18:06:32 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ХУШХАБАР!!! «АҲМАД ЗОҲИР САДОИ ИШҚ АСТУ ДИЛТАНГӢ» АЗ ЧОП БАРОМАД!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо бувад.

Чуноне, ки алоқамандони садои сеҳрангези Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ва берун аз он медонанд, падари раҳматии мо Султони Ҳамад, пеш аз ин китоб чанд китоби дигар дар бораи Алмоси Шарқ, Аҳмад Зоҳир навиштаанд.

                new booke ahmad zahir 2021Аз ҷумла соли 2005, «Аҳмад Зоҳир Султони қалбҳо» ва нашри дуввуми ҳамин китоб бо тағйиру иловаҳо соли 2012 нашр шуд. Соли 2007 «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» ва соли 2012 «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб»-ро барои нашр омода сохт ва пешкаши ҳаводорону мухлисони ин ситораи беғуруб гардонид. Бояд гуфт, ки на ҳамаи маводҳое, ки барои навиштани китобҳо гирдоварѝ шуда буданд, дар он китобҳо истифода шуданд.

                Азбаски маводҳо дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти гаронбаҳо доштанд, лозим донистем, ки ҳамаи онро ҷамьоварӣ карда, дар шакли китобе дастраси хонанда гардонем. Маводҳое, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, аз рӯи мазмуну муҳтаво, шаклу жанри навиштаашон мухталифанд. Аз ҳамин рӯ онҳоро дар ин китоб дар 5 - боб пешкаши хонандагон гардонидем.

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,

Дар синаҳои мардуми ориф, макони мост.

Боби якум. Боби якум хабару мақолаҳо дар бораи «Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Маъмулан, маводҳоеро ҷой дода шудаанд, ки ҳамагӣ дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти тоза медиҳад ва ё дар бораи афроде низ сухан меравад, ки рӯзгор ва осори онҳо низ ба Аҳмад Зоҳир робитаи зич дорад. Масалан, мақолаҳо дар бораи Зулфиқори Азиз - овозхони маъруф, шоири фақид - Ҷамшеди Раҳимзод, ки ашъораш моломол аз васфи Аҳмад Зоҳир аст.

Дар ҳамин боб мақолаҳо дар бораи Зоҳир Ҳувайдо - овозхони машҳур ва дӯсти Аҳмад Зоҳир, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз - оҳангсози машҳур, Ришод Зоҳир - фарзанди Аҳмад Зоҳир ва боз чанд тани дигар, ки бо зиндагии Аҳмад Зоҳир иртибот доранд рӯи чоп омадааст.

Барои мисол метавонем аз Манижа Давлатова - овозхони машҳури тоҷик ёдовар шавем. Манижа ба муаллифи китоб Султони Ҳамад ваъда дод, ки дар бораи таъсири Аҳмад Зоҳир дар рӯзгори овозхонияш ӯ мақолае нависад. Манижа ба ваъдаи худ вафо карда, мақолае низ навишт, ки бори аввал дар ҳамин китоб рӯи чоп хоҳад омад.

Боби дуввум: Боби дуввуми китоб «Мусоҳибаҳои Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Султони Ҳамад бо шахсиятҳое мусоҳиб шудааст, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ робитаи зичи эҷодӣ доштанд. Аз ҷумла, бо Забеҳуллоҳи Амонёр - дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир, бо Халили Роғиб - шореҳи мусиқии ТВ «Ориёнои Афғонистон», Абдуллоҳи Эътимодӣ, мусиқишинос ва оҳангсоз, Ҷӯрабек Муродов – Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Назрӣ – Ҳунарпеша ва донишманди мумтоз, дӯсти Аҳмад Зоҳир, шоира Меҳриниссо ва дигарон дохил мешаванд.

Боби саввум: Боби саввуми китоб «Мусоҳибаҳо бо Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» номгузорӣ шудааст. Дар ин боб мусоҳибаҳое ба нашр расиданд, ки рӯзноманигорони тоҷик, Хуршеди Атоуллоҳ, Валиҷон Баёнӣ, Зулолаи Нур оиди китобҳо ва умуман дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир саволу ҷавоб кардаанд.

Боби чаҳорум: Боби чаҳоруми китоб «Таҳияи осори дигарон» ном дорад. Дар ин боб маводҳое ба нашр расидаанд, ки муаллифонашон асосан журналистон ва нависандагони Афғонистон ҳастанд. Онҳоро аз рӯзномаҳо, солномаҳо ва китобҳои бо ҳуруфи форсӣ дар Афғонистон чопшуда, инчунин аз наворҳои радио ва телевизиони он кишвар таҳия намуда пешкаши хонандагон гардиданд.

Дар ҳамин китоб бори аввал шакли комили чаҳор мусоҳибае, ки журналистони Афғон бо шодравон Аҳмад Зоҳир дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш бо ӯ доир карданд, бо ишора ба нашрия, муаллифи мусоҳиба ва санаи нашр ба табъ мерасад.

Боби панҷум: Боби панҷум «Тақриз ва китобиёт» ном дорад. Дар ин боб тақризҳои ба китобу мақолаҳои дар мавзӯъи Аҳмад Зоҳир навиштаи Султони Ҳамад иншонамудаи профессор, доктори илмҳои филологӣ Олим Хуҷамуродов, Шоири халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, устод Назри Яздонӣ, мунақидони адабиётшинос номзадҳои илми филология Раҷабалӣ Худоёрзода, Ҷамолиддин Саидзода ва ғайра, инчунин мақолаҳои тақризии Султони Ҳамад оиди китобҳои дигар муаллифон, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар таълиф гардидаанд, ҷой дода шуданд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳаркӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Мутаассифона, дар ин китоб силсила мақолаҳои Султони Ҳамад таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», ки дар беш аз панҷоҳ шумораи ҳафтаномаи «Рӯзгор», солҳои 2013 – 2014 ба табъ расида буд, бо ду сабаб канор мондааст. Нахуст ҳаҷми китоб намегузошт. Сониян баъди таҳриру такмили силсила мақолаҳо маълум гардид, ки он ба як китоби чанд ҷилдае мубаддал шудааст. Хости Худо бошад, солҳои оянда ба нашр хоҳад расид.

Дар охир бори дигар таъкид мекунем, маводҳое, ки дар ин китоб гирд оварда шудаанд, аз рӯи мазмуну муҳтаво, шаклу жанри навиштаашон мухталифанд.

Дар ин китоб хонандаи закӣ маълумоти зиёдеро дар бораи аҳвол ва осори Аҳмад Зоҳир пайдо карда метавонад, ки дар китобҳои аз ин пеш дар бораи Аҳмад Зоҳир ба чоп расондаи муаллиф «Султони қалбҳо», «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ», «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» нахондааст. Баъзе аз ин матлабҳо бори аввал дар ҳамин китоб «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» ба нашр мерасанд.

Китоб барои доираи васеъи хонандагон, аз ҷумла мусиқишиносон, оҳангсозон, овозхонон ва алоқамандони мусиқии ноб пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкурро аксҳои нодири Аҳмад Зоҳир, пайвандон, алоқамандон, дӯстону мутрибонаш ва муаллифони китобу мақолаҳои дар он истифодашуда боз ҳам ҷолибтар кардааст.

Китобро метавонед аз мағозаҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе дастрас намоед. Маълумоти муфассал тариқи телефонӣ +992 907 73 33 75. Ба ҳама суолҳои Шумо дар мавриди китоби мазкур ҷавоб хоҳем дод...

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi