02:11:39 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қасри фарҳанги Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллоев гузошта шуд

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловиддин Абдуллоев, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли равон аз дунё даргузашт, гузошта шуд.

alovuddin abdulloev 4578454512Аз ҳукумтаи шаҳри Бохтар гуфтанд, қарори маҷлиси вакилони шаҳр дар ин хусус 7-уми декабр барои тасдиқ пешниҳод ва имрӯз, 27-уми декабр, қабул гардид.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллоев гузошта шудааст.

Муаллиф ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои сербинандаи телевизионии маъруфи "Шӯхиҳои Аловуддин" рӯзи 17-уми феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ дар шаҳри Бохтар даргузашт.

Ин ҳунарпешаи саршинос, бо барномаи "Шӯхиҳои Аловуддин", ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд, миёни ҷомеаи Тоҷикистон бисёр маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар довар, ровӣ ва муҷрӣ буд.

Аловуддин Абдуллоев 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзишаш унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар соли 2013 ба даст оварда буд.

Аловуддин Абдуллоев соли 1989 Донишкадаи ҳунар ва санъати Тоҷикистонро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз кардааст. Ӯ дар ин макон фарҳангӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият фаъолият намуда, чанд сол раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. 

Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Бозиҳои манфиатҷӯёна”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Аршин мол-олон”, “Лаку Пак”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Давлати Сомониён”, “Найрангҳои Скапен”, “Масал бигӯ, Эзоп” нақши марказиро бозидааст.

Ба ҷуз ин дар филмҳое чун “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Шоҳид” ва “Интихоби ман”, филмҳои телевизионии “Дар орзуи падар”, “Боғоч”, “Фарзандони бегона”, “Қарзи виҷдон”, силсилафилми “Хуррамдиёр” ва ғайра низ нақшҳои мондагоре офаридааст.

Ба ҷуз ин дар филмҳои бисёри мустанад ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон ҳам ҳузури пурранг дошт.

Муаллиф: Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi