст. Ӯ ҷавон аст ва агар кӯшиш кунад, ҳатман дар оянда муваффақ мешавад. Аммо баъди ин қадар танқидҳо Талабшо ин карат ба тамошобинон чӣ пешниҳод мекунад? Барои ба ин суол ва чанд суоли дигар посух гирифтан мо бо ӯ сӯҳбате оростем.

 

-Талабшо, фасли нави филм аз чӣ бобат қисса мекунад?

 

-Ин сир аст, касе огоҳ шудан мехоҳад, бегоҳ ба Кохи Ҷомӣ ба тамошо биёяд. Аммо бояд қайд кунам, ки ин фасли филм ҳамоно давоми қисмҳои 1-4 аст.

 

-Кисмҳои аввали филм аз тарафи мунаққидон бисёр танқид шуда буду онҳо мегуфтанд ин филм не, масхараи филм аст, аммо  чи Талабшоро маҷбур кард, ки онро давом бидиҳад?

 

-Ман аз танқид наметарсам, ба танқид одат кардам. Зеро бисёриҳо ҳатто аз барномаҳои “Паймон” ва “Мумтоз”- и ман, ки аз телевизиони “Сафина” пахш мешуд, садҳо айб меҷустанд. Ман ба танқиди нафаре кордор нестам. Ман корамро дӯст медорам ва танҳо барои тасаллӣ додани қалби худ кор мекунам.

 

Баъдан ба нафаре баҳо додан кори осон аст. Аммо кор кардан тамоман чизи дигар. Масалан, нафаре, ки филми маро танқид мекунад, худ филме ба навор гираду ба ман дар амал нишон бидиҳад, ки чӣ тавр бояд кор кард, баъд инро чун танқиди ҳақиқӣ метавон пазируфт.

 

-Инсон пеш аз оғози ҳар кор бояд аввал дар сар идея дошта бошад, идеяи филми Шумо чист?

 

-“Беҳуда хорам мекунӣ”- идеяҳои зиёдеро дар худ ҷой дода. Ҳар тамошобин аз он ба таври худ маънӣ мебардорад.

 

-Сарпарсти филм кист?

 

-Шукри Худо, ки имрӯз дар Тоҷикистон шахсони фарҳангдӯст бисёранд ва ман гумон мекунам, ҳар нафаре, ки дар даст филмномаи хуб дорад, кӯшиш кунад, албатта маблағгузор низ меёбад. Бояд қайд кунам, ки ин филм давоми 40 рӯз сабт шудаву шаш моҳи дигар машғули монтаж ва дубляжи овоз будем.

 

-Шумо худро муваффақ меҳисобед?

 

-Ҳанӯз дар ин бобат фикр накардаам. Ман ба хотири шӯҳрат ва ё ба хотири сарват филмбардорӣ намекунам. Ман барои он ба ин роҳ рафтам, ки ин касбро дӯст медораму бе он зиндагӣ карда наметавонам.

 

-Ба оянда чи нақшаҳо доред?

 

-Чанд филмномаи дигари омода дар даст дорам, аммо ба гумонам фардо, баъди анҷоми намоиш тасмими ҷиддӣ хоҳам гирифт.

 

-Хуб ташаккур барои сӯҳбати самимӣ.

 

Баҳманёр Муродов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3115---l---r.html

Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 18.12.2010 23:06
бисёрихо магуянд,ки ин саргузашти худи Талабшо мебошад!оё ин рост аст?
 
 
0 #4 Guest 21.11.2010 13:56
Салом акай Талабшо!!! Кисми 2-юми филми "Бехуда хорам мекуни" кай ба фуруш мебарояд???
 
 
0 #3 Guest 13.10.2010 18:12
Асалому алайкум бародари азиз мухтарам Талабшох Мукимов ман як мухлиси шумо шахрванди Точикистон донишчуй масковский гасударства универистет дар шахри Масква факултаи хукукшиноси мебошам бар акс не агар мисли шумо барин хамин хел шахси босавод як чандтаи дигар бошад бовар кунед точикистони азизи мо гул гул шукуфон мешавад яке аз давлатхои пеш кадами чахон бахисоб меравад шумо зик нашавед он нафароне, ки шуморо танкид кардиян онхо аз ухдаи хамин кор намебароянд аз бахилиашон хамин хел мегуянд чихеле ки як хикоя аст рубох ангуро гирифта натавонист гуфт холо напухтааст ино хам хамин хел бори дигар ташакури зиёд Талабшох барои ни филми хубат :-)
 
 
0 #2 Guest 15.09.2010 13:04
талобшох кай филми бехуда хорам мекуни кисми 2 ба фуруш мебарояд
 
 
0 #1 Guest 14.09.2010 17:00
Бисёр хуб Талабшо агар хами хели одами фархангдуста диди адреси мара бтеш))) мо дер боз утари одама интизорем)))
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854