06:18:52 09-уми Декабри 2023 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30      

Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?

Дирӯз, 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 200 чеҳраи илму адабу фарҳангу санъат, кормандони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ дод. Маълум кардем, ки киҳо ба унвонҳои халқӣ ва корманду ҳунарпешаи шоиста сазовор дониста шуданд.

khalqi va soista 6555454Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Абдуғаффор Абдуҷаббор - Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифтанд.

Имсол, танҳо як нафар унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро гирифт: Убайдулло Каромат.

Ҳамчунин, Моҳрухсор Сафиева, овозхони тоҷик ва Баҳром Қодиров, навозандаи тоҷик унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардидаанд.

Улмас Мирсаидов, ягона олими тоҷик унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Имсол, шумораи гирандагони ҳунарпеша ва ҳунарманди шоиста аз ҳисоби овозхон ва ҳунарпешаҳои ҷавон зиёдтар буд. Моҳпайкар Ёрова ва Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарпешаҳои шинотаи театру синамои тоҷик аз ҷумлаи оҳо буданд.

Ҳамчунин, аз овозхонони ҷавон, Нигина Амонқулова, Гуласал Пӯлодова, Дилноза Каримова, Фахриддини Малик, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Гулбаҳор Шокирова, Хуршед Иброҳимзода, Сироҷиддин Ҷӯраев, Акназар Аловатов, Ҷобиршо Хубоншоев ба унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дар маҷмуъ, 19 нафар унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро гирифтанд.

Бакормандоникасбукоригуногун, дармаҷмуъба 20 нафарунвониКормандишоистаиТоҷикистонтақдимшуд.

Аз ҷумла, Маҷид Салим, шоир ва рӯзноманигор, Дилафрӯз Амирзода, роҳбари телевизони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Субҳиддин Шамсиддинзода, роҳбари АМИТ “Ховар”, Шамсуддинзода Садриддин, роҳбари Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Набӣ Набизода, роҳбари телевизиони “Синамо” ба унвони Корманди шоиста мушарраф гирдаданд.

Ғайр аз ин, 2 нафар бо орденҳои “Спитамен” дараҷаҳои I ва II, 7 нафар - бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 25 нафар - бо медали “Ҷасорат”, 105 нафар - бо медали “Хизмати шоиста”, 7 нафар - бо медали “Шафқат” ва 11 нафар - бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд. Ба 15 нафар ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 тақдим шуд.

Asiaplustj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi